Хабарҳо
КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ ШӮРОИ ДИФОЪ ТАЪСИС МЕДИҲАД
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов аз соли 2020 шӯрои дифои рисолаҳои илмӣ ба фаъолият мепардозад.
Нуктаи мазкурро дар нишасти матбуотии ин муассиса дотсент Саъдулло Каримов иброз намуд. Бино ба гуфтаи ӯ, дар самти мусиқии касбӣ докторҳои илмӣ камтар буданд ва норасоии имкониятҳои молиявӣ ба таъсиси шӯрои мазкур монеъ мешуданд.
- Ҳоло мо заминаҳои ташкили шӯроро гузоштем ва аз соли оянда он ба кор оғоз мекунад. Барои пешбурди ин кор се олими унвондорро аз Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷалб кардем, - гуфт С. Каримов.
Равобити хориҷии муассиса низ рушд кард. Аз ҷумла, роҳбарияти Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба консерватория ташриф оварда, ба сатҳу касбияти ҳунармандони тоҷик баҳои баланд гузоштанд. Ҳамчунин, чор омӯзгори муассиса Хуршед Иброҳимзода, Тоҳир Ҷӯраев, Сироҷиддин Ҷӯраев ва Ҷамшед Эргашев бо намунаҳои мусиқии "Шашмақом" дар Форуми якуми байналмилалии «Мақом» дар шаҳри Шаҳрисабзи Ӯзбекистон соҳиби Шоҳҷоиза гардиданд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 72