logo

Хабарҳо

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

Корхонаҳои саноатии ноҳияи Данғара соли сипаришуда якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи 1 миллиарду 363 миллиону 403 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли пешӣ 320 миллиону 544,4 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба кишоварзӣ ду баробар зиёд мебошад. Дар ин бора  муовини аввали раиси ноҳия Ҷамшед Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумат индустриякунонии босуръат мебошад, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон гардид. Дар ин раванд, аллакай дар ноҳия заминаи устувор гузошта шудааст. Соли 2018 дар ноҳия 5 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ бо фарогирии 143 ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз кард.
Мутаассифона, дар раванди саноатикунонӣ дар қатори дастовардҳо баъзе камбудиҳо низ ба назар мерасанд.  Соли гузашта аз 35 корхонаи саноатии ноҳия 6 корхона - «Паси гаҷ», «Ал - Асад», «Абубакр», «Ростоҷторг», «Хушобак» ва «Данғара» бо сабабҳои молиявӣ умуман фаъолият накарданд. Зикр шуд, ки нигаронии хабарнигорони васоити ахбори омма дар ин бора саривақтӣ мебошад.
- Масъулони соҳаи саноати ноҳия вазифадоранд, ки сабабҳои  аз фаъолият бозмондани ин корхонаҳоро ҳаматарафа мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода, ҷиҳати бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба кор даровардани онҳо саъю талош намоянд. Ин ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мусоидат мекунад, - гуфт Ҷ. Шарифзода.
Холназар КАСИРОВ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 163

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед