logo

фарҳанг

ХАТ - НИШОНИ ФАЗИЛАТУ ҲУНАР

Забон оинаи миллат ва давлату давлатдорӣ аст. Бояд ёдовар шуд, ки ниёгони пурифтихор ва нобиғаҳои илму адабамон дар масири таърих баҳри рушду нумӯ ва пояндагиву ҷовидонии забони миллат фидокориҳову ҷонбозиҳои бемисл карданд. Забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои дунё маҳсуб гашта, дар тӯли ҳастии хеш асолату фасоҳат ва балоғати худро боз ҳам сайқалу бозтоб додааст. Ба ин каломи дилнишину шаҳдбори тоҷикӣ, беҳтарин осори адабиёти ахлоқӣ ва динию ирфонии олимону донишмандон ва шоирони забардаст иншо шудааст. Шахси оқилу фарзона дар асоси дастуру андешаҳои ҳакимонаи гузаштагон ҳама гуна низову пархош, муносибату муомилаи инсонӣ, норозигию нофаҳмиҳоро тавассути сухани волою дармонбахш ба созишу мусолиҳа меорад.

Корҳо рост кунад оқили комил ба сухан,
Ки ба сад лашкари ҷаррор муяссар нашавад.

Аз ин ҷиҳат ҳалимиву хоксории одамӣ аз суханрониву каломаш ҳувайдо аст, ки натиҷаи он таваҷҷуҳ ба илму дониш ва рӯ овардан ба китоб мебошад. Гиромиву эҳтиром ва арҷгузорӣ ба китобҳои муътабар ва ашъори оламгир аз суннати ниёгони мост. Осори гаронмояи ахлоқ ва асарҳои безавол тавассути хат ва нигоришҳои зебову хоно то замони мо маҳфуз мондаанд. Ниёгони мо бештар ба хат, хаттотию хушнависӣ низ диққати хосса медоданд, чунки дар он замонҳо илму донишро ба воситаи шахсони зебонавис ва хушхат ба наслҳои оянда ба мерос мегузоштанд. Хаттотиву хушнависӣ то оғози асри 20 - ум ҳамчун ҳунар қадрдонӣ шуда, шахсони чунин маҳоратдошта дар ҷомеа мақому манзалат доштанд.
Дар баробари ин, ғалатнависиҳо ва бад навиштан аз бефарҳангию бедонишӣ дарак медиҳад. Агар хат зебою хоно бошад, аз нигоҳи равонию рӯҳӣ ба кӯдакон таъсири мусбат мерасонад  ва қувваи босираро беҳбудӣ бахшида, чашмро боз ҳам нуронитару равшан месозад:

Мефизояд нури чашми одамӣ аз ҳашт чиз,
Гар муяссар мешавад дар вай назар кун ҳар замон.
Дар зару дар Мусҳафу шайхи кабиру шоҳи аср.
Рӯйи хубу хатти хубу сабзаю оби равон.

Шоири тавоною барӯманди форсу тоҷик Носири Хусрав низ дар таълимоташ роҳу усулҳои донишомӯзиро ҷустуҷӯву дарёфт карда, ба толибилмон дастурҳои судманд додааст.
Дар баъзе маврид, аҳли илму адаб ҳусни хатро аз ҳусни инсон болотар гузошта, маҳорати зебоинависӣ ва хати хубро ба моҳи мунаввар шабеҳ мекунанд, ки он ба инсон таровату зебоӣ мебахшад.

Ҳусни хат беҳ зи ҳусни дилдор аст,
Ҳамчу моҳе, ки дар шаби тор аст.

Аз ин рӯ, устодону муаллимонро зарур аст, ки дар ҳусни хату хушнависӣ ба шогирдон намунаи ибрату омӯзиш бошанд.
Файзулло АБДУРАҲИМОВ, омӯзгор, ноҳияи Носири Хусрав


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.02.2019    №: 30    Мутолиа карданд: 168

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед