logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Дар зиндагӣ бо шахсоне вомехӯрем, ки ҳаёти пурсамари худро барои пешравӣ ва беҳбудии Ватан бахшидаанд. Имрӯз  номи онҳоро бо некӣ ба ёд меоранд.
Яке аз шахсони бомаърифат ва обрӯманд Сафар Воҳидов мебошад. Ӯ соли 1937 дар деҳаи Қизил – Гузари деҳоти ба номи Исмат Шарифови ноҳияи Данғара дар оилаи колхозчӣ таваллуд шудааст.
Соли 1955 мактаби миёнаи № 2 ноҳияро хатм карда, ҳамон сол ба Институти педагогии шаҳри Душанбе дохил мешавад. Донишкадаро бо ихтисоси таърих ба итмом мерасонад. Аз моҳи августи соли 1959 то июли соли 1966 муаллим, ҷонишини директори мактаб, директор ва методисти шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара кор кардааст. Як муддат инструктори шуъбаи ташкилии кумитаи ҳизби ноҳияи мазкур буд. Бо тавсияи КМ ҲК Тоҷикистон соли 1969 то 1978 ҳамчун котиби комитети ҳизби ноҳияи Данғара ифои вазифа дошт.
Аз соли 1978 то 1980 мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара буд. Курси яксолаи афсарии ҳарбии шаҳри Новосибирски Федератсияи Россияро бо рутбаи ҳарбии капитан хатм намуд. Аз соли 1980 то соли 1985 директори совхози ба номи Дзержинский буд. Дар давраи роҳбариаш хоҷагии навташкилро ба як хоҷагии пешқадам оварда расонд. Ягона роҳбари хоҷагие буд, ки дар он аз як замин то се ҳосил гирифта мешуд. Дар заминҳои лалмӣ аз ҳисоби ҳавзҳои хоҷагӣ пахтакориро ривоҷ дод. Чорводорӣ соҳаи асосии хоҷагӣ буд. Соли 1982 Университети давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисод ва банақшагирии хоҷагии халқ хатм намуд.
Солҳои 1985 – 1994 муаллими омӯзишгоҳи касбӣ техникии № 57, мудири шуъбаи кадрҳои ҷамъияти матлубот ва муовини сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Данғара шуда кор кард.
Аз соли 1994 то соли 2000 котиби дуюм ва аз соли 2000 котиби аввал, раиси ҳизби коммунисти ноҳияи Данғара шуда кору фаъолият намудааст.
Давлат ва Ҳукумат меҳнатҳои фидокоронаи ӯро ба назар гирифта, бо медалҳои «Барои меҳнати шоён», «100 – солагии зодрӯзи В. И. Ленин», «Ветерани меҳнат» ва чандин ифтихорномаю раҳматномаҳо қадр намудааст.
Муродалӣ ҲОШИМОВ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2019    №: 31    Мутолиа карданд: 256
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед