logo

қарорҳои ҳукумат

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 9 феврали соли 2019, № 64, ш. Душанбе Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, № 207-7

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
1. Банди 3 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, № 207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» дар таҳрири зерин ифода  карда шавад:
«3. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба номи як шахс ба расмият даровардани на зиёда аз ду симкорт дар ҳамаи операторони хизмати алоқаи барқӣ ва азнавбақайдгирии симкортҳои шахсоне, ки шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014-ро надоранд, дар давоми 6 моҳ чораҷӯӣ намояд.».
2. Ба  Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, № 207-7 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 1 баъд аз калимаҳои  «бо мақсади» калимаҳои «ба тавозуни истифодабарандагони алоқаи мобилӣ гузаронидани маблағи пулӣ ва» илова карда шаванд;
- банди 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқӣ бо роҳи бақайдгирии симкортҳо, пайваст кардани воситаҳои мобилии бе симкорт фаъолияткунанда ба шабакаи алоқаи мобилӣ, ҷудокунии хати алоҳидаи алоқаи маҳаллӣ ва пайвасткунии хизматрасонии интернет ба амал бароварда мешавад.»;
- дар банди 4 калимаи «иҷозати» ба калимаи «иҷозатномаи» иваз карда шавад;
- дар сархати якуми банди 5 баъд аз калимаи «мувофиқи» калимаҳои «иҷозатномаи мақоми ваколатдор ва» илова карда шаванд;
- дар сархати дуюми банди 5  бандҳои 6, 8, сархати дуюми зербанди б) банди 13, сархати сеюми банди 17, сархати дуюми банди 18 ва сархати дуюми банди 19 калимаҳои «шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (корти идентификатсионӣ)» ба калимаҳои «шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014» иваз карда шаванд;
- аз банди 7 калима ва рақами «банди 5» хориҷ карда шаванд;
- банди 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«9. Хариду фурӯши симкортҳо ва пайвасткунии шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва гурезаҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат доранд, ба шабакаи алоқаи барқӣ бо пешниҳоди гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳодатномаи гуреза ба расмият дароварда мешавад.
 Пайвасткунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатӣ истиқомат доранд, тибқи ҳуҷҷати дахлдори тасдиқкунандаи шахсият ва будубоши қонунии онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муҳлати иҷозати будубош - муҳлати амали раводид, барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби бераводид будубоши муваққатӣ доранд - ба муҳлати амали бақайдгирӣ ва барои шахсоне, ки  бе бақайдгирӣ ҳуқуқи будубоши муваққатӣ доранд – ба муҳлати мазкур амалӣ карда мешавад.»;
- ба зербанди «б» банди 13 сархатҳои панҷум, шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- вобаста ба риояи талаботи Тартиби мазкур санҷиши дохилиидоравӣ гузаронида, барои риоя нагардидани меъёрҳои он чораҳои дахлдор андешанд;
- хизматрасонии симкортҳое, ки дар муҳлати 6 моҳ истифода бурда намешаванд, қатъ кунанд;
- ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ нусхаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшавандаро, аз ҷумла дар шакли электронӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бойгонӣ нигоҳ доранд;»;
- дар сархати чоруми зербанди «б» банди 13, номи боби 4, банди 14, номи боби 6 ва дар банди 19 калимаҳои «симкортҳоро», «симкортҳо», «симкортҳо (муштариён)» ва «симкортҳо (муштарӣ)» мувофиқан ба калимаҳои «алоқаи мобилиро» ва «алоқаи мобилӣ» иваз карда шаванд;
- ба банди 17 сархатҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
 «- насби камераҳои мушоҳидавиро дар нуқтаҳои хариду фурӯши симкортҳо таъмин намоянд;
- зиёда аз ду симкортро ба номи як шахс (дар ҳамаи операторони хизмати алоқаи барқӣ) ба расмият надароранд;»;
- сархати ёздаҳуми банди 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- аз натиҷаи анҷом додани корҳо, ки барои риояи талаботи Тартиби мазкур равона карда шудаанд, ҳар моҳ тариқи хаттӣ маълумот ва ҳисоботи шакли муқарраршударо ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ пешниҳод намоянд.»;
- ба банди 17 эзоҳ бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Эзоҳ: Пайвасткунии симкортҳо барои таҷҳизоти ниҳоӣ, ки дар шабакаи интернет барои интиқол, қабул ва коркарди техникӣ истифода мешаванд (ғайр аз телефонҳои мобилӣ), бо бақайдгирии маълумоти дахлдори айниятдиҳандаи таҷҳизот бе маҳдудияти шумора тибқи Тартиби мазкур ба расмият дароварда мешавад.»;
-  ба банди 18 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- насби камераҳои мушоҳидавиро дар нуқтаҳои хариду фурӯши симкортҳо таъмин намоянд;»;
- банди 181 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«181. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хариду фурӯши симкортҳои ширкатҳои хориҷӣ ва фурӯши симкортҳои ширкатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифташуда дар ҳудуди давлати хориҷӣ манъ аст.»;
- банди 20 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«20. Ноболиғон аз синни 16 бо ризояти хаттии падару модар ё намояндагони дигари қонунӣ метавонанд бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 симкортро ба номи худ дастрас намоянд. Падару модар ва намояндагони дигари қонунӣ уҳдадоранд истифодаи симкортро аз ҷониби фарзандони ноболиғ ва ё шахсони таҳти васоят ва парастории онҳо қарордошта назорат баранд.».

Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Эмомалӣ РАҲМОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2019    №: 35    Мутолиа карданд: 1752

22.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 интихоб шуд

ММД Тоҷикистон 7,4 дарсад боло рафт

Путин бо шоҳзодаи саудӣ ҳамла ба иншооти нафтиро баррасӣ намуд

Сӯхтор дар Малайзия боиси бастани яку ним ҳазор мактаб гашт

Дар Ӯзбекистон сабти телефонҳои мобилӣ пулакӣ мешавад

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед