logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. АВЛАВИЯТ БА ТАРБИЯИ ҶАВОНОН

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ шӯрои ноҳиявии мутобиқатсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷиҳати таҳлили иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» доир гардид.
Дар ҷамъомад раиси ноҳия Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, намояндагони прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, аъзои шӯро, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ изҳор дошт, ки баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии роҳбарони ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият, кормандони мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз ҷумлаи нақшаи кории шӯро дар соли 2019 мебошад.
Дар ҷаласа Муҳаммадраҳим Юсуфӣ аз сари вақт иҷро нагардидани нақшаи даъвати ҷавонон ба хизматӣ ҳарбӣ ва бемор баромадани шумораи зиёди даъватшавандаҳо изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт, ки дар даъвати тирамоҳии соли 2018 аз шумораи 200 даъватшаванда 98 нафар бо маҳдудият ба хизмат гусел карда шудаанд. Аз шумораи умумии даъватшавандаҳо танҳо 30 дарсадро сокинони ноҳия ташкил дода, боқимонда нақшаи даъват аз ҳисоби сокинони дигар ноҳияҳои пойтахт иҷро шудааст.
М. Зоирзода, комиссари ҳарбии ноҳия, иттилоъ дод, ки дар соли 2019 мутобиқи маълумоти оморӣ 1767 шаҳрванди соли таваллуди 2003 аз қайди ибтидоии ҳарбӣ гузаронда мешаванд. То 13 феврал, аллакай 1450 нафар аз комиссияи тиббӣ гузаштанд. Дар асоси хулосаи комиссияи тиббӣ 1136 нафар қобили хизмати ҳарбӣ дониста шуда, рӯйхати боқимондаҳо барои солимгардонӣ ба маркази саломатии шаҳрии № 1 фиристода шуд. Ҳамчунин, то 13 феврали соли равон ҳайати шахсии комиссариати ҳарбӣ бо раисони шаҳраку маҳаллаҳо ба 410 нафар шаҳрванди синну соли даъватӣ омӯзиш гузаронда, ба 130 нафар даъватнома супурда шуд. Баъд аз гирифтани даъватнома 42 нафар аз комиссияи тиббӣ гузаштанд, ки аз ин 16 нафар ба хизмати ҳарбӣ қобил дониста, 11 нафар барои таҳсил ба курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагӣ фаро гирифта шуданд.
Комиссари ҳарбии ноҳия пешниҳод кард, ки барои дар сатҳи баланд гузарондани маъракаи даъвати навбатии шаҳрвандони дар мавсими даъвати баҳории соли 2019 бояд ҳисси масъулиятнокии роҳбарони ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти маҳаллӣ баланд бардошта шуда, нисбат ба даъватшавандагоне, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ ва волидоне, ки дар ин масъала хунукназарӣ мекунанд, чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Ҳамчунин, даъват ба амал оварда шуд, ки шуъбаи маориф дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва комиссариати ҳарбӣ иқтидори таълимии мактабҳоро ба талабот ҷавобгӯ намуда, оид ба тайёр намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, солимгардонии шаҳрвандони синну соли даъватӣ тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ гарданд.  
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2019    №: 36    Мутолиа карданд: 334
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед