logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Чен Тсзинхе

21 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  раиси ширкати Зиҷинг Майнинги Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Тсзинхеро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаи саноати кӯҳӣ, аз ҷумла истихроҷи тилло ва дигар металлҳои қиматбаҳо баррасӣ шуданд.

Чен Тсзинхе ба Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолияти ширкати муштараки Зарафшон, ки аз ҷониби Тоҷикистон ва ширкати Зиҷинг Майнинги Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис ёфтааст, гузориш дода, аз ҷумла таъкид дошт, ки соли равон ҳаҷми истихроҷи тилло аз кони Тарор ба 800 килограмм мерасад ва дар давоми 3 соли оянда ин нишондод бояд ба 4-5 тонна расонда шавад. Тибқи иттилои ӯ аллакай соли 2010 бояд ҳаҷми истихроҷи тилло ба якуним тонна расад.
Иттилоъ дода шуд, ки ширкати Зиҷинг Майнинг барои муҳайё намудани шароити хуби корӣ бо технологияи муосири истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ дар ширкати муштараки Зарафшон то имрӯз беш  аз 100 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намудааст ва нақша дорад, ки минбаъд ҳаҷми сармоягузорӣ ва истихроҷи маъданҳоро афзуда, ба рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидати фаъол намояд.
Таъкид гардид, ки бо зиёд шудани ҳаҷми кор шумораи коргарон низ афзун  мешавад. Айни ҳол дар ин корхона наздики 1500 нафар коргару мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошад.
Зикр гашт, ки ширкати Зиҷинг Майнинги Ҷумҳурии Мардумии Чин тасмим дорад дар истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ аз дигар конҳои Тоҷикистон низ ширкати фаъол дошта бошад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки саҳми ширкати Зиҷинг Майнинги Ҷумҳурии Мардумии Чин бояд дар ворид намудани технологияҳои муосир ва омӯзишу омодасозии кадрҳои маҳаллӣ ҳам намоён бошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 514

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед