logo

туризм

КӮЛОБШАҲР. МАНЗАРИ ОИНҲОИ МИЛЛӢ

Кӯлоб яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, тибқи хулосаҳои бостоншиносӣ 3500 сол пеш мардуми он ба кишоварзиву чорводорӣ машғул буданд. Дар ин мавзеъ, ҳунармандӣ низ ривоҷу равнақ ёфта, кулолон соҳиби дастгоҳу дуконҳои худ буданд. 
Хумдони зарфпазии дар наздикии мақбараи орифи бузурги Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кашфгардида ба асрҳои VIII –VII то милод тааллуқ дорад. Он соли 1993 дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносон П. Смойликов ва Д. Азизов пайдо мегардад. Зарфпораҳои дар атрофи хумдон ёфтгардида бо сифати баланд сохта шудаанд, ки аз ривоҷи косибӣ ва савдогарӣ дарак медиҳанд.
Осори таърихии Қалъаи Чармгарон собит месозад, ки асрҳои I – VI  милодӣ шаҳри Кӯлоб дар масоҳати  300 – 400  гектар доман густурда, маркази маъмурӣ ва мадании водӣ ба  ҳисоб мерафт.

НОДИРТАРИН ЁДГОРӢ
Шаҳри Кӯлоб дорои ёдгориҳои бешумор аст, ки аксари онҳо аҳамияти таърихӣ дошта, аз шаҳрнишин, ҳунарманд ва тамаддунофару фарҳангпарвар будани миллати тоҷик дарак медиҳанд. Аз ҷумла, мақбараи олими бузурги фалсафа, илоҳиёт, адиби ширинсухани тоҷику форс Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ далели ин гуфтаҳост. Бояд гуфт, ки он дар охири асри XIV бо тарзи анъанавии маъбадҳои тоисломӣ (чортоқ) бунёд гашта, нодиртарин ёдгории шаҳр маҳсуб мешавад. Боиси  зикр аст, ки ба муносибати 2700 - солагии шаҳри бостонии Кӯлоб бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақбара таҷдиду навсозӣ гардида, гунбази марказӣ баланд бардошта шуд. Имрӯзҳо оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба зиёратгоҳи сайёҳон, олимону сиёсатмадорони мамолики Шарқ, аз ҷумла Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва ғайра табдил ёфтааст.

ШАҲРИ ҲУНАРМАНДОН
Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Кӯлоб ҳунармандӣ аз замонҳои қадим ривоҷу равнақ ёфта, маҳсули дасти ҳунармандони шаҳр на танҳо дар минтақа, балки дар Бухорову Самарқанд, Бадахшону Афғонистон маъмулу машҳур буд. Ба гуфтаи устод Садриддин Айнӣ, ҷомаҳои чит ва карбосиҳои кӯлобӣ дар Бухоро серхаридор буданд, зеро бо сифати баланд бофтаю дӯхта мешуданд.
Мардуми шаҳри Кӯлоб дуредгар, мисгар, заргар, оҳангар, кулолгар ва чармгарони  моҳиранд. Махсусан, ҳунари заргариву мисгарӣ ривоҷи бештар дошт. Муҳаққиқи рус А. Бобринский навиштааст, ки мисгарон чойҷӯш, кӯза, дег ва коса месохтанд. Дар устохонаҳои заргарии шаҳр аз тиллову нуқра гӯшвор, ангуштарӣ, гулӯбанд, шадда, силсила, дастпона ва ғайраҳоро бо санъати баланд омода мекарданд. Имрӯз ҳам ҳунару ҳунармандӣ дар Кӯлобшаҳр ривоҷу равнақ ёфта, ҳунарварони он мекӯшанд ҳунарҳои қадимаро дубора эҳё намуда, бад-ин васила дар рушди сайёҳӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ нақши худро гузоранд.
Тавре муовини раиси шаҳр Кенҷамо Маҷидова иброз дошт, айни ҳол дар шаҳри Кӯлоб беш аз 400 ҳунарманд фаъолият менамояд. Дар шаҳр, махсусан, ҳунари чакандӯзӣ рушду нумӯ кардааст. Мавриди зикр аст, ки чакан навъе аз кашидадӯзии миллии тоҷикон буда, дар Кӯлоб ва шаҳру навоҳии наздики он аз замонҳои пеш ривоҷу рушд дошт. Кашидадӯзон аксаран шоҳиҳои сафед, сурх, зард, сабз, сатини сурх ва сафедро бо риштаҳои рангин гулдӯзӣ мекунанд, ки он ифодакунандаи зебоӣ, рамзи ҳамгироии инсону табиат ва инсондӯстӣ мебошад. Чакан гувоҳи ривоҷи маънавӣ, ғояҳои инсонгароии миллати мо буда, аз фарҳанги бою ғании халқамон дарак медиҳад. Боиси сарфарозист, ки моҳи ноябри соли 2018 чакан ҳамчун ҳунари волои инсоният ба мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардид ва ин барои рушди сайёҳӣ, махсусан туризми таърихӣ-фарҳангӣ, дар кишвари мо заминаи мусоид фароҳам меорад.

БЕҲТАРИН ОСОРХОНА ДАР МИНТАҚА
Баҳри ривоҷу равнақ ва таблиғу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ ва таъриху фарҳанг соли 2006 Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумриявии осорхонаҳои Кӯлоб» таъсис ёфт. Муассиса аз се осорхонаи зертобеъ: Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700 - солагии Кӯлоб, Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Хона - музеи шоири халқ Сайдалӣ Вализода иборат аст, ки дорои беш аз 10 000 нигора мебошанд.
Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700 - солагии Кӯлоб беҳтарин осорхонаи ин минтақаи кишвар ба шумор рафта, дар он тамошобинон бо ҳунари кулоливу сангтарошӣ, сиккаҳои гуногуни ба замонҳои Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, сулолаи Темуриён ва тангаҳои мисии асрҳои ХVII – ХIХ тааллуқдошта ошноӣ пайдо мекунанд. Қисматҳои бозубанди мардона, баъзе элементҳои ороишоти занона (ангуштарӣ, дастпона), зиреҳ ва сарнайзаю баъзе олоти ҷангии замони Искандари Мақдунӣ ҷолиби диққатанд.
Самти фаъолияти Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Хона - музеи шоири халқ Сайдалӣ Вализода, аслан, ба омӯзиш, муаррифии ҳаёт ва фаъолияти эҷодии алломаи Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, шоири халқ Сайдалӣ Вализода ва дигар ашхоси баруманди вилояти Хатлон равона шудааст. Инчунин, якчанд ҳунари мардумӣ, аз ҷумла саҳифабандӣ, хаттотӣ, кошикорӣ, гачкорӣ, санъати меъмории асримиёнагӣ ва амсоли ин тарғибу ташвиқ мешаванд.
Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки Кӯлоб яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикнишин буда, имрӯз бо мавҷуд будани ёдгориҳои бешумори таърихиву фарҳангӣ метавонад ба яке аз шаҳрҳои серсайёҳу пуртамошобини кишвар мубаддал гардад.
Комрон САФАР,
Бахтовар КАРИМ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2019    №: 31    Мутолиа карданд: 386

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед