logo

иқтисод

РАШТ. ҲАДАФ - ИСТИҚБОЛИ САЗОВОРИ ҶАШНИ БУЗУРГИ МИЛЛӢ

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо мардуми ноҳияи Рашт низ дар ҳама соҳаҳо корҳои омодагиро вусъат бахшидаанд. Қомат афрохтани иншооти хуштарҳу замонавии таъйиноти гуногун, бунёди роҳу пулҳо ва боғу гулгаштҳо, ба ин восита таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Тавре раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаноатшо Лоиқзода иттилоъ дод, имрӯзҳо дар саросари ноҳия раванди  корҳои бунёдкорӣ бо маром идома дошта, нисбат ба солҳои пешин таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти худӣ ва вазъи бозори истеъмолӣ беҳтар гардидааст.
Бо мақсади истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иборат аз 165 банд таҳия ва тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад.
Тибқи нақша,  то ин ҷашни муҳими таърихӣ иҷро намудани корҳои зиёди ободонию бунёдкорӣ, аз қабили сохтмони биноҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ, бунёди роҳу пулҳо, лоиҳаҳои обтаъминкунӣ, васеъ намудани майдонҳои кишти зироатҳо ва  бунёди боғу гулгаштҳо дар назар аст.
Солҳои охир дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми соҳибкорони ноҳия назаррас буда, дар ин ҷода ҳамкории сохторҳои давлатӣ бо сектори хусусӣ хеле фаъол гардидааст. Аз ҳисоби бахши хусусӣ ва соҳибкорон бунёд намудани 13 бинои нави таълимӣ, 1 мактаби хусусӣ ва 1 боғчаи бачагона, 2 бунгоҳи тиббӣ ва 1 беморхонаи хусусӣ, 23 марказу маҷмааи хизматрасонӣ, 20 толору майдончаи варзиш, 13 корхонаи истеҳсолӣ, 9 чоҳи амудӣ, 4 хати оби нӯшоӣ, 4 китобхона, 2 км хати баландшиддати интиқоли барқ, дарвозаи даромадгоҳи ноҳия, таъмиру барқарорсозӣ ва мумфарш намудани 154 км роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин барқарорсозии 3 канали обёрикунанда,  ба нақша гирифта шудааст.
Ҳоло дар 45 иншоот корҳои сохтмону ободонӣ идома дошта, дар ҳаҷми зиёда аз 32 миллиону 500 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро шудаанд. Аз ҳисоби соҳибкорон ва бахши хусусӣ дар 25 иншоот зиёда аз 20 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида, аз ҷумла 1 бинои таълимӣ ва 14 синфхонаи иловагӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 1 беморхонаи хусусӣ, 7 чоҳи амудӣ, 6 км хати оби нӯшоӣ, 2 км хати баландшиддати интиқоли барқ, 2 маркази савдову хизматрасонӣ сохта, наздики 50 км роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мумфарш карда шуданд.
Рашт ноҳияи аграрист ва иқлими ноҳия барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус картошка, тараққӣ додани соҳаи боғдорӣ, парвариши себу нокҳои хуштаъм  ва рушди чорводорӣ басо мувофиқ  мебошад.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ бо нархҳои ҷорӣ 431 миллиону 35 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 7 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот афзуда, истеҳсоли ғалладона 5860, зироатҳои техникӣ  805, мева 18 ҳазору 18 ва захираи хошоки дурушт 81 ҳазору 160 тоннаро  ташкил дод.
Дар ноҳия 113 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла  26 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 24 муассисаи таҳсилоти  умумии  асосӣ, 62 муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумӣ ва 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ фаъолият доранд.
Дар соли хониши 2017 - 2018 аз шумораи умумии хатмкунандагон наздики 100 нафар духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дохил гардиданд. Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатии ноҳия  барои  мустаҳкам  намудани  заминаҳои моддию таълимии  муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи умумӣ ва  фарогирии хонандагон ба таҳсил пайваста  ғамхорӣ менамояд.
Ҳоло сохтмони  биноҳои  нави таълимӣ дар назди  муассисаҳои таълимии №№ 3, 10 , 16 идома дошта, бинои нави таълимӣ дар назди муассисаи таълимии № 37 мавриди  истифодабарӣ қарор гирифт. Дар назди МТМУ № 28 низ сохтмони 5 синфхонаи иловагӣ ба анҷом расид.
Фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ низ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Дар 6 муассисаи нигоҳдории тандурустӣ давоми сол 5104 нафар сокинони ноҳия саломатии худро барқарор намуданд. Ҳамчунин, ба аҳолии ноҳия як маркази саломатии ноҳиявӣ, 19 маркази саломатии деҳот ва 49 бунгоҳи тиббӣ хизмат мерасонад.
- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар соли 2019 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор дода, бо истифода аз неруи созандаи мардуми шарифи диёр ва захираву  имкониятҳои мавҷуда баҳри сазовор ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Ҷашни  30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум талош меварзанд, - гуфт раиси ноҳия.
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.01.2019    №: 25    Мутолиа карданд: 758
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед