logo

туризм

ИСФАРА МАЗРАИ БОСТОНИИ ТОҶИКИСТОН

Исфара яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон маҳсуб ёфта, таърихи зиёда аз 3000 - сола дорад. Дар аксари сарчашмаҳои таърихии асри X – замони давлатдории Сомониёни бузург номи Исфара ва ҳатто чанде аз рустоҳои он зикр шудаанд. Ҳамчунин, мавҷудияти беш аз 150 ёдгорӣ дар ин гӯшаи диёр гувоҳи он аст, ки Исфара воқеан ҳам, мазраи бостонии Тоҷикистон мебошад.  Сайёҳии таърихӣ - фарҳангӣ яке аз бахшҳои асосии туризми шаҳр буда, омӯзиши мероси таърихию фарҳангии Исфара ҳанӯз солҳои 50-уми асри XX аз ҷониби олимони варзидаи шӯравӣ Б. А. Литвинский, Е. А. Давидович, В. Ранов, Н. Неъматов, А. К. Мирбобоев, Н. Т. Раҳимов, С. Ш. Марофиев ва У. Ҷаҳонов оғоз ёфта буд.
Яке аз ёдгориҳои беназири шаҳр бо номи Хоҷағор маъруф аст, ки дар кӯҳи Сари Соти деҳаи Чоркӯҳ воқеъ мебошад. Тибқи арзёбии муҳаққиқон чунин ғорҳо дар натиҷаи вулқонҳо ба вуҷуд омада, одамони ибтидоӣ дар онҳо зиндагӣ мекардаанд. Аллома Бобоҷон Ғафуров дар китоби “Тоҷикон” вобаста ба ин менависад: “Эҳтимол меравад, ки одамон дар ин ҷо 12 – 15 ҳазор сол пеш аз ин, яъне дар аҳди кунунии геологӣ зиндагӣ кардаанд. Табақаи маскуни ин ҷо маҳфуз намондааст, олотҳои аз санги чахмоқ сохташударо сел рӯфта бурдааст. Вале ин ёдгорӣ аз ҷиҳати фаровонии анвои олоти чахмоқсанг, ки бо шакл ва сохту пардохти худ аз олоти бошгоҳи Самарқанд фарқ мекунад, ҷолиби диққат аст”. 
Дар ҳақиқат, соли 1952 профессор А. П. Окладников дар ин мавзеъ ҳафриёт гузаронда, аз назди чашмаи дар поёнтари Хоҷағор ҷойгирбуда, аз чуқурии 2 - 2,5 метр осори ба одамони ибтидоӣ тааллуқдоштаро пайдо кард, ки ба ақидаи бостоншиносон таърихи аз 40 то 100-ҳазорсола доранд. Ҳоло ин бозёфтҳо дар Осорхонаи Институти таърих, фалсафа ва филологияи Академияи илмҳои Россия дар шаҳри Новосибирск маҳфузанд.
Дар даромадгоҳи мавзеи Танги Ворух, дар соҳили чапи дарёчаи Исфара катибаҳои рӯйисангиро вомехӯрем, ки аз ду катиба: ҷанубӣ ва шимолӣ иборат мебошанд. Бино ба гуфти олим А. А. Половсев, ки соли 1904 дар ин ҷо таҳқиқот гузаронда буд, катибаҳо ба асри VIII тааллуқ дошта, бо хати куфӣ  ва матни тоҷикӣ навишта шудаанд ва катибаи шимолӣ қадимтар аст. Дар робита ба ин, Абдурауф Абдуманнон, директори кулли осорхонаҳои шаҳри Исфара, иброз дошт, ки катибаи ҷанубӣ аз 18 сатр иборат буда, баъзеи онҳо хонда шудаанд, вале бо вуҷуди саъю талошҳои зиёд катибаи шимолӣ ҳанӯз ҳам чун муаммои сарбаста боқӣ мондааст.
Объекти дигари сайёҳии шаҳр мавзеи Лангари Моҳиён мебошад, ки на танҳо миёни сокинони шаҳру деҳоти Исфара, балки миёни сайёҳони хориҷӣ маҳбубияти хос дорад. Воқеан ҳам, ин ёдгорӣ дар мавзеи зебоманзар доман густурда, бо табиати дилрабояш ба кас фараҳ мебахшад. Соли 1987 як гурӯҳ муҳаққиқон бо сарварии академик Н. Н. Неъматов, доктори илмҳои таърих А. Мирбобоев, меъмор С. В. Шетухина, антрополог  Т. П. Кияткина ва номзади илмҳои филология С. Султонов дар ин ҷо пажӯҳиш бурда, муайян сохтанд, ки  ин мавзеъ ҳанӯз қабл аз ҳуҷуми арабҳо зиёратгоҳи аҳли деҳа ва мардуми атрофи он будааст. Олимон собит намуданд, ки бинои мазкур ду - се давраи сохтмонро аз сар гузарондааст. Қабати поёнии он ба асрҳои III - I пеш аз милод ва I - II милодӣ мутааллиқанд. Қабати болоиаш бошад, ба асрҳои XIV - XV ва давраҳои минбаъда мансуб дониста мешавад. Санадҳои хаттии нимаи дуюми асри XIX аз ин ҷо ёфтшуда, бозгӯи онанд, ки мазори Лангари Моҳиён қадамҷои Имомсадр Исомиддин Умар ибни Абдулазизи Моза, ки дар таърих бо исми Садри Шаҳид машҳур аст, мебошад. Садри Шаҳид олими намоёни илмҳои ҳикмат, мантиқ, фалсафа ва фиқҳ буда, ба ин ҷо барои зиёрати устодаш меомад. Маҳз ба ин хотир, ин мавзеъ қадамҷои Садри Шаҳид ном гирифтааст.
Боиси зикр аст, ки дар шароити имрӯза истифодаи дурусти мероси таърихию фарҳангӣ ва тарғибу ташвиқи онҳо ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Бо дарки ин масъала, мардуми фарҳангпарвари шаҳри Исфара ёдгориҳоро тармиму таҷдид ва барқарор намуда истодаанд. Барои мисол, ёдгории Саидони Сарбаланд бо дастгирии соҳибкор Носирҷон Сӯфиев аз таъмир баромад. Вале боз ҳастанд масъалаҳое, ки таваҷҷуҳи бештари масъулинро тақозо менамоянд. Аз ҷумла, бо сабаби надоштани сертификати истифодаи замин, имсол 4 ёдгории таърихӣ – маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоҳ, мадрасаи Абдуллохон, Кофар-Қалъа ва Қалъаи Сурх ба феҳристи созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод нагашт. 
Дарвоқеъ, маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоҳ нодиртарин ёдгории асрҳои IX - XI буда, ба андешаи олимон ҳеҷ як ёдгории дигари асримиёнагӣ аз ҷиҳати гулпартоӣ ва ороиш ба он баробар шуда наметавонад. Он айвоншакл буда,  аз 7 сутуну 8 пешайвон иборат аст ва дар қисми болоии он рамзи чарх тасвир шудааст. Ё мадрасаи Абдуллохон, ки онро мадрасаи Қалъа низ ном мебаранд, объекти таърихии асри XVI мебошад. Кофар – Қалъа дар баландии 50 метр, дар болои шах доман паҳн карда, ба асрҳои VI - VIII тааллуқ дорад. Он дар гузашта ба сифати нуқтаи назорати роҳ хизмат мекардааст. Қалъаи Сурх ёдгории асрҳои VI – VIII мелодӣ  буда, дар қисмати ғарбиаш девор ва дидбонгоҳ мавҷуд аст. Ҳамчунин, дар тарафи шарқии иншоот ду хонаи назоратӣ, омочи чӯбин ва устадон пайдо шуд, ки аҳамияти бузурги таърихӣ доранд. Дар баробари ин, вазъи ёдгориҳое, ки дар марзи баҳс қарор доранд, ба монанди  катибаҳои рӯйисангию оинаи мавзеи Қаробоғ, ташвишовар аст. Чун ба рӯйи онҳо кашидани ҳар гуна хату расм ба назар мерасад. Ҳамчунин, аксари ёдгориҳои шаҳр пажӯҳиши ҳамаҷонибаро тақозо менамояд. Зеро онҳо бозгӯи давраи муайяни таърихӣ буда, кашфашон бисёр паҳлуҳои норӯшанро равшан хоҳад намуд. 
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
Лола РИЗОӢ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2019    №: 33    Мутолиа карданд: 614
03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

