logo

иҷтимоиёт

ДЕҲОТ. МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО

Мақсади асосии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз эълон намудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ амалӣ гардондани талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ бо роҳи беҳтар кардани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби нӯшоӣ, бунёд ва таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин восита боз ҳам баланд бардоштани некуаҳволии мардум мебошад.
Рушди босуботи деҳот дар шароити муосири Тоҷикистон раванди ҳадафмандонаи пешрафти иқтисоди миллӣ ва афзоиши сармояи инсонии (интеллектуалии) ҷамоаҳои деҳот ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд арзишҳои экологӣ, аз ҷумла истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, таъмини бехатарии технологияҳо ва озуқаворӣ, устуворӣ ва самаранокии такрористеҳсолнамоӣ, ҷалби сармоя ба деҳот, идоракунии самараноки ҳудуди деҳот, таъмини захираҳои молиявӣ ва механизмҳо барои муваффақшавӣ ба худрушдкунии деҳа таваҷҷуҳи бештарро тақозо менамоянд. Дар аксари кишварҳои мутараққӣ, назири Олмон, Дания, ИМА, Австрия, Белгия раванди табиии ободгардонӣ ва рушди деҳот аз ҳисоби саҳми аҳолии деҳот ҷараён мегирад. Аммо ин масъала дар кишвари мо моҳиятан дар дигар сатҳу дараҷа қарор дорад ва миқдорану сифатан фарқ мекунад.
Хушбахтона, дар ҷумҳурӣ қишри аҳолии ҷавони фаъол вобаста ба пешрафти технологияи инноватсионӣ рушд карда, дарозумрии мардону занон низ зиёд шуда истодааст. Дар деҳаҳо нуқтаҳои маскунии камаҳолӣ бештаранд. Афзоиши теъдоди деҳаҳои нав, бунёд ва барқароршавии деҳаҳо ва мутобиқ ба ин - афзоиши аҳолӣ ба афзоиши деҳаҳои хурд (то 10 оилаю хоҷагӣ) оварда мерасонад. Қисмати муайяни аҳолии қобилияти меҳнати чунин деҳаҳо сарчашмаи доимии даромад дошта наметавонанд. Хоҷагиҳои ёрирасон вобаста ба рушд накардани кооператсия ва бозори фурӯши маҳсулот ба аҳолии деҳот камтар даромад меоранд. Муҳимтар ин аст, ки танзими давлатии истеҳсоли аз ҷиҳати экологӣ тозаи маҳсулот дар низоми кишоварзӣ ба роҳ монда шавад. 
Ҳамин тариқ, ҳудудҳои деҳот ҷаззобияти зиёд барои зисту зиндагӣ вобаста ба экологияи тоза нисбат ба шаҳр доранд. Зимни роҳандозии тадбирҳои танзими давлатӣ ба дараҷаи баланди сифати зисти аҳолии деҳот муваффақ гардидан имконпазир аст.
Дар қатори дигар тадбирҳо барои таъмини рушди босуботи деҳот ба рушди корхонаҳои хурди истеҳсолию коркард тавассути неруи соҳибкорон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таваҷҷуҳи бештар равона кардан зарур аст.
Деҳот ва масоили марбут ба он бо рушди босуботи иқтисодӣ, ҳамчунин, проблемаҳои дигари иҷтимоӣ, демографӣ, фарҳангӣ тадриҷан ҳалли худро меёбанд.
Ҷумъахон АЛИМӢ,
Арафамо ДАМИНЗОД,
устодони ДДК ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.02.2019    №: 26    Мутолиа карданд: 267
01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед