logo

иҷтимоиёт

КҲФ. АЗ ТАҲКИМИ ХАДАМОТИ НАҶОТДИҲӢ ТО ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 як силсила санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ, аз ҷумла Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар солҳои 2019 - 2030 - ро таҳия намуд, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуданд.
Ба иттилои Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018 дар Тоҷикистон 167 ҳолати фавқулодаи хусусияти табиидошта сабт шуд, ки 23 ҳодиса ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари моддӣ расонд. Боронҳои пайдарпай, ки рӯзҳои 16 - 18 май борид, сабабгори омадани сел дар ноҳияҳои Панҷ ва Фархори вилояти Хатлон шуданд. Барои андешидани чораҳои зарурӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, ҳамчунин, бо мақсади муайян намудани хисорот комиссия дар ҳайати намояндагони Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори вилояти Хатлон таъсис шуд. Дар натиҷаи офати табиат дар вилояти Хатлон 26 хона пурра ва 16 хонаи дигар қисман хароб шуданд. 
Бо вуҷуди чорабиниҳои тарғиботӣ вобаста ба риоя намудани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ, мутаассифона, ҳалокати шаҳрвандон сабт шудааст. Аз ҷумла, соли гузашта 140 нафар дар кӯлу дарёҳо ғарқ шуданд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кумита ташкил ва роҳандозии корҳои садамавиву наҷотдиҳӣ мебошад. Соли 2018 наҷотдиҳандагони кумита дар амалиётҳои бартарафсозии оқибати ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ иштирок намуда, дар 597 амал 170 нафарро аз марг наҷот доданд, ки ба 48 нафари онҳо эҳтимоли ғарқшавӣ таҳдид мекард.
Соли 2018 кумита бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаи байнидавлатӣ имзо намуд ва, ҳамчунин, Нақшаи чорабиниҳо бо Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Беларус, Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳо дар самти пешгириву бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода бо Ҳиндустон, протоколи дуҷонибаи аввалин мулоқот оид ба таҳкими ҳамкориҳои наздисарҳадии омодагиҳо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистону Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расиданд. 
Бо мақсади тақвияти пойгоҳи моддӣ-техникии кумита дар доираи лоиҳаҳои Хазинаи Трасти Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷопон охири соли 2017 ва тӯли соли 2018 кумита 31 адад техникаи махсус ва 196 номгӯйи таҷҳизот дарёфт кард. 
Бо мақсади омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо, ҳамчунин, баланд бардоштани ихтисоси онҳо бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар масъалаҳои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиат соли сипаришуда 62 нафар хизматчии ҳарбии кумита барои омӯзиш ба хориҷи кишвар фиристода шуда, 256 нафари дигар давраҳои омӯзишии гуногунро дар ҳудуди ҷумҳурӣ гузаштанд. 
Татбиқи босамари Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022 ва Стратегияи миллии коҳиши офатҳои табиӣ дар солҳои 2019 - 2030, баланд бардоштани малакаи касбӣ ва интизоми ҳарбии кормандон, таҳкими хадамоти наҷотдиҳӣ ва дастаҳои зудамали наҷотдиҳӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирву бартарафсозии оқибати ҳолатҳои фавқулода, аз ҳадафҳои умдаи кумита дар соли 2019 мебошанд.
Лашкар ШАРИФ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2019    №: 33    Мутолиа карданд: 257

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед