logo

иҷтимоиёт

ЗАФАРОБОД. ТАЪСИСИ 787 ҶОЙИ КОР

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва корхонаю муассисаҳо ҳамроҳ бо корфармоён дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳамчунин баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Зафар Одинаев, сардори шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия, зимни суҳбат иброз дошт, ки соли сипаришуда 14 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронда шуд. Дар онҳо 133 ташкилоту муассиса, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва корфармо иштирок намуда, ба корҷӯён 1720 ҷойи кор ва вазифаҳои озодро пешниҳод карданд. Аз ин ҳисоб 89 нафар бо кори доимӣ таъмин ва нафарони зиёд, хусусан бонувону ҷавонон барои касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд.
Ба 54 шаҳрванд барои пешбурди соҳибкорӣ ба маблағи 196 ҳазору 700 сомонӣ ёрии молиявӣ расонда шуд ва онҳо айни замон дар соҳаҳои кишоварзӣ, чорводорӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ фаъолият доранд.
Тибқи иттилои З. Одинаев, дар ин давра зиёда аз 1480 корҷӯ ба шуъба барои пайдо намудани ҷойи кор муроҷиат кардааст. Аз онҳо 1115 нафар, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», ба қайд гирифта шуд. Дар умум, 787 нафар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ  бо кори доимӣ ва муваққатӣ таъмин гашт, ки нисбат ба соли пешӣ 242 нафар зиёд аст. 186 кас дар филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Ҷумҳурии Тоҷикистон», воқеъ дар шаҳри Истаравшан курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат, аз ҷумла асосҳои компютер, дӯзандагӣ, атласу адрасбофии дастӣ, қолинбофӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, бофандагӣ, кулолгарӣ, ороишгари мӯй, сантехникӣ ва кафшергари барқиро аз худ карда, 623 нафар соҳиби шаҳодатномаи касбӣ гаштанд.
Давоми сол беш аз 100 нафар, аз ҷумла сарбозони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баргашта ва нафарони аз маҳбас озодшуда,  кумакпулии яквақта гирифтанд.       
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2019    №: 33    Мутолиа карданд: 413

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед