logo

муҳоҷират

Томас Ачакосо: «Шумо кори 25-солаи моро дар 1 сол анҷом дода метавонед»

Мутобиқи омори СММ, имрӯз дар ҷаҳон беш аз 200 миллион муҳоҷири корӣ мавҷуд аст. Дар гузоришҳои сершумори СММ ва Созмони ҷаҳонии кор шароитҳои зиндагӣ ва заҳмати ин одамон, ҳамчунин муносибат ба ҳуқуқҳои асосии инсонӣ ва шаҳрвандии онҳо хеле нигаронкунанда зикр гардидаанд, ба ҳаде ки ин вазъро «ғуломдории имрӯз» унвон кардаанд. Аз сӯи дигар, маблағе, ки онҳо ба ватани худ интиқол медиҳанд, ба зиндагии тақрибан даҳ дарсади аҳолии сайёра таъсири мустақим дорад, ҳаҷми он дар ҷаҳон баъд аз ҳаҷми маблағи содироти нафт дувум ба ҳисоб меомадааст. Пули муҳоҷирони корӣ аз ҳама бештар ба Ҳиндустон, Мексика, Чин ва Филиппин ворид мешавад. Дар бисёр кишварҳо маблағҳои муҳоҷирони корӣ қисмати муҳими маҷмӯи маҳсулоти миллиро ташкил медиҳанд. Ҳатто баъзе коршиносон бар онанд, ки «мӯъҷизаи иқтисодии Чин» маҳз ба шарофати муҳоҷирони корӣ имконпазир гаштааст... Пас, муҳоҷирати корӣ чист: мӯҳтоҷӣ ё дарди бахайр? Раванди муваққатӣ ё доимӣ? Мушкилзо ё мушкилкушо?
Бо истифода аз сафари навбатии Томас Ачакосо, коршиноси маъруфи байналмилалӣ дар риштаи муҳоҷират, ба Тоҷикистон аз ӯ ба пурсишҳои худ посух ҷустем.

-Ҷаноби Ачакосо, қадами Шумо ба хоки Тоҷикистон муборак бошад. Лутфан ҳадафи ин сафари худро шарҳ медодед.
-Ман айни ҳол мушовири Бонки ҷаҳонӣ ҳастам ва сафарам таҳти васояти Барномаи Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати расондани ёрии техникӣ дар амри такмили системаи муҳоҷирати берунии корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.
-Шумо, ҳамчун собиқадори соҳа, муҳоҷирати кориро аслан чӣ гуна маънидод мекунед?
-Муҳоҷирати корӣ як раванди табиист ва нерӯи асосии таҳрикбахши он тақозо маҳсуб меёбад. Ин раванд ба кишвари қабулкунанда барои ҳалли мушкилоти демографӣ ва кадрӣ зарур асту ба кишвари фиристанда –ҷиҳати коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва ҷон бахшидан ба рушди иқтисодӣ. Яъне, ин раванд, чун ҳама гуна қонуни табиии иқтисодӣ, бад ё хуб буда наметавонад. Бад ё хуб асоси ҳуқуқие буда метавонад, ки ин равандро танзим мекунад.
-Оё системаи муҳоҷирати берунии кории мо ҷавобгӯи замон аст?
-Вазъи имрӯзаи муҳоҷирати кории Тоҷикистон солҳои 70 – уми асри гузаштаи ватани ман –Филиппинро ба ёд меорад. Он замон мо ба бунёди системаи танзими равандҳои муҳоҷирати корӣ шурӯъ карда будем. Яъне шумо дар марҳилаи ибтидоии рушди ин система қарор доред. Хуб аст, ки хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Вале мебояд, ки ҳамаи вазоратҳо ва ҳатто ВАО ҷиҳати ҳалли проблемаҳои муҳоҷирон аз як гиребон сар бароранд. Ҳукумат муҳимии ин масъаларо бояд амиқ дарк намояд, ҳамчунин аз усулҳои асосӣ ва дурнамо хеле хуб огоҳ бошад, то тавонад аз имкониятҳои муҳоҷирати берунии корӣ ҷиҳати рушди иқтисоди кишвар манфиати дилхоҳ бардорад.
-Дар Тоҷикистон муҳоҷирати оммавии корӣ баъди пош хӯрдани давлати Шӯравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт. Рӯ ба муҳоҷирати корӣ овардани филиппиниҳоро сабаб чӣ буд?
-Эҳтиёҷ. Бекорӣ. Ҳамчунин ҳаваси гирифтани маоши баланд. Лекин дар тафовут аз мардикорони Тоҷикистон аксари кулли муҳоҷирони кории мо легалӣ ҳастанд. Онҳо дар доираи шартномаҳои мушаххас ба ин ё он кишвар мераванд ва аз рӯи ихтисос кор мекунанд. Зеро дар кишварҳои пазируфтаи онҳо системаи пешрафтаи қабули муҳоҷирони корӣ мавҷуд аст. Дар Русия ва Қазоқистон –давлатҳои асосии қабули муҳоҷирони кории тоҷик бошад, чунин система алҳол шакл нагирифтааст, аз ин рӯ муҳоҷират дар кишварҳои пасошӯравӣ хислати ғайрилегалӣ дорад.
-Шояд як сабаби муҳоҷирати ғайрилегалӣ набудани раводид бошад?
-Усулан, миёни давлатҳои узви ОСИАН (Иттиҳоди кишварҳои Осиёи ҷанубу шарқӣ) низ раводид мавҷуд нест. Филиппиниҳо дар сурати хоҳиш метавонанд барои кор, масалан, ба Сингапур раванд. Вале онҳо ин корро мутобиқи талаботи қонунгузорӣ анҷом медиҳанд. Мо, метавон гуфт, баъди мукаммалсозии заминаи меъёриву ҳуқуқӣ ба чунин муносибат аз сӯи муҳоҷирони корӣ муваффақ гаштем.
-Аз хусуси вижагиҳои модели филиппинӣ муфассалтар сӯҳбат мекардед.
-Ҳамааш одӣ аст. Мо дарк кардем, ки як сохтор ба танҳоӣ  наметавонад равандҳои муҳоҷиратро идора намояд. Масалан, имрӯз мо дар назди Вазорати кор Маъмурият оид ба шуғли берунӣ дорем. Ин ниҳод ба кори худ ҳамаи сохторҳои марбутаро ҷалб кард ва тамоми қонунгузории миллиро ба усулҳои байналмилалӣ мутобиқ сохт. Мо ҳамаи маъмурону вазоратҳои ба ин раванд ҷалбшударо таълим додем ва нақшу вазифаҳояшонро муайяну мушаххас намудем. Қонунҳои нав қабул кардем. Чунончи, мутобиқи яке аз онҳо филиппиниҳое, ки хоҳиши кор дар хориҷи кишварро доранд, бояд худро дар қайди Маъмурият оид ба шуғл гузоранд. Қонуни дигар ба корфармои хориҷӣ мустақиман киро кардани шаҳрванди Филиппинро манъ менамояд. Маҳз ҳамин гуна қонунҳо ба бунёди замина ҷиҳати идоракунии муҳоҷирати ғайримуташаккил мусоидат намуданд. Баъде ки заминаи қонунӣ эҷод гашт, корҳои густурдаи иттилоотиро аз тариқи ВАО роҳандозӣ кардем. Ҳатто пеш аз намоиши филмҳо иттилои мухтасар оид ба бартариҳои муҳоҷирати қонунӣ пахш мешуд. Раванди мусбат оғоз ёфт ва мо онро вобаста ба тақозои замон таҳким бахшидем.  
-Филиппин дар ибтидо чӣ қадар муҳоҷири корӣ дошт?
-Агар 35-40 соли пешро гирем, ҳудуди 50 ҳазор муҳоҷири корӣ доштем. Ва теъдоди онҳо ҳар сол тақрибан 20 ҳазор нафар зиёд мешуд. Аммо баъди соли 1982 –аз замоне ки Маъмурият оид ба шуғл дар хориҷа таъсис додем, шумораи хоҳишмандон ҳамасола садҳо ҳазор афзудан гирифт. Миёнаҳои солҳои 80-ум мо аллакай ба интиқоли солонаи ним миллион муҳоҷир муяссар шудем. Се соли охир бошад, Филиппин ҳамвора на камтар аз як миллион муҳоҷири корӣ мефиристад. Ҳозир беш аз 10 миллион муҳоҷири корӣ дорем. Қобили зикр аст, ки дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодиву молиявӣ низ ҳаҷми маблағи фиристодаи муҳоҷирони мо кам нашуд, балки афзуд. Зеро давлати Филиппин институтҳои тавоное дорад, ки ин ҷараёнро тавассути сиёсати маркетингӣ устокорона идора мекунад. Ба бахши хусусӣ ваколатҳои зиёд додем. Кормандонашон ба муҳоҷирон ихтисосҳоеро омӯхтанд, ки дар бозорҳои ҷаҳонии кор дар шароити бӯҳронӣ ба онҳо эҳтиёҷи бештар пайдо шуд. Имрӯз дар Филиппин қадру ҳайсияти кор дар хориҷа ба ҳадде боло рафтааст, ки насли ҷавонро пурсӣ «дар оянда кӣ шудан мехоҳӣ» дар ҷавоб «пизишк», «милиса», «муҳандис» ва монанди инҳоро намешунавӣ, балки дар аксари кулли маворид посух чунин аст: «муҳоҷири корӣ».
-Оё ин сиёсати дуруст аст?
-Бале. Айни ҳол шуғл дар хориҷи кишвар яке аз омилҳои асосии коҳишдиҳандаи бекорӣ мебошад. Муҳоҷирати корӣ барои хонаводаҳо дар ҳақиқат зудтарин роҳи бурунрафт аз фақр ва беҳсозии вазъи молиявӣ шинохта шудааст. Филиппин мисли Тоҷикистон кишвари қашшоқ аст. Бо вуҷуди заҳматҳои сангин ва пайваста давлати мо низ наметавонад талаботи ҳамаи корхоҳонро, ки теъдодашон ҳар сол садҳо ҳазор меафзояд, бароварда созад. Аз тариқи сармоягузорони хориҷӣ бошад, ин мушкилро пурра ҳал наметавон кард. Дар аксари ҳолатҳо сармоягузорони хориҷӣ, чун ҳама соҳибкорон, мекӯшанд харҷи нерӯи кор ё худ теъдоди коргарон камтар бошад. Бо шомил сохтани таҷҳизоти нави замонавӣ онҳо ба коҳиши ҷойҳои кор дар корхонаҳои худ даст меёбанд.
-Муҳоҷирони филиппинӣ бештар дар кадом давлатҳо заҳмат мекашанд?
-Бештар дар Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Қатар, Кувейт, Уммон, Ҷопон, Сингапур, Малайзия, Амрико, Канада, Британия... Масалан, дар Арабистони Саудӣ як миллиону дусад ҳазор муҳоҷири корӣ дорем.
-Онҳо дар кадоме аз ин давлатҳо худро роҳаттар эҳсос мекунанд?
-Соли гузашта дар як мулоқот ман аз муҳоҷирони корӣ оид ба шароити кор ва моҳона суоле карда будам. Дар посух гуфтанд, ки худро дар Арабистони Саудӣ ва кишварҳои соҳили Халиҷи Форс хеле роҳат эҳсос мекунанд. Вале моҳонаи хуб дар Амрико ва Британия мегирифтаанд. Роҳатӣ, фикр мекунам, дар Арабистони Саудӣ аз он ҳисоб аст, ки он ҷо теъдоди зиёди ҳамватанони мо кор мекунанд, ҳатто дар баъзе беморхонаҳо аз сарпизишк гирифта то фаррош ҳама филиппинианд. Онҳо худро дар ҳалқаи ҳамватанон, табиист, ки хуштар эҳсос менамоянд.
-Воқеан дар Тоҷикистон ҳам нияти муҳоҷирати корӣ ба Арабистони Саудиро доранд. Дурнамои ин иқдомро чӣ гуна ҳадс мезанед?
-Арабистони Саудӣ, чун дигар давлатҳои соҳили Халиҷи Форс, аз ҷумлаи кишварҳои асосии қабули муҳоҷирон маҳсуб меёбад. Мутобиқи маълумоти СММ, имрӯз дар ин кишварҳо беш аз 13 миллион хориҷӣ ба сар мебарад. Мардуми омада асосан муҳоҷирони корӣ ҳастанд. Онҳо 35 дарсади нерӯи кории Арабистони Саудӣ (мутобиқи маълумоти дигар то 60 дарсад, дар бахши хусусӣ беш аз 90 дарсад), 44 дарсади Баҳрайн (ғайрирасмӣ 50-60 дарсад), 80 дарсади Кувейт, қариб 90 дарсади Қатар, беш аз 90 дарсади Амороти Муттаҳидаи Арабро ташкил медиҳанд. Рақобат ин ҷо барои соҳиб шудан ба ҷойи кор хеле шадид аст. Ин рақобат ҳар рӯзу ҳар соат эҳсос мешавад. Онҳое, ки аз Тоҷикистон барои кор, масалан, ба Арабистони Саудӣ рафтанианд, бояд забонро донанд, мутахассисони баландпоя бошанд, исбот карда тавонанд, ки дар бозори кор аз «бозигарон»-и кӯҳна ба монанди ҳиндуҳо, покистониҳо, филиппиниҳо ва амсоли инҳо бартаранд.
-Аз муҳоҷират асосан худи муҳоҷирон нафъ мебинанд. Ҳадаф аз тадбирҳои густурдаи давлат ҷиҳати дастгирии онҳо чист –оё пешгирии таркиши иҷтимоии эҳтимолӣ?
-Албатта, манфиати муҳоҷирати корӣ барои худи муҳоҷир ва аҳли хонаводаи ӯ бебаҳс аст. Вале давлат на танҳо ташаннуҷи иҷтимоиро коҳиш медиҳад. Масалан, имрӯз аз 90 миллион аҳолии Филиппин беш аз даҳ дарсад берун аз кишвар кор мекунад. Соли гузашта мутобиқи омори расмӣ онҳо ба ватани худ 16 миллиард доллари ИМА ворид сохтаанд. Ба андешаи коршиносони соҳа бошад, миқдори маблағи интиқолшуда дастикам ду баробар зиёд аст. Ҳатто ҳамон 16 миллиард ба 12 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад. Маблағҳои воридшуда қурби пули миллиамонро мустаҳкам нигоҳ медоранд, ба рушди рӯзафзуни соҳибкории хурду миёна мусоидат мекунанд. Давлат муҳоҷирони кориро барои харидани коғазҳои қиматноки давлатӣ ва саҳмияҳо ҳавасманд намудааст. Бахши сохтмон дар Филиппин пурра аз ҳисоби маблағҳои муҳоҷирон рушд дорад...
-Оё дар Филиппин бар асари муҳоҷирати кории шумораи зиёди мардҳо бӯҳрони демографӣ ба вуҷуд наомадааст?
-Мақсади Шуморо фаҳмидам. Бояд гуфт, ки дар мо ҳам таърихан таъмини рӯзгор асосан бар дӯши мардҳост. Вале эҳтиёҷи иқтисодӣ ва тақозоҳои зиндагӣ миллионҳо зану духтари филиппиниро низ ба кишварҳои дигар бурдаанд. Солҳои охир беш аз нисфи муҳоҷирони кории моро намояндаҳои ҷинси латиф ташкил медиҳад. Албатта,  филиппиниҳо  ҳам  хуш  доранд, ки бо ҳаммиллатҳои хеш оила барпо созанд, вале чӣ чора –мо низ ҷузъи глобализатсия ҳастем. Дар Тоҷикистон вазъ дигаргуна аст, бояд давлат дар ин масъала тасмимоти зарурӣ бигирад.
-Тоҷикистон ҷиҳати идоракунии муваффақонаи раванди муҳоҷирати корӣ ба чӣ гуна сохтор ниёз дорад?
-Дар ин маврид ҳар давлат дидгоҳи худро дорад. Вале таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар ин кор ниҳоди нимамухтор ё мустақил ба мақсад мувофиқтар аст. Мо 25 сол заҳмат кашидем, то системаи худро пурра эҷод кардем. Вале шумо ин корро дар зарфи як сол анҷом дода метавонед, ба шарте иродаи сиёсӣ бошад. Ман дар гузоришҳоям аз хусуси сабақҳои андӯхтаамон, азобҳои кашидаамон, ғалатҳои кардаамон ва роҳҳои дурусти ҳалли мушкилоти соҳа равшану возеҳ навиштаам. Онҳое, ки имрӯз дар Тоҷикистон масъулияти пешбурди соҳаро ба зимма гирифтаанд, шонси таърихии ба давлату миллат хидмати шоиста карданро доранд. Шонсро аз даст надиҳем.

Камоли ҚУРБОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1331

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед