Хабарҳо
КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад
- Соли гузашта 1 миллиону 155 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба кишвар ташриф овард, ки нисбат ба солҳои қаблӣ бамаротиб зиёд аст. Шумораи сайёҳони дохилӣ 751 ҳазорро ташкил дод, ки онҳо бештар аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, зиёратию табобатӣ ва санаторию курортӣ дидан намуданд, - иброз дошт зимни нишастӣ матбуотӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода.
Қайд гардид, ки дар пайи дастгириҳои Пешвои миллат ҳавасмандии бахши хусусӣ барои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ зиёд гардида, соли 2018 ба 75 ширкат иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шуд ва айни замон шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба 145 расидааст.
Мавриди зикр аст, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Хуҷанд, Ваҳдат, Истаравшан, Шамсиддини Шоҳин, Хуросон, Ховалинг ва дигар минтақаҳои кишвар меҳмонхонаҳои хурду бузург бунёд гардиданд. Дар назди осоишгоҳҳои “Баҳористон”, “Зумрад”, маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафед-Дара” ва мавзеи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон сохтмони биноҳои иловагӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ идома дорад.
Комрон САФАР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 371