Хабарҳо
КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард
Соли сипаришуда дар ҳудуди кишвар 167 ҳодисаи фавқулодаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шудааст. Аз ин 23 ҳолат, аз ҷумла омадани сел, раъду барқ, хушксолӣ, сангрезиш, боди шадид ва заҳролудшавӣ ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари моддӣ расондааст.
Дар ин бора Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра бар асари офатҳои табиат дар ҷумҳурӣ 50 хонаи истиқоматӣ зарар дид, ки 29 хона пурра ва 21 хона қисман вайрон гардид. Ҳаҷми зарар зиёда аз 34 миллион сомониро ташкил дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 289