logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Инсонҳое, ки хушбахтии худро дар хушбахтии дигарон мебинанд, пайваста кӯшиш мекунанд, ки нафърасон ва ҳамқадами ҷомеа бошанд ва баҳри пешрафти кишвару шукуфоии он софдилонаю содиқона заҳмат кашанд. Дар ин ҳол, ҳар комёбии навбатӣ ба онҳо рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. Профессор Ҳамидуллохон Фақеров  аз ин зумра аст.
Соли 1980 ӯ Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм мекунад. Соли 1989 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ояндабинии рушди  шабакаҳои савдои чакана» ва моҳи феврали 2004 дар Федератсияи  Россия  рисолаи докториро дар мавзӯи “Ташаккул ва рушди бозори истеъмолӣ дар шароити иқтисодиёти давраи  гузариш”  дифоъ намуд.
Солҳои 1992 - 2000 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар вазифаҳои ҷонишини декан, декани факултет, ноиби  ректор оид ба таълиму тарбия кор карда, аз соли 2000 то 2008 вазифаи ректори Донишгоҳи  давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Аз моҳи ноябри соли 2008 то феврали 2011 мудири шуъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи марти 2011 то моҳи августи 2012 муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва аз моҳи августи 2012 то моҳи марти 2017 сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе адои вазифа намуд.
Аз моҳи марти соли 2017 ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият дорад. Бо раёсати донишгоҳ раванди таълиму тарбияро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардиданд. Дар ин раванд бештар ба ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти касбӣ ва омӯзгорони унвони илмидошта диққати махсус медиҳад, зеро пешрафти муассисаю ташкилотро кадрҳои болаёқат ва масъулиятшинос таъмин менамоянд. Бо шарофат ва дастгирии ӯ теъдоди омӯзгорони ҷавони унвони илмидошта аз ҳисоби дастпарварони худи донишгоҳ зиёд гардида, алҳол якчанд нафарашон дар арафаи ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ қарор доранд ва ин падидаи нек рӯ ба афзоиш дорад.
Устод бо кордонӣ ва қобилияти ташкилотчигиаш тавонист обрӯю эътибор ва нуфузи донишгоҳро на танҳо дар миқёси ҷумҳурӣ, балки берун аз он боло бардорад ва бо якчанд муассисаҳои таҳсилотии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад. Дар ҳамин замина, ҳоло таҳсили донишҷӯён аз дигар мамолики хориҷи дуру наздик рӯ ба афзоиш дорад. 
Моҳи декабри соли 2018 Шӯрои Маҷмаи байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия профессор Ҳ. Фақеровро ба узвияти Шӯрои эксперти иқтисодӣ дар ин ниҳоди бонуфуз  пазируфт.
Таҳти роҳбарии ӯ донишгоҳ аз як муассисаи таҳсилоти  олии соҳавӣ ба донишгоҳи  шинохтаи самти иқтисоду тиҷорати дохилию байналмилалӣ табдил ёфта, мавқеи  худро дар бозори таҳсилоти ватанӣ ва байналмилалӣ устувор гардонд.
Ҳамидуллохон Фақеров муаллифи зиёда аз 100 мақолаи илмӣ ва илмӣ-методӣ буда, бо қалами ӯ 7 китоби илмӣ-тадқиқотӣ навишта шудааст.  
Устод аз ҷониби Ассамблеяи тоҷирони Аврупо дар шаҳри Оксфорди Англия бо Ҷоизаи байналмилалии Суқрот ва Менеҷери беҳтарин қадрдонӣ шуда,  узви фахрии  Шӯрои  ректорони  муассисаҳои таҳсилоти олии Аврупо ва профессори фахрии Донишгоҳи байналмилалии Вена мебошад.
С. ҲАБИБОВ, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
З. ҚОДИРОВА, Қ. ТОЛИБОВ, дотсентон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2019    №: 33    Мутолиа карданд: 388
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед