logo

иҷтимоиёт

ЛАХШ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР ХОҲАД БУД

Дар ноҳияи Лахш аз 136  иншооти дар доираи нақшаи омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдшаванда соли гузашта сохтмони 40 иншоот ба анҷом расонда шуд. Иншооти дигар давоми солҳои 2019 - 2021 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни бузурги миллӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  дар байни аҳолӣ тарғибу ташвиқи васеи моҳияти истиқлолият ва озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва арзишҳои миллиро тақвият медиҳанд. Айни  ҳол  бунёди  иншооти   гуногуни  таъйиноти соҳаҳои  маорифу тандурустӣ, фарҳанг, иҷтимоӣ, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардондани маҳали зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо, корҳои таъмиру ободонӣ дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вусъат ёфтааст.
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Хуршед Икромов  зимни суҳбат иттилоъ дод, ки давоми соли равон дар ҳудуди ноҳия сохтмон ва таъмиру барқарорсозии  26 иншооти таъйиноти гуногун ба  нақша гирифта шудааст.
Соли гузашта бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди шабакаи равшаннамоии маркази ноҳия ба маблағи 941,9 ҳазор сомонӣ ба анҷом расид.
Аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмиру барқарорсозии пули мошингузари Ҷамоати деҳоти Сартало аз болои дарёи Сурхоб ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозӣ иҷро гардиданд. 
Нақшаи генералии шаҳраки “Ваҳдат” - и ноҳия аз тарафи ҶСК «Нурофар» таҳия  ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардид. Ҷудо кардани қитъаҳои замин ва амалӣ намудани сохтмони биною иншооти гуногун дар доираи нақшаи генералӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба шаҳрсозӣ дар маркази шаҳраки “Ваҳдат” амалӣ шуда, шаҳраки нав тадриҷан ҳусни тоза мегирад.
Айни замон сокинони заҳматпешаи ноҳия барои татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати истиқболи  сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош намуда, корҳои ободонию бунёдкориро вусъат мебахшанд.
Дилшод АМИРОВ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.02.2019    №: 28    Мутолиа карданд: 273
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед