logo

иҷтимоиёт

БОЗОРИ ФАРМАСЕВТӢ. ҶАНБАҲОИ МУХТАЛИФИ ЯК СОҲА

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Бозори фармасевтӣ. Ҷанбаҳои мухталифи як соҳа» - ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», 16 июли соли 2018 ба табъ расида буд, мавриди баррасӣ қарор дод.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар замони истиқлолият, бахусус чанд соли охир соҳаи фармасевтии кишвар ба як қатор комёбиҳо ноил гардид. Ҳуҷҷатҳои зарурии танзимкунандаи муомилоти маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ таҳияву тасдиқ ва сохторҳои фармасевтии ба талаботи ҳозираи ҷумҳурӣ ҷавобгӯ созмон дода шуданд. Инчунин, дорухонаҳои давлатие, ки дар тобеияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Доруи тоҷик» фаъолият мекарданд, хусусӣ гардонда шуданд.
Дорухонаҳо аз ҷониби Корхонаи давлатии фурӯши амволи давлатӣ тибқи талаботи амалкунандаи ҷумҳурӣ тавассути музояда хусусӣ гардиданд. Як қисми дорухонаҳо баъди хусусигардонӣ низ самти фаъолияташонро дигар накарда, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Бояд таъкид намуд, ки зиёдшавии дорухонаҳо сабаби афзоиши нархи маводи доруворӣ ва доруҳои қалбакӣ набуда, балки боиси зиёд гардидани рақобат ва ба ин роҳ паст гардидани нархи доруворӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии фармасевтӣ мегардад. Айни ҳол, дар ҷумҳурӣ дорухонае, ки ба талаботи қонунгузории амалкунанда мутобиқат накунад, вуҷуд надорад.
Оид ба нархгузории гуногуни маводи доруворӣ дар дорухонаҳо зикр менамоем, ки тибқи сархати 11 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби ташаккулдиҳӣ ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъйиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасониҳо» соҳибкорон мустақилона нархи фурӯши яклухт ва чаканаи маводро вобаста ба хароҷоти роҳ, иҷораи бино, пардохти андозҳо ва ғайра муайян менамоянд.
Хотиррасон менамоем, ки ба салоҳияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соҳаи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ назорати давлатии сифати доруворӣ, судмандӣ, бехатарии он ва молҳои тиббие, ки дар муассисаҳои фармасевтӣ фурӯхта мешаванд, риояи меъёр ва қоидаҳои беҳдоштӣ дар чунин муассисаҳо шомил ҳастанд. Вале назорати нарх ва танзими он ба салоҳияти мақомоти дигар вогузор шудааст. Бо вуҷуди ин, борҳо дар мулоқоту вохӯриҳо бо мудирони дорухонаҳо, нуқтаҳои доруфурӯшӣ ва сардорони ширкатҳо ин масъала матраҳ гардида, нигаронии аҳолӣ аз нархҳои гарони доруворӣ ба маълумоти онҳо расонда шудааст. Аксари онҳо иброз медоранд, ки сабаби боло рафтани нархи доруворӣ андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ, ки 23 дарсади онро ташкил медиҳад, мебошад. Ҳар ширкат вобаста ба хароҷоти маводи воридшаванда, сарфи маблағи иҷора, маоши кормандон ва дигар хароҷот доруҳоро нархгузорӣ менамояд, ки дар натиҷа арзиши он боло меравад.
М. КАМОЛЗОДА, муовини вазири тандурустӣ
ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2019    №: 36    Мутолиа карданд: 321
10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед