logo

Хабарҳо

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Ҷашни Сада дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Мардуми зиёд аз тамоми ҷамоатҳои деҳот дар маркази ноҳия гирд омада, бо оростани базму созу суруд ҳунарҳои гуногуни қадимаи мардумиро пешкаши меҳмонон ва ҳозирон намуданд.
Почохон Зарифзода, раиси ноҳия, зимни ифтитоҳи ҳамоиши идона иброз дошт, ки маҳз бадастовардани истиқлолият барои эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ, аз ҷумла ҷашнҳои бостонии Наврӯз, Меҳргон ва Сада, заминаи боэътимод фароҳам овард.
Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 ва аз пардохти ҳама намуди андоз озод кардани молу маҳсулоти ҳунармандон ҳавасмандии онҳоро ҷиҳати рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ зиёд кард. Ҳамин аст, ки оилаҳои  зиёд дар озмуни «Ҳунарманди беҳтарин» ширкат варзида, маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд. Дар растаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ ғурфаи бонуи ҳунарманди деҳотӣ, дӯзандаи моҳир Саёҳат Назарова басо сертамошобин буд. Маҳсули ҳунари дастии ӯ – куртаҳои чакан, пероҳану рӯйпӯшҳои гулдӯзӣ ва камзулу ҷомаҳои зардӯзӣ таваҷҷуҳи ҳар бинандаю харидорро ҷалб месозад. Саёҳат аз овони мактабхонӣ дар дарсҳои таълими меҳнат ва назди модараш ин ҳунарҳоро омӯхтааст. Оилаи Назаровҳо дар ҷамъбасти озмун ғолиб дониста шуд.
Растаҳои намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳолу гулу тухмӣ ва таомҳои миллӣ низ сертамошобин буданд.
Дар интиҳои ҷашн санъаткорони шуъбаи фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертиро манзури тамошобинон намуданд.
Сафаралӣ НАЗАРОВ, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 116

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед