Хабарҳо
КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад
Соли 2018 аз тарафи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон студияи сабти сайёри «Телевизиони Тоҷикистон» дар формати пахши дақиқияташ баланди HD пурра аз нав карда шуд.
Ин нуктаро раиси Кумитаи телевизион ва радио Маҳмадсаид Шоҳиён дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Дар баробари ин, соли гузашта телевизионҳои «Баҳористон», «Телевизиони Суғд» ва аввали соли равон Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» ба формати HD гузаштанд.
Кумита ҷиҳати бо сифати баланд ва бидуни халалҳои техникӣ пахш намудани барномаҳои телевизион ва радиоҳои давлатӣ пахши онҳоро тариқи 2 моҳвора – Yahsat 1 A df NSS 12 ба роҳ монд.
Охири соли 2018 телевизиони бисёршабакавии «Мавҷи Сомон» ба фаъолият пардохт, ки дар асоси шартнома 48 шабакаи телевизионӣ дастраси аҳолӣ мегардад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 86