logo

иҷтимоиёт

РУШДИ МАҲАЛ. БА ОН ЧӢ ТАВР МЕТАВОН ДАСТ ЁФТ?

Аз ҳамовозии тамоми сокинони ҷумҳурӣ ба ташаббуси навбатии Сарвари давлат ҷиҳати эълон намудани солҳои 2019 - 2021 - ро ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пайдост, ки мардуми шарафманди тоҷик ин иқдоми шоистаро чун дигар ибтикороти созандаи Пешвои худ гарму самимӣ истиқбол намуда, онро дар рифоҳи зиндагӣ ва фардои боз ҳам дурахшони мамлакат амри зарурӣ мешуморанд.

Ин пешниҳоди муҳиму саривақтӣ дар ҳолест, ки солҳои охир дар низоми идоракунии маҳаллӣ муносибатҳои нави сиёсӣ ба вуҷуд омада, тавассути он шаҳрвандон ҳуқуқҳои худро дар сатҳи маҳал амалӣ месозанд. Дар ҳамоҳангсозии ин раванду падидаҳои комилан нав худидоракунӣ, худфаъолиятии ҷамъиятӣ, раванди ҷаҳонишавӣ ва амсоли инҳо, нақши деҳотро дар ташаккулу рушди сиёсати давлатӣ муассир мегардонанд. Аз ин рӯ, ҷиҳати дар сатҳи баланд амалӣ намудани ин иқдоми шоиста ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат оид ба рушди деҳот бояд ба нуктаҳои зерин таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.
Сиёсати идоракунии маҳаллӣ, ҳарчанд ҷузъи таркибӣ ва ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ ба шумор равад ҳам, вале бо он тавъам нест. Маҳал хусусияти ягонаи иқлимӣ, ҷуғрофӣ, анъанавӣ ва ғайра надошта, аз нигоҳи пешрафт, рушд ва муносибатҳои анъанавӣ фарқ мекунад. Чунин хусусият водор менамояд, ки ҳангоми ташаккули сиёсати маҳаллӣ он дар мадди аввал қарор гирад. Дар ин раванд хусусиятҳои хос ва объективии рушди маҳал бояд ба назар гирифта шаванд.
Сиёсати идоракунии самараноки маҳаллӣ дар сурате метавонад татбиқ гардад, ки агар иродаи мушаххаси сиёсӣ ва рушди муносибатҳои алоқаманд ба идоракунии маҳаллӣ ба сарчашмаи ягонаи умумӣ вобаста бошад. Бинобар ин, дар шароити муосири ислоҳоти идоракунии давлатӣ зарурат ба миён омадааст, ки низоми ягонаи сиёсии ислоҳоти идоракунӣ таҳия шуда, дар он комилан манфиатҳои миллӣ бо назардошти талаботи воқеии минтақаҳо ва афзалиятнокии болоравии сифатии сиёсати маҳаллӣ ва хизматрасониҳои онҳо инъикос карда шаванд.
Дар мустаҳкам гардондани натиҷаи ислоҳоти сиёсии идоракунии маҳаллӣ асосҳои ҳуқуқӣ меъёри муҳим ба шумор рафта, мутобиқатии раванди муносибатҳоро ба талаботи пешниҳодшаванда таъмин менамоянд. Дар робита ба ин, ҳолати мазкур тақозо менамояд, ки асосҳои ҳуқуқии сиёсати идоракунии маҳаллӣ ҳамеша аз муносибатҳои амалкунанда як қадам пеш бошанд. Бо назардошти ин, асосҳои ҳуқуқии сиёсати идоракунии маҳаллиро бояд такмил дода, дар он таваҷҷуҳи асосӣ ба паҳлуҳои сиёсии масъала зоҳир карда шавад.
Сунатулло АНВАРЗОДА,
коршиноси масоили сиёсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.01.2019    №: 25    Мутолиа карданд: 698

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед