logo

иҷтимоиёт

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ...

Зарурате пеш омаду аз шаҳраки Данғара шомгоҳон тавассути нақлиёти сабукрав роҳ ҷониби шаҳри Душанбе гирифтам. Саҳеҳаш то беморхонаи ДДТТ, "Истиқлол". Пас аз убури нақбҳои “Озодӣ” ва “Хатлон”, ҳа нагуфта, вориди шаҳри афсонавии Душанбе гардидем. Аз мавзеи гардиши фурудгоҳ то маҷмаи “Истиқлол” чашмам аз тамошои кӯчаҳои рӯз барин равшан ҳузур кард. Хонаҳои замонавии баландошёна бо сатҳи баланди меъморӣ, гулкорӣ ва ободгарие, ки бо ташаббуси шаҳрдори ҷавони пойтахт Рустами Эмомалӣ тибқи дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтанд, шоистаи таҳсин ва қадрдонӣ аст. Оромӣ ва бехатарии шаҳр диққатҷалбкунанда буд.
Худ ба худ аз хурсандӣ болидам, зери лаб “аҳсан-аҳсан” мегуфтам. Беихтиёр вазъи зиндагӣ ва нооромиҳои Душанбеи солҳои 90 - уми асри гузашта ва пас аз он ба хотирам омаданд. Пойтахти кишвар як гӯшаи вайрона ва мотамсароро ба ёд меовард. Барои дарёфти як бурда нон бошандагон ва меҳмонон дар даву ғеҷ буданд, яке бо силоҳбадасти бехирад даст ба гиребон мешуду дигаре ҷабри таърихро нисбат ба ин миллати ҷафокаш таҳаммул карда натавониста,  худ ба худ мегуфт:
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?!...
Шукри истиқлоли Меҳан, сулҳу ваҳдат, ки ба чунин рӯзҳо расидем. Аз ҷабри таърих сабақ омӯхта, дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сиёсати дарҳои кушода ва инсондӯстонаи Президенти маҳбуби мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳбубият пайдо карда истодаем. Ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон оид ба мушкилоти глобалии об бори дигар ба ҷаҳониён нишон дод, ки мо миллати тамаддунсоз ва хайрхоҳ ҳастем, зеро гузаштагони мо обро муқаддас дониста, дар адабиёти аҳди бостон бо номи фариштаи Аноҳита ёдрас мекарданд. Ибораҳои пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек аз қарни вусто то инҷониб вирди забони мардуми фарҳангсолори мо гардидаанд.
Ҳангоми ворид гаштан ба шаҳри Душанбе диққати моро гулкорӣ ва сабзу хуррамгардонӣ ба худ ҷалб кард. Табиати волои инсонӣ он аст, ки дар байни гулу гулзор қадам монад, бӯйи гул ба машомаш расад, худро чун гул нозук ва зебо эҳсос созад. Ба қавли аллома Муҳаммад Иқбол сабзаву оби равон ва гул чашмони инсонро қувват мебахшанд. Дар адабиёти гузашта ва имрӯзаи мо гул рамзи зебоӣ ва назокат аст. Тору пуди шеъри тоҷик аз гулафшонии баҳор, чаҳ-чаҳи булбул ва тарфи чаману тавофи бӯстон маншаъ мегирад. Шояд ба ҳамин хотир, Хоҷа Ҳофиз фармуда бошад:
Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем.
Шароби арғувониро гулоб андар қадаҳ резем,
Насими атргардонро шакар дар маҷмар андозем.
Воқеан, гулро кӣ дӯст намедорад, ба пиндори инҷониб, мо бояд  коре  кунем,  ки  аз кӯдаки 7 - сола то мӯсафеди нуронии 70 - сола ошиқи гул бошанд ва дӯстонро дар қатори нону намак бо гул пазиро бошанд. Оғози ин пешаро аз овони хурдсолӣ метавон ба воситаи дахолати бевоситаи волидайну мураббӣ ва қишрҳои фаъоли ҷомеа дар қалби кӯдакону наврасон ҷой кард.
Адиб ва адабиёт бояд тарғибгари созандагию ободгариро бо сеҳри хомааш дар зиндагӣ дошта бошад. Дарду ранҷи ҷомеаро аз дигарон бештар зиёӣ дарк месозад. Мусаллам аст, ки бо пешниҳоди Сарвари кишвар солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудаанд. Бояд мо - ҳамагон камари ҳиммат баста, бо меҳнати софдилонаамон Тоҷикистони азизро ба биҳишти рӯйи Замин табдил диҳем. Мардуми мо аз қадимулайём гулдаст ва гулпарвар аст. Беҳуда нест, ки нозуктарин, латифтарин, зеботарин чизҳоро ба гул монанд мекунанд. Одами ҳунармандро - гулдаст, духтари зеборо - гулрӯ ё гуландом, одами азиз ва маҳбубро - гули сари сабад, навои нафисро - гулбонг, шаҳри зеборо - гулшаҳр, хандаи ширинро - гулханда меноманд, зеро завқи ӯ бо гул тарбия ёфтааст.
Вақте ки аз боғҳои фароғатии шаҳри Душанбе боздид ба амал меорем, аз кабудизоркунӣ ва гулкориву санъати меъмории шарқӣ ба ваҷд меоем, худро дар оғӯши гулистон ҳис  мекунем. Гулу сабза ҳавои шаҳрро атрафшону гулбез месозад, ба пиндори мо чандон шаҳрро гулзор бояд кард, ки ба машом дуди муҳаррики мошинҳо, чангу ғуборҳо нарасанд. Мо бояд шаҳри Душанберо чунон ғарқи гул гардонем, ки насимаш атргардон, фазояш гулафшон ва заминаш гулистон бошад, димоғи сокинон ва меҳмононаш ҳамеша аз бӯи гул муаттар ва дар хидмати даврон музаффар бошанд. Тавре шоир фармудааст:
Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам зеби дунёӣ, Душанбе.
Фарҳод ҲУСЕЙНЗОДА, устоди Донишгоҳи давлатии Данғара,
доктори  илмҳои филология, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2019    №: 36    Мутолиа карданд: 261

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед