logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Баъзе аз инсонҳои наҷибу шариф бо фаъолияти назаррас, накукорӣ, муносибату муоширати баланд, мушкилнописандӣ як умр дар дилу дидаҳо ҷой мегиранд. Ҳамеша аз онҳо ва кору рӯзгорашон, ки намунаи ибратанд, ёдоварӣ мекунанд. Мастон Бобоев аз ин зумра маҳсуб мешавад.
Дар наврасӣ шогирди мӯзадӯз ҳам буд. Ва аз ӯ дигарон, дилбохтагони ҳунар навохтани дуторро низ меомӯхтанд.
Инқилоби Октябр то ба Панҷакенти дурдаст низ расид. Барои Ҳукумати навтаъсиси шӯравӣ аз ҳисоби мардуми маҳал шахсони босавод зарур буд. Мастон Бобоевро ба хондан ташвиқ карданду ҷалб намуданд.
Баъди хатми курси кӯтоҳмуддат омӯзгор ва ҳисобчӣ шуд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва пас аз он низ ба ҳайси раиси ҷамоат ва колхоз (хоҷагӣ) фаъолият намуд. Дар иҷрои ин вазифаҳои пурмасъулияти давр қобилияти баланди ташкилотчигӣ, кордонию сарварии худро нишон дод.
Солҳои баъдиҷангӣ, махсусан дар деҳот, зиндагӣ душвор буд. Нигоҳдориву парвариши ятимоне, ки падаронашон дар ҷанг ҳалок гардида буданд, ба осонӣ даст намедод. Ӯ бистучор нафар ятимонро аз деҳаҳои Ғӯсар, Мазор, Заврон, Оғилак, Андар ва Варзиканда ҷамъ оварда, ба хонаи бачагони «Кулолӣ» месупорад. Бисёре аз ин ятимон хуб ба воя расиданд, шахсиятҳои маъруфу машҳур гардиданд ва барои ин амал ба ӯ изҳори сипос намуданд. Яке аз онҳо муҳандис Мирзомаҳмуд Бобоев мебошад, ки чунин изҳор медошт: «Агар ғамхории амаки Мастон намебуданд, намедонам, ки тақдири ман ва монанди ман бекасону бепарасторон ба чи меанҷомид. Ӯ на танҳо моро ба ин хона, яъне хонаи бачагон супориданд, балки аз аҳволамон бохабар мешуданд. Баъдҳо барои идомаи таҳсил, пеш бурдани зиндагӣ,  ба мо ёрии беғаразона мерасонданд».
Аслиддин Абдуллоев, муаллими маъруфу машҳур, дар китобаш «Аз ёдҳо дар ёдҳо» овардааст: «Мастон Бобоев шахси бовиҷдон, ба камбизоатону ятимон дилсӯз буданд. Кӯшиш мекарданд, ки ба мо пайваста ёрӣ бирасонанд. Мо – ятимонро доимо хуб пазироӣ мекарданд ва нисбатамон меҳрубонӣ зоҳир менамуданд.
Мастон Бобоев баъди ин ҷанг 6 нафар бепарасторро чун фарзандони худ ба воя расонду ба шоҳроҳи ҳаёти мустақилона баровард.
Баъдҳо дар вазифаҳои гуногун фаъолияти меҳнатияшро идома дод. Дар бунёди канали Марғедар низ фаъолона иштирок дошт. Бо ҷорӣ шудани оби ин канал, яъне соли 1960, сардори бригадаи боғдорӣ таъйин мегардад. 100 га замин ба туфайли сарварию кордонии ӯ ба боғу токзор табдил меёбад.
Ӯ имрӯз дар байни мо нест, аммо бо ёди амалҳои некаш дар дилу хотираҳои мардум зинда аст.
Манижа ХАЛИЛОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2019    №: 32    Мутолиа карданд: 201

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед