logo

иҷтимоиёт

АЗ СИДҚ ТО САДОҚАТ. БАРДОШТЕ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ҶАВОНОН ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК

Ҳамасола садҳо нафар ҷавонони ноҳияи Темурмалик пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиву олии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар бо азму иродаи қавӣ, завқи баланд ва илму донишҳои муосир дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ба хотири шукуфоии кишвари маҳбубамон саъю талош меварзанд. Тавре мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Меҳроҷиддин Раҷабалиев зимни суҳбат изҳор дошт, ҷавонони меҳандӯст дар баробари омӯзиши таҷрибаи собиқадорон ташаббусҳои неку созанда нишон медиҳанд. Ҳамчунин, бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, садоқат ба Ватану  миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар содиқона хизмат намуда, ҳифзи амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Тоҷикистони соҳибистиқлолро қарзи фарзандии хеш медонанд.


ДАСТГИРИИ ҶАВОНОН
Ба шарофати сиёсати ояндасози Ҳукумати ҷумҳурӣ ва таваҷҷуҳи доимии  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Темурмалик низ чун дигар шаҳру навоҳии кишвар барои ба камол расондани наврасону ҷавонони соҳибилму соҳибҳунар шароитҳои хуби муосир муҳайёанд. Ҳоло дар деҳоти ноҳия барои истироҳату фароғат, илму маърифатандӯзӣ ва машғул гаштани ҷавонон ба варзишу тарзи ҳаёти солим клубу хонаҳои фарҳанг, китобхонаҳо ва иншооти варзишӣ самаранок фаъолият доранд. Дар назди муассисаи “Маркази ҷавонон” - и ноҳия курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши адрасбофӣ, порагарӣ, дӯзандагӣ ва маҳфилҳои ҳунарҳои мардумӣ бо ташкили сӯзанидӯзӣ, попурӣ, чакандӯзӣ ва шерозадӯзӣ амал мекунанд  ва ҷавонон, занони  хонашин ва духтарон ин касбҳоро аз худ карда, соҳиби диплом мешаванд. Тавре директори муассисаи “Маркази ҷавонон” - и ноҳия Ҷаъфар Қурбонов ҳангоми суҳбат зикр кард, онҳо ният доранд, ки соли ҷорӣ дар марказ курсҳои омӯзиши компютер, забонҳои хориҷӣ ва омода намудани довталабон ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбиро низ ба роҳ монанд.
Ҷавонони ноҳия аз хатари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ба амнияти давлату миллат ба хубӣ огаҳ буда, дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ маълумоти зиёд доранд. Инчунин, бо мақсади пешгирии гаравиш ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз ҷониби ташкилотҳои кор бо ҷавонони ноҳия, аз ҷумла бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҷавонони муассисаву корхонаҳо пайваста ҳамоишҳои илмиву иттилоотӣ, мусобиқаву озмунҳо ва машварату аксияҳо доир карда мешаванд.
Бо мақсади таъмини ҷавонон бо ҷои кор ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шахсони бешуғл дар ноҳия ҳамасола ярмаркаҳои ҷойҳои холии кор доир мешаванд.

ИШТИРОКИ ҶАВОНОН ДАР ЧОРАБИНИҲО
Дар ноҳия санаҳои муҳими таърихиву ҷашнҳои миллӣ ва байналмилалӣ ботантана таҷлил мегарданд ва ҷавонон дар онҳо фаъолона ширкат меварзанд. Таҷлили ҷашнҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Парчам, Артиши миллӣ, Модар, Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғайраҳо дар ноҳия бо иштироки ҷавонон рангу ҷилои дигар дорад.  Ба муносибати Рӯзи Президент ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввалини НБО “Роғун” ҷавонони ноҳия таҳти шиорҳои “Бо Президентамон ифтихор мекунем”, “Рӯзи Президент - рӯзи ифтихори миллӣ”, “Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат”, “Роғун” – ояндаи дурахшони мо” чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ, аз ҷумла раҳпаймоиҳо, ташкил намуданд. Инчунин, бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” як қатор чорабиниҳои иттилоотӣ - тарғиботӣ, аз ҷумла ҳамоишу машваратҳо, доир гардиданд, ки аз ифтихор доштану ҷонибдории ҳамаҷонибаи ҷавонон аз ташаббусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат гувоҳӣ медиҳад.
Иқдомҳои ҷавонони ноҳия, хусусан созандагиву бунёдкорӣ ва сарсабзгардонӣ, ба ҳукми анъана даромада, сол ба сол вусъати тоза касб мекунад. Соли гузашта шумораи зиёди ҷавонон ҳар ҳафта ба ҳашарҳои дастаҷамъӣ баромада, дар корҳои ободонӣ, нарм намудани бехи дарахтон, тоза намудани ҷӯйборҳо, кӯчаю маҳаллаҳо, гирду атрофи корхонаҳо ва рангубори биноҳои маъмуриву истиқоматӣ саҳм гузоштанд.

ДАСТОВАРДҲОИ ВАРЗИШӢ
Соҳаи варзиш дар ноҳия сол то сол равнақу ривоҷ ёфта, дастоварди варзишгарони ноҳия, ки аксарияти онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, меафзояд. Тавре  Меҳроҷиддин Раҷабалиев иттилоъ дод, имрӯз инфрасохтори соҳаи варзиш хеле беҳтар гардида, дар доираи омодагиҳо баҳри таҷлили сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёду навсозии боз даҳҳо иншооти дигар, аз ҷумла майдончаву толорҳои варзиш, ба нақша гирифта шудааст ва аллакай қисме аз онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Ҳамасола ба хотири рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар шаҳраку деҳоти ноҳия мусобиқаҳои зиёди варзишӣ баргузор мешаванд. Дар баробари ин, варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва минтақавию байналмилалӣ маҳорати баланди варзишӣ нишон медиҳанд. Соли 2018 варзишгарони ноҳия аз чунин мусобиқаҳо 15 медали тилло, 21 нуқра ва 20 биринҷӣ ва ҷому шоҳҷоиза ба даст оварданд, ки дастовардҳояшон нисбат ба соли пешин мутаносибан як баробар бештар аст.
Мо бовар дорем, ки ҷавонони ватандӯсти ин гӯшаи диёр бо ҳисси баланди худшиносиву зиракии сиёсӣ ва созандаву бунёдкориашон барои ободии кишвар ва боз ҳам баланд гардидани обрӯю нуфузи он дар миқёси байналмилалӣ талош намуда, ҳифзи Ватан, арзишҳои таърихиву фарҳангии миллат, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва амнияту осудагии кишвари азизамонро мақсаду мароми зиндагӣ медонанд.
Бахтовар КАРИМ,
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2019    №: 35    Мутолиа карданд: 196

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд

Чин бори нахуст аз ҷиҳати миқдори сафорат дар хориҷа ИМА - ро пас гузошт

Сарвазири Украина ба мардуми кишвар тибби ройгонро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2019. Бонувони тоҷик соҳиби медали биринҷӣ шуданд

28.11.2019


НОҲИЯИ АЙНӢ. Боз як маркази нав дар хизмати мардум

27.11.2019


Ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории ду чорабинии сатҳи байналмилалӣ

Медали биринҷии Сомон аз Ҷопон

Бишкек. Дар ҳамоиши СААД 21 масъала баррасӣ мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед