logo

Хабарҳо

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гаштани солҳои 2019 – 2021 ҷаласаи якҷояи Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар он раиси кумита Нуъмон Абдуғаффорзода, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок карданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ташкили инфрасохтори ба талабот ҷавобгӯ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, истироҳатгоҳҳо, норасоии мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ дар ин соҳа, бештару беҳтар тарғиб намудани имкониятҳои сайёҳии вилоят дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ, фаъол намудани хатсайрҳои сайёҳӣ ба вилоят, ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ, таъсиси сомонаҳои алоҳидаи сайёҳии шаҳру ноҳияҳо ва маблағгузорӣ намудани «Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020» дар сатҳи маҳал ва ғайра мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр гашт, ки баргузории курсҳои омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани касбият ва тахассуснокии масъулини соҳа, инкишоф додани сайёҳии кӯҳнавардӣ, бунёди базаҳои кӯҳнавардӣ дар мавзеъҳои кӯҳӣ, рушди инфрасохтори деҳот, бунёди меҳмонхонаҳои хурди қабули сайёҳон, дар мавзеъҳои кӯҳӣ ташкили омӯзишҳо бо ҷалби соҳибкорон дар самти тарғиби тиҷорати сайёҳӣ, ташкили фазои мусоиди сармоягузорӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба инфрасохтори сайёҳӣ, фароҳам овардани шароит барои рақобатнокӣ дар самти хизматрасонӣ ба сайёҳон аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки роҳандозии онҳо ба рушди соҳа дар вилоят такони ҷиддӣ мебахшад.
Тибқи натиҷаҳои ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯрии роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ бо соҳибкорон баргузор карда шуда, дар заминаи имтиёзҳои фароҳамовардаи Роҳбарияти Олии мамлакат соҳибкорони минтақа барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ ба таври васеъ ҷалб карда шаванд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 223

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед