logo

сиёсат

ШИНОСОИИ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНИЮ НАВСОЗӢ

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи сифатноки лоиҳаҳои хурду бузурги сохтмон, таҷдид ва навсозии роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалӣ, вусъати корҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаи кишоварзӣ ва тақвияти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои сохтмонию навсозии иншооти роҳу нақлиёт ва кишоварзию соҳилмустаҳкамкунӣ шинос шуд.
Дар оғоз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз ҷараёни сохтмони эстакада дар майдони Абуали ибни Синои шаҳри Душанбе дидан кард.
Зикр гашт, ки эстакада дар доираи лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе -Турсунзода сарҳади Ӯзбекистон» сохта мешавад. Дар сатҳи дуюми эстакада роҳи давродаврӣ бунёд мегардад, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути чароғакҳо идора мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб пул, ки дарозиаш 122 метрро ташкил медиҳад, мегузарад. Дар лоиҳа сохтмони роҳҳои зеризаминӣ низ барои роҳгузарон пешбинӣ шудааст.
Сипас, Сарвазири мамлакат бо ҷараёни татбиқи марҳилаи аввали лоиҳаи сохтмону навсозии шоҳроҳи "Душанбе – Бохтар" шинос шуд. 
Чуноне зикр гардид, марҳилаи аввали лоиҳаи сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе – Бохтар» 33, 2 километрро фаро  гирифта, баъди татбиқи лоиҳа, роҳ аз категорияи "III" ба категорияи "I - Б" гузаронда мешавад. Паҳноии роҳ аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, Сарвазири мамлакат бо ҷараёни корҳои сохтмонию навсозии марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмону навсозии  роҳи мошингарди "Душанбе – Бохтар" шинос шуд.
Марҳилаи дуюм 39, 6 километрро дар бар гирифта, мувофиқи лоиҳа дар ин қитъа як пул, 46 лӯлаи обгузар, 18 истгоҳ ва 3 гузаргоҳ сохта шуда, роҳ ба категорияи якуми роҳсозӣ мутобиқ гардонда мешавад.
Айни замон дар ин қитъа корҳои омодасозии роҳ идома дошта, мувофиқи нақша он бояд соли 2021 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
Сипас, Қоҳир Расулзода бо  корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои  соҳилмустаҳкамкунӣ ва кишоварзӣ дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Хуросону Кӯшониён, Дӯстӣ ва Ҷайҳун шинос шуд.
Алҳол дар ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо ҷалби сокинон идома дорад. Бояд гуфт, ки хавфи обхезӣ дар ин минтақаҳо хеле зиёд аст ва ҳамасола бо сабаби баланд гардидани сатҳи оби дарё аҳолӣ ва иншоот дар ин минтақаҳо зарари зиёд мебинанд.
Вобаста ба ин, Сарвазири мамлакат аз масъулон талаб намуд, ки дар ин самт ҳарчи зудтар тадбирандешӣ карда, ҷиҳати ҷалби сармоя ва амалӣ сохтани лоиҳаҳо чора биандешанд.
Дар самти соҳаи кишоварзӣ хоҷагидорони ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон таҷрибаи зиёд дошта, саҳми онҳо дар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқаворӣ  бузург аст.
Кишоварзони минтақа парвариши лимӯ, қулфинай, картошка, карам ва дигар намуди маҳсулоти мавриди ниёзи аввали сокинонро ҳам дар гармхонаҳо ва ҳам зери плёнка ба роҳ мондаанд.
Хоҷагидорону кишоварзони вилояти Хатлон барои бадастовардани ҳосили баланд аз таҷрибаи пешрафтаи соҳаи кишоварзӣ истифода намуда, дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ нақши назаррас доранд.
Сарвазири мамлакат аз масъулони вилояти Хатлон талаб намуд, ки барои хоҷагидорону кишоварзон ҷиҳати боз ҳам рушд додани соҳа ва барои содироти бештари маҳсулоти кишоварзӣ шароити мусоид  фароҳам оваранд ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имконот самаранок истифода баранд.
АМИТ "Ховар"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2019    №: 31    Мутолиа карданд: 213

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед