logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН. АЗ РУШДИ ТАФАККУРИ МИЛЛӢ ТО РУШДИ ДЕҲОТ

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои минбаъда муайян гардид. Дар ин ҳуҷҷати барномавӣ дар радифи масоили иқтисодиву иҷтимоӣ, масъалаи инкишофи шахсият ва рушди тафаккури миллӣ аҳамияти махсусро дорост, ки он барои ҳифзи мероси фарҳангии ниёгон ва рушду такомули он дар замони бархӯрди тамаддунҳо хеле муҳим мебошад.
Мусаллам аст, ки дар давраҳои муайяни таърихӣ ба арзишҳои маънавии халқи тоҷик кам эътибор дода мешуд. Ҷашнҳои суннатӣ ва анъанаҳои миллӣ - чун ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон, санъати шашмақомхонию фалаксароӣ, адрасу атласбофӣ, чакандӯзию сӯзанидӯзӣ дар ҳошия қарор доштанд. Ҳоло дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин арзишҳои миллӣ эҳё гардида, қисмате аз мероси фарҳангии тоҷикон ба феҳристи ЮНЕСКО шомил шуданд, ки боиси ифтихори ҳар нафари худшиносу меҳанпараст аст.
Пешвои муаззами миллат дар идомаи ташаббусҳои созандаву иқдомоти наҷиби худ зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо мақсади рушди инфрасохтори деҳот солҳои 2019 - 2021 - ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд, ки дар ҷомеа ҳамовозии амиқ пайдо намуд. Сокинони шарафманди мамлакат ин ташаббуси навбатии Сарвари давлатро амри заруриву саривақтӣ шинохтанд. Зеро, аксаран, дар деҳот кору зиндагӣ мекунанд ва бисёре аз меросҳои фарҳангию ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот маҳфузанд.
Ҳоло зарур аст, ки барои татбиқи ин иқдоми Пешвои миллат кулли мардум даст ба кор шаванд. Зимнан, барои омӯзиши таъриху фарҳанги воло ва тарғиби арзишҳои маънавӣ дар зеҳну шуури насли наврас зарур аст, ки таълиму тадрисро шурӯъ аз боғчаву кӯдакистонҳо то ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиву олии касбӣ таҳким бахшид. Барои амалӣ шудани ҳадафҳои пешбинишуда маҳфилҳои омӯзишии ҳунарҳои мардумиро дар сохторҳои марбутаи маориф зиёд намудан ба мақсад мувофиқ аст.
Аз нишондодҳои Паёми раҳнамунсози Президенти маҳбуби кишвар бармеояд, ки дар 3 соли минбаъда бо роҳи сохтани объектҳои нави иҷтимоӣ симои деҳаҳо дигаргун мешаванд ва шароити зиндагии мардуми деҳот боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Раҳмон ҚОЗИЕВ,
ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.02.2019    №: 26    Мутолиа карданд: 293
26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед