logo

туризм

САЙЁҲӢ. ТАРМИМУ ТАҶДИДИ МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲИВУ ТАЪРИХӢ

Инфрасохтор ва хизматрасониҳо дар мавзеъҳои сайёҳиву таърихии “Ҳулбук”, “Хоҷа Машҳад”, “Аҷинатеппа”, “Чилучорчашма” ва “Қалъаи Ямчун” дар оянда ба сатҳи байналмилалӣ расонда мешаванд.

Тавре Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ медиҳад, ба сатҳи байналмилалӣ расондани инфрасохтор ва хизматрасонӣ дар мавзеъҳои таърихиву сайёҳии зикршуда, аз ҷумла тармиму таҷдид, бунёди инфрасохтори иловагӣ, мағозаҳои фурӯши армуғон, ҷолиб намудани гирду атрофи мавзеъҳо дар доираи ҳамкориҳои кумита бо Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мегардад. 
Ҳамзамон,  дар назар аст, ки бо ҷалби сокинони маҳаллӣ дар назди иншооти мазкур ҳуҷраҳои қабули сайёҳон, инфрасохтори сарироҳӣ ва амсоли инҳо бунёд ёбанд.
Барои муаррифии мавзеъҳои сайёҳиву таърихӣ, аз ҷумла таърихи пайдоиш ва бунёди ин ёдгориҳо, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо олимону коршиносони соҳа китобча ва брошюраҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия мешаванд.
Тадбирҳои мазкур дар партави иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани сатҳи беҳзистии мардуми деҳот андешида мешаванд.
Мувофиқи таҳлили коршиносони дохиливу байналмилалӣ, зимни тармиму таҷдид ва азнавсозии иншооти сайёҳиву таърихӣ, масолеҳи аслӣ истифода шуда, намои қадима ва таърихии ёдгориҳои таърихӣ ҳифз мегарданд.
Бояд тазаккур дод, ки мавзеъҳои сайёҳиву таърихии “Ҳулбук”, “Хоҷа Машҳад”, “Аҷинатеппа”, “Чилучорчашма”, “Қалъаи Ямчун” ба сайёҳони дохилию хориҷӣ ҷолиби диққат буда, соли 2018 аз мавзеи “Чилучорчашма” 150 000, “Аҷинатеппа” наздики  5000, “Хоҷа Машҳад” анқариб 1000 нафар дидан намуданд.
Дар маҷмӯъ,  соли гузашта аз кишвари биҳиштосои тоҷикон 1 миллиону 155 ҳазор сайёҳи хориҷӣ боздид намуда, шумораи сайёҳони дохилӣ зиёда аз 750 ҳазор нафарро ташкил дод.
Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2019    №: 35    Мутолиа карданд: 1054
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед