logo

иҷтимоиёт

ҚАРЗ. НИГАРОНӢ АЗ ФОИЗҲОИ БАЛАНД

Бо мақсади тақвияти соҳибкории хурду миёна, дарёфти роҳҳои ҳалли  масоили дастрасӣ ба маблағ, тарҳрезӣ ва амалисозии барномаҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар тарабхонаи «Кохи Малика» - и шаҳри Бохтар бо иштироки намояндагони сохторҳои масъул, БАТР,  ширкатҳои хурду миёнаи тиҷоратии  ташкилотҳои байналмилалӣ, маҳаллӣ ва ассотсиатсияҳои сармоягузорӣ, соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳои тиҷоратӣ  «Рӯзи  дарҳои кушода» баргузор гардид.
Нахуст муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов аҳли ҳамоишро бо масоили баррасишаванда шинос  намуда, аз намояндагии бонк барои баргузор кардани чунин чорабинии муфид ва бамаврид изҳори сипос намуд. Зикр гардид, ки Тоҷикистон ҳамкориро бо ин бонки бонуфузи ҷаҳонӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ оғоз намуда, дар ҳамкорӣ як қатор лоиҳаҳоро амалӣ намудааст. Дар вилоят, хусусан ноҳияҳои ҷанубӣ, дар заминаи ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд лоиҳаҳои барқарорсозии шабакаҳои обу корез, таъмини корхонаҳои  фаръии давлатии хоҷагии манзилию коммуналӣ бо техника ва дигар воситаҳо амалӣ гардидаанд. Ҳамчунин, дар доираи ҳамкориҳо барои дастрасии 39 нақлиёти мусофирбар тендер ба нақша гирифта шуда, 46 лоиҳаи қарзӣ пешниҳод  гардидааст. Аз лоиҳаҳои пешниҳодшуда ҳамагӣ 6 лоиҳа дастгирӣ ёфтааст, ки ин  нишондиҳанда ниҳоят кам мебошад. Аз ин лиҳоз, муовини раиси вилоят ба намояндагии бонк пешниҳод намуд, ки бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна ва таҳияи лоиҳаҳо дар вилоят маркази машваратӣ таъсис дода шавад. Аз соҳибкорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар пешниҳоди лоиҳаҳо таваҷҷуҳи  асосиро ба саноатикунонии мамлакат, ки ҳадафи чоруми стратегӣ маҳсуб меёбад, равона намоянд.
Сипас, Айтен Рустамова, роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва  рушд дар Тоҷикистон, аҳли ҳамоишро бо фаъолият ва имкониятҳои бонк шинос намуда, оид ба як қатор лоиҳаҳо, ки то ин муддат дар ҳудуди Тоҷикистон бо маблағгузории бонк  амалӣ гардидаанд, маълумот дод. Доир ба натиҷаи лоиҳаҳои татбиқгашта роликҳо ба намоиш гузошта шуданд. Зикр гардид, ки намояндагии БАТР дар Тоҷикистон ҳадаф дорад, ки  бо мақсади тақвияти соҳибкории хурду миёна  доираи ҳамкориро бо ширкатҳои тиҷоратӣ васеъ намояд ва ба соҳибкорони ба дастгирии молиявӣ ва машваратӣ ниёздошта кумак намуда, дар ин замина дар амалишавии ҳадафҳои рушд саҳмгузор бошад.
Дар ҳамоиш, ҳамчунин, шарикони боэътимоди БАТР,  намояндагии  Бонки аввалини молиявии хурд дар шаҳри Бохтар ва Бонки "Эсхата" оид ба фаъолияти худ дар самти ҳамкорӣ ва амалисозии лоиҳаҳо, маблағгузорӣ ва дастгирии соҳибкорон, пешниҳоди қарз барои рушди  соҳибкории хурду миёна, сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва расондани хизмати шаффоф  ба мизоҷон пешниҳодҳо намуданд.
Дар радифи дигар масоили баррасишуда, оид ба истифодаи пурсамари марказҳои машваратӣ низ маълумот дода шуд. Ситора Бобоҷонова, менеҷери пешбарандаи маркази машваратии Бонки аврупоии таҷдид  ва рушд, истифода аз хизматрасонии ширкати машваратиро дар рушди  соҳибкории хурду миёна бамаврид шумурд.
Тавре гуфта шуд, гурӯҳи дастгирии соҳибкории хурди Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон воситаи пурсамарест барои мусоидат ба рушди соҳибкории хурду миёна, расондани кумак ба ширкатҳо ва мутобиқшавӣ ба талаботи бозори муосир.
Иштирокчиёни ҳамоиш ба суолҳои сершумори  худ аз ҷониби намояндагии БАТР дар Тоҷикистон ва дигар шарикони боэътимоди  онҳо посухҳои қаноатбахш гирифтанд. Аксари соҳибкорон аз зиёд будани фоизҳои  қарзӣ изҳори нигаронӣ карданд. Аз намояндагии Бонки миллӣ дар вилояти Хатлон дархост шуд, ки фоизгузориро ба маблағҳои қарзӣ дар бонкҳо таҳти назорат қарор диҳад. 
Дар интиҳо пешниҳод шуд, ки дар маркази вилоят намояндагии маркази машваратӣ оид ба дастгирии соҳибкорон таъсис дода шавад.  
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2019    №: 29    Мутолиа карданд: 320
26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед