logo

маориф

АЗ ЯК ДАСТ САДО НАМЕБАРОЯД. АНДЕШАЕ ЧАНД ДАР БОРАИ ШАРОИТИ ТАЪЛИМ ДАР МТМУ №18 - И НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА

Дар акс бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 - и деҳаи Барҷангали Ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъаро мебинед. Бале, ин муассиса аз раванди навсозиву мувофиқ кунондан ба шароити таҳсил дар замони муосир канор мондааст. Он ҳанӯз соли 1973 аз чӯбу тахта сохта шуда, алъон дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Ин сатрҳо низ шаммае аз он аст ба хотири рушди деҳот давоми се соли наздик дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ. 
Маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Бунёди муассисаҳои нав ба нави таълимии муҷаҳҳаз бо шароит ва технологияи муосир дар саросари кишвар далели ин аст.  Тибқи маълумоти маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, давоми соли 2018 дар кишвар 151 муассисаи алоҳида ва биноҳои иловагии таълимӣ бо 36 ҳазору 600 ҷойи нишаст ва маблағи 541 миллиону 753 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
Бо вуҷуди ин, вазъи таъмиру азнавсозии биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва таъмини шароити таълим, хусусан дар ноҳияи Роштқалъа, ҳанӯз беҳбудӣ мехоҳад. Барои мисол, 144 нафар таълимгирандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 – и ноҳия дар бинои садамавӣ дарс мехонанд. Бинои муассиса барои 147 хонанда пешбинӣ шудааст ва аз ҳисоби таъмини хонандагон бо ҷойи нишаст ягон мушкилӣ нест. Гап сари ин аст, ки муассиса аз ду бино иборат буда, бинои аввал, яъне садамавӣ ҳанӯз соли 1973 сохта шудааст. Баъдтар бо сабаби афзоиши шумораи хонандагон зарурати бунёди бинои дигар пеш омад. Давлатмаҳмад Исмоилов, собиқ директори муассиса, дар ин бора чунин нақл кард:
- Ҳангоми дар синфи 10 – ум таҳсил карданам, бино аз чӯбу тахта сохта шуда буд. Баъдан барои беҳтар кардани сатҳи  таълим аз шаҳри Хоруғ вагон оварданд ва ҳарчанд сифати хуб ҳам надошт, онро истифода намуданд. Соли 1989 бинои иловагӣ сохта, онро ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил доданд. Аммо бо мурури замон бинои дуюм низ мушкили ниёз ба таъмир ва навсозӣ  пайдо кард.
Мутаассифона, ҳолати имрӯзаи мактаб қонеъкунанда нест. Тавре дар акс мебинед, бинои муассиса, ҳоло дар барфи қариб якметра ғӯта задааст. Беруни он таъмирдида бошад ҳам, дохили бино, хусусан 7 синфхонаи бинои якум (садамавӣ), торику танганд ва фаршҳои шикаставу деворҳои рехтаи бинои дуюм солҳост, ки ба сифати таълим халал мерасонад. Ашёи хониш - мизу курсӣ ва тахтаҳои синфӣ дар ин замони  пешрафти илму техника «мактаби куҳна» - ро ба хотир меорад ва масъулон дар ин бора бояд, қабл аз ҳама, сари нуфузи кишвар андешанд. Ба гуфтаи Сурайё Бекдавлатова, директори муассиса, новобаста ба шароити ногувори таълим ва хавфи нишастан дар дохили бинои садамавӣ, хонандагон пайваста ба таълим фаро гирифта мешаванд. Дар муассиса толибилмони 5 деҳа дарс мехонанд. Хонандагони деҳаҳои Себзор, Қалотак ва Парзувҷ аз масофаи то 4 километр барои таҳсил меоянд. Аз деҳаи Миденшарв, ки дар он сӯи дарё ҷойгир аст, бештар хонандагони синфҳои болоӣ дониш меомӯзанд. Муассисаи таълимӣ, ҳамчунин, дорои китобхона, озмоишгоҳ, хонаи муаллимон ва утоқи омодагии дифои ҳарбӣ низ мебошад. Барои гузарондани корҳои амалӣ ва озмоишӣ аз фанҳои физика, химия ва биология муассиса асбобу анҷоми таълимӣ надорад. Дар бораи вазъи иншооти зарурию ёрирасон ҳоҷати сухан гуфтан нест.
Дар суҳбат бо директори муассиса Сурайё Бекдавлатова, маълум гардид, ки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва вилоят аз ҳоли табоҳи муассисаи мазкур огоҳанд. Муассиса маҳз дар вақти шиносоии намояндагони мақомот ва сохторҳои дахлдор аз фаъолияти онҳо баҳои «садамавӣ» гирифт.  Ваъда доданд, ки барои  таъмиру азнавсозии муассисаи таълимӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Вале…
Воқеан, тибқи Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ (хусусӣ) барои солҳои  2014 – 2020, дар ноҳия то соли 2020 бояд 11 кӯдакистони хусусӣ ва 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ таъсис дода мешуд, аммо бинобар дарёфт нашудани ташаббускорон (соҳибкорон) ин тадбири муҳим низ ба таври бояду шояд амалӣ нагашт. Давлатмаҳмад Исмоилов, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, дар ин бора чунин андеша дорад:
- Ҷараёни бунёди муассисаҳои нав, албатта, ба раванди беҳсозии МТМУ №18 ва дигар муассисаҳо таъсиргузор аст. На танҳо муассисаи таълимии №18 дар ноҳия дар ҳолати садамавӣ  қарор дорад. Аз 41 муассисаи таълимии ноҳия, 13 - тои онҳо - биноҳои муассисаҳои таълимии № № 1, 3, 11, 12, 13, 17, 18, 20, 29, 34, 37, 38 ва 41 қисман ё пурра дар ҳолати садамавианд. Омӯзгорони қисме аз муассисаҳо (ғайр аз муассисаҳое, ки аз рӯйи барномаи педагогии иртиботӣ кор мекунанд) аз курсҳои такмили ихтисос нагузаштаанд. Роштқалъа шояд ягона ноҳияе бошад, ки дар он ҳанӯз муассисаҳои таълимии ҷавобгӯ ба талаботи муосир, ба монанди литсей ва ё гимназия бунёд нашудаанд. Дар ҳамин ҳол дар ҳар деҳа толибилмоне ҳастанд, ки бо донишу истеъдоди баланд дар озмун ва олимпиадаҳои фаннии сатҳи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд.  
Хуллас, вақти он расидааст, ки барои таъмини рушди деҳот, суботу устувории он, махсусан дар қисмати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, чораю тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд. Аз чунин ҳолати ногувор баровардани МТМУ №18 мушкили кӯчакест, ки роҳбарони муассиса, шуъбаи маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия онро дар ҳамкорӣ ва ҷалби сармоягузорон дар як муддати кӯтоҳ бартараф карда метавонанд.  Аммо «аз як даст садо намебарояд».
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2019    №: 32    Мутолиа карданд: 511

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед