logo

Хабарҳо

Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ва масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷараёни бунёди якчанд иншооти саноатӣ, маҷмаи варзишию ҳавзи шиноварӣ ва теннис, ки дар пойтахт бунёд мешаванд, дидан намуданд.
Имрӯзҳо сохтмони корхонаи оби ошомидании «Сиёма» босуръат идома дошта, тибқи нақша соли равон хатҳои оби ошомиданӣ бо иқтидори истеҳсолии 20 тонна/соат ва шароббарорӣ ба истифода дода мешаванд. Корҳои сохтмонию барқароркунӣ ва насбу васлкунии таҷҳизот дар маҷмаи варзишии теннису шиноварӣ низ давом доранд ва моҳҳои июл - августи соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Муовини Сарвазир аз ҷараёни корҳо изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошт, ки дар баробари суръат ба сифати корҳо низ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.
Дар корхонаи муштараки ширкати «Авесто - групп» бо ширкати «Артел» - и Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Соли равон ба истифода додани хатҳои истеҳсоли чангкашак ва яхдон ба нақша гирифта шудааст.
Дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия «АКIA-AVESTO» оид ба васлу насб ва истеҳсоли автобусҳои мусофиркаш, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бунёд гардида истодааст, мутахассисони туркӣ ва маҳаллӣ фаъолият мекунанд.
Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, айни замон фаъолияти корхона дар робита ба иҷрои фармоишҳои дохилӣ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати тавсеа бахшидан ба фаъолияти минбаъда паҳлуҳои дигари ҳамкорӣ низ баррасӣ хоҳанд шуд.
Ҳамчунин, Азим Иброҳим аз минтақаи саноатии шаҳри Душанбе низ дидан намуд. Мушоҳидаҳо собит сохтанд, ки ҳарчанд корҳои сохтмонӣ дар корхонаҳои бунёдшаванда асосан оғоз шуда бошанд ҳам, аммо на дар ҳамаи онҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудаанд. Вобаста ба ин, муовини Сарвазир ба масъулони ширкатҳо дастур дод, ки ҷиҳати сари вақт ба истифода додани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 149

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед