logo

фарҳанг

ТУЛӮИ АВҶИ ФИТРАТ ДАР "УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ"

Дар китоби арзишманди Пешвои муаззами миллат, ки бо номи «Уфуқҳои истиқлол» чанде қабл ба табъ расид, перомуни комёбиҳои беназири мамлакатамон дар чаҳоряк асри Истиқлолияти давлатӣ, давраи эҳё – барқарорсозии давлати навини миллии тоҷикон, рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва натиҷаҳои умедбахши он, ваҳдати комили миллӣ, манфиатҳои миллию сиёсати хориҷӣ, мақоми Тоҷикистон дар дунёи муосир ва фардои дурахшони кишвари соҳибистиқлоламон сухан меравад.
Дар асари мавриди назар мазмун дар миёни зермавзӯъҳо тавре тарҳрезӣ шудааст, ки авҷи фитрат эҳсос мегардад ва уфуқи андеша бо тулӯи хеш музаффариятҳои давлати навини миллиро дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо комрониҳо бозтоб менамояд ва аз ҳамин дидгоҳ бо назардошти таҳлили доманфарохи мафҳуми «Истиқлолияти давлатӣ» асари мазкур «Уфуқҳои истиқлол» номгузорӣ шудааст. 
Дар асар омадаст: «Мушоҳидаҳо ва таҳлилҳо собит месозанд, ки сарфи назар аз мушкилот, дар ин давра барои рушди босуботи илм ва маориф, ба роҳ мондани технологияҳои муосир бо истифода аз неруи илмии ҷумҳурӣ, аз дастовардҳои олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавию мактабҳои олӣ баҳри дар истеҳсолоти ватанӣ ҷорӣ намудани дастовардҳои олимони тоҷик корҳои муайян ба анҷом расонида шудаанд».
Ва чунон ки зикр гардидааст, аввалин санади танзимкунанда дар соҳаи маориф Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» буд, ки лоиҳаи он 26-уми августи соли 1991 интишор ёфта, мавриди муҳокимаи умум қарор дода шуд...
Вобаста ба авзои сиёсӣ қонуни мазкур 27 декабри соли 1993 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Дар боби сеюм вазъи сангини иҷтимоии охири солҳои 90-ум, сатҳи ниҳоят пасти зиндагии мардум ва вобаста ба ин ҳолатҳои ногувори муассисаҳои таълимӣ, ки 35% -и бачагони синни мактабӣ ба таҳсил фаро гирифта намешуданд, фаъолият накардани кӯдакистонҳо, мактаб - интернатҳо ва дигар шароитҳои вазнини аҳолии мамлакат ба таври муфассал арзёбӣ шудаанд.
Чунин шароитҳои ногуворро ба эътибор гирифта, Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати бартараф намудани монеаҳо дар ин роҳ тамоми имкониятҳои мавҷударо мавриди истифода қарор дод. Барои мисол, муаллиф далелҳои шаръиро ба таваҷҷуҳи хонанда пешкаш менамояд: «… маблағгузорӣ сол то сол афзуда, (манзур соҳаи маориф аст - Х. Қурбонзода) аз 41 миллион сомонии соли 2000-ум то соли 2012 ба 1,6 миллиард сомонӣ расонида шуд ва дар соли 2016 бошад, барои ин соҳа танҳо аз ҳисоби Буҷети давлатӣ зиёда аз 3146,2 млн. сомонӣ ҷудо гардид, ки ин нисбат ба соли 2015 7,8% зиёд мебошад».
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагон-хонаҳо ва биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ қарор доранд», ки аз 28-уми августи соли 2008 қабул гардид, сохтмону азнавсозии 804 бинои муассисаҳои таълимӣ бо маблағи 590 миллион сомонӣ ба роҳ монда шуд ва бо мақсади амалӣ гардидани ин барнома зиёда аз 665 бинои таълимӣ азнавсозӣ шудааст.
Раванди андешидани тадбирҳо ҷиҳати рушди муассисаҳои томактабӣ низ ҳамчун заминаи асосӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои баъдии таълимӣ аз мадди назар дур нарафта, ин ҷараён пайваста рӯ ба инкишоф дорад, - гуфта мешавад дар асари мавриди таваҷҷуҳ.
Бо тақозои замони муосири таҳсилот давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаҳои муҳиму саривақтиро оид ба беҳбудии сатҳу сифати таълим ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ба тасвиб расонд, ки зикри онҳо ба маврид аст, аз ҷумла: «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022».
Ҳамчунин, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон ба таври доимӣ ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва ҳар чи бештар шинос намудани онҳо бо технологияҳои муосири таълим пайваста сухан рафта, рушди муассисаҳои такмили ихтисос дар мадди назар аст.
Ва ин дастовардҳо дар соҳаи маориф хулоса шуда, муаллиф меафзояд, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ соҳаи маориф рушд карда, симои худро ба куллӣ тағйир дод, ба низоми муайян даромад, ба дастовардҳои назаррас ва муҳиме ноил гардид, ки ҳамаи онҳо аз баракати соҳибистиқлолӣ ва заҳматҳои аҳли маорифу шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин марҳилаи сарнавиштсози таърихӣ мебошанд.
Пешвои муаззами миллат дар охирсухани китоб - Нигоҳе ба фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол назари мутафаккиронаи хешро ба таври мухтасар хулоса намуда, бо эътимоди қавӣ ба неруи бузурги халқи бузургворамон ва тафