logo

иҷтимоиёт

ОБ. ДАР ТАЪМИНИ ИН НЕЪМАТИ БЕБАҲО БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

«Об муъҷизаи бебаҳои табиат ва асоси пайдоишу пойдории олам аст», - навиштааст Арасту, олими Юнони Қадим. Сарсабзиву шукуфоӣ ва пойдории олам ба об марбут аст. Бешубҳа, дар он ҷое, ки об аст, ҳаёт, ободӣ ва хушбахтӣ низ ҳаст. Ниёгони мо обро чун неъмати муқаддасу пок парастиш менамуданд. Яъне, аз ибтидо об ба сифати неъмати пок ва атокунандаи бахту иқбол шинохта шудааст.
Мо, тоҷикистониён, аз сероб будани сарзамини азизамон бояд ҳамеша шукрона кунем. Дар Тоҷикистон қариб ҳазорҳо пирях, кӯлҳои гуногунҳаҷм, чашмаҳои оби одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд мавҷуданд. Модоме обро асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам медонем, пас, вазифадорем, ки онро чун асоси ҳастӣ ва сари неъматҳои моддӣ пок нигоҳ дорем, нагузорем, то нохалафе ин муъҷизаи бузургро ифлос гардонад ё ба он партов андозад. Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шуморидани он қарзи ҳар як инсони асил аст. Бузургони мо  гуфтаанд:
Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок.
Имрӯз бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ ниёзи ҷомеаи башарӣ ба об афзуда, ҳамзамон, норасоии он дар баъзе кишварҳо боиси ранҷу машаққати мардум гардидааст. Аз ин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланди байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти марбут ба об масъалагузорӣ намудаанд. Ҳамин аст, ки соли 2003 «Соли оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардиданд.
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин  ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» ва нуктаҳои Паёми навбатии Сарвари давлат, хусусан дар боби бо оби тоза таъмин намудани сокинон, аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир мешавад.  Бо ташаббуси раиси ноҳия Почохон Зарифзода дар деҳаи Чагами Нави деҳоти ба номи Ато Юсуф ба тариқи ҳашар чоҳ канда, аз чуқурии 90 метр оби тозаи нӯшоӣ бароварда шуд. Дар деҳаи Чагами Поён аз масофаи беш аз як километр лӯлаи обгузар кашида, тамоми аҳолии деҳаро бо оби нӯшоии тоза таъмин карданд. Аз мавзеи  Боғи Қарағочҳо ба тарзи ҳашар дар масофаи  3 километр хати оби нӯшоӣ кашида, сокинони деҳаи Сангчашма бо оби тоза таъмин карда шуданд. Ҳоло дар назди ҳар як хонаи деҳа ҷумаки алоҳидаи об мавҷуд аст.
Аммо ин ҳанӯз кам аст. Дар доираи амалисозии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» талош намудан даркор аст, ки ягон сокини Тоҷикистон аз беобӣ душворӣ накашад, зеро мақсади асосии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ аз пешниҳоди ин даҳсола осон намудани мушкили ҳар узви ҷомеаи башарист.
Сафаралӣ НАЗАРОВ, нафақагири 80 - сола, раиси шӯрои
собиқадорони Ҷамоати деҳоти ба номи
Ато Юсуфи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2019    №: 33    Мутолиа карданд: 362
26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед