logo

Хабарҳо

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

Дар нишасти матбуотии роҳбарияти раёсати минтақавии гумрук дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта гумрукчиёни вилоят ба қисми даромади буҷети ҷумҳурӣ 16,9 миллион сомонӣ ворид намуданд, ки нисбат  ба соли пешӣ 4,6 миллион бештар аст.
Амир Гурминҷов, сарнозири бахши таҳлил ва омори раёсат, зикр намуд, ки 65 дарсади маблағи умумии воридотро молҳои тариқи имтиёзнок барасмиятдаровардашуда ташкил медиҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта аз тарафи нозирони дидбонгоҳи гумрукии “Кулма” 5303 декларатсияи транзити дохилӣ ба маблағи 187,6 миллион доллари ИМА дар ҳаҷми 164 ҳазор тонна ба расмияти гумрукӣ дароварда шуд. Аз шумораи умумии декларатсияҳои транзити дохилӣ 95 дарсадашон ба шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ирсол дода, 5 дарсадашон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон ба расмияти гумрукӣ дароварда шуданд. Дар ин давра тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии раёсат 6887 воситаи нақлиёти боркаш ворид шуд, ки  нисбат ба соли пешӣ  1203 адад  зиёд мебошад.
 Дар самти барасмиятдарории мол ва воситаҳои нақлиёт воҳидҳои тобеи раёсат дар давоми сол 941 декларатсияи бори гумрукро ба қайд гирифтаанд, ки нисбат ба соли пешӣ 18 адад зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ сарҳади гумрукии вилоятро қариб 35400 шаҳрванд убур намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки воҳидҳои тобеи раёсат 95 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи гумрукро ба қайд гирифтаанд. Аз рӯи 90 ҳолат нисбат ба шахсони воқеӣ ва дар 5 ҳолат нисбат ба шахсони мансабдор парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва баррасӣ гардиданд. Аз шахсони ба ҷавобгарӣ кашидашуда 52130 сомонӣ ҷарима ситонда шуд.
Раҳмони  ГУЛЗОР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 130

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед