иҷтимоиёт
ТАНӮРСОЗ
Умар Тағоев, сокини деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара, бо ҳунари танӯрсозию чӯбтарошӣ машҳур аст. Беш аз 30 шогирд тарбия намудааст.
Умар Тағоев иброз дошт, ки лойи танӯрро аз гили сурхранги махсуси ширадор омода мекунанд. Яке аз амалҳои муҳими танӯрсозӣ бо по «сум задан» - и лой аст, то ки ҳавои дохилаш берун шавад ва лой шакли яклухти часпакро гирад.
Баъд аз шинондани танӯр ба даруни он ҳезумреза гузошта, оташ мезананд. Оташ бояд бо алангаи паст як шабонарӯз сӯзад. Чун гилу андоваи болои танӯр хушк шуд, даҳ соат беист бояд оташ афрӯзем. Дар натиҷа, девораҳои танӯр сурх шуда, ба сафол табдил хоҳад ёфт. Танӯр вобаста ба сифат, маҳорати усто ва тарзи истифода бурданаш то 15 - 20 сол хизмат мекунад.
Маҳз тавассути танӯр нону фатирҳои гарму болаззат, самбӯсаву суманаки хушмазаи танӯрӣ, анвои дигари гуногуни маҳсулоти нонӣ омода шуда, хони ҳар тоҷикро зеб медиҳанд. Заҳмати танӯрсозон аст, ки аз ҳар хонадон имрӯз бӯи нони гарм меояд ва дастархони мардум пурфайз аст.
Усто Умар бо ҷидду ҷаҳд баҳри таҳким ва рушд бахшидани ҳунарҳои мардумӣ, ки ҷузъи муҳими фарҳанги миллист, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.02.2019 №: 26 Мутолиа карданд: 772