29.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 6065 КАС ШИФО ЁФТ

ДДСТДТ. БА ДОВТАЛАБОН ИМТИЁЗҲО ПЕШБИНӢ ШУДААСТ

ДДФСТ. СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ БА ШЎРОИ ДИФОЪ НИЁЗ ДОРАД

27 МЕДАЛИ ТИЛЛО ДАР ШАШ МОҲ

100 ДАРСАДИ САҲМИЯҲОИ ҶСК «АЗОТ» БА ФУРЎШ ГУЗОШТА МЕШАВАД

44 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ БАРҚАРОР ШУД

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ НИЗ ЗИЁД ГАРДИД

ЛИГАИ БОНУВОН. "ХАТЛОН" БА САДРИ ҶАДВАЛ БАРОМАД

СҶТ: «ДУНЁ ТАНҲО ЯК МАВҶИ КОРОНАВИРУСРО АЗ САР ХОҲАД ГУЗАРОНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

28.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 28 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК». 11 ҲАЗОРУ 931 ҲОЛАТИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НЕРУИ БАРҚ

КВД «ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ». 200 ҲАЗОР АҲОЛИИ ДЕҲОТ БО ОБИ НӮШОӢ ТАЪМИН МЕШАВАД

ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ. МАҶМӮИ МАЪЛУМОТ МИНБАЪД ДАР КИШВАР ТАҲИЯ ВА НАШР МЕГАРДАД

САҲМИ ДУШАНБЕ ДАР ММД-И КИШВАР БА 20,7 ДАРСАД РАСИД

МТС. ҲАМКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. 38 ҲАЗОР ҶОЙИ КОР ТАШКИЛ ЁФТ

КОНФРОНСИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕГАРДАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед