logo

Хабарҳо

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

Воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта 2047 ҷинояти коррупсиониро ошкор намуданд, ки аз ин шумора 598-тоашро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд.
Дар ин бора Султонзода Сулаймон Саид, директори агентӣ, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ба гуфтаи роҳбарияти мақомот, аз ҷумлаи ҷиноятҳои ошкоршуда 553-тоашро ҷинояти вобаста ба қаллобӣ ташкил дода, дар 119 ҳолат ҷиноятҳои вобаста ба гирифтану додани пора ва мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ сабт шудааст.
Дар натиҷаи 1248 тафтишу санҷиши аз ҷониби мутахассисони самти назорати давлатии молиявии агентӣ анҷомёфта, дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, марказҳои идораи маҳалҳо аз тарафи созмонҳои байналмилалии молиявӣ маблағгузоришаванда, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 601,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст. Дар ҳамин ҳол, бо кӯшиши кормандони агентӣ аз ин маблағ 520,3 миллион сомонӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ, ташкилоту муассисаҳо барқарор шудааст.
Соли 2018 кормандони агентӣ 62 ҳолати риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», ки хизмати якҷоя ва таъйини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатиро манъ намудааст, муайян карда, ҷиҳати рафъи онҳо чораҷӯӣ намудаанд.
Тибқи арзёбии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, соли гузашта ҷиноятҳои коррупсионӣ бештар дар вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, сохторҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ сабт шудаанд.
Фирӯз ҶУМЪАЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 116

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед