logo

иқтисод

ХУРОСОН. ТЕППАҲО БОҒИСТОН МЕШАВАНД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми навбатӣ низ доир ба истифодаи самараноки замин ба масъулони соҳа дастуру супоришҳо дода,  таъкид карданд:  «Ҳадафи стратегии дигар, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардондани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад».
Алҳол  хоҷагиҳои деҳқонии боғпарвари  кишвар бо афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти тозаи экологӣ  бозорҳои  дохилиро  бо меваҳои шаҳдбор  таъмин намуда, қисми онро содирот мекунанд. Аммо тавре Сарвари давлат таъкид карданд, ҳанӯз ҳам имкониятҳои мавҷуда  босамар истифода намешаванд.
Иқлими ноҳияи Хуросон барои  боғдорию токпарварӣ хеле  мусоид   мебошад.  Боғпарварони ноҳия   ҳидоятҳои Пешвои миллатро оид ба бунёди боғу токзорҳои нав сармашқи кор намуда, ба дастовардҳои хуб ноил шуданд.  То ба имрӯз дар  майдони 2543 гектар боғу токзор бунёд  шудааст. Бештари боғу токзор дар талу теппаҳои бо намӣ таъмин бунёд ёфтаанд. Аз маҷмӯи майдони боғу токзор айни ҳол  1349 гектар самаровар  гардидааст. Аз ин  156 гектар  боғи интенсивӣ мебошад. Дар 136 гектар боғи  навбунёд ниҳолҳо тариқи обдиҳии қатрагӣ  парвариш меёбанд. Ин  усул барои нашъунамои мунтазами дарахт, сарфаи об ва вайрон нашудани ҳолати  ҳосилхезии замин  мусоидат менамояд.
Тавре   Раҳматулло  Сафарзода, раиси ноҳия, иброз дошт,  дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат  моро  водор менамоянд, ки диққати аввалиндараҷаро   ба яке аз бахшҳои асосии   таъмини  амнияти  ғизоӣ - рушди боғу токпарварӣ равона намоем. Аз ин рӯ,  кишоварзони ноҳия  баҳри иҷрои супоришҳои  Ҳукумати ҷумҳурӣ  ва ҳиссагузорӣ дар таъмини амнияти ғизоии мамлакат имсол  дар пеши худ нақша гузоштаанд,  ки  аз ҳисоби заминҳои лалмӣ  боз  зиёда аз 100  гектар боғу токзори нав бунёд намоянд.  
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2019    №: 35    Мутолиа карданд: 302
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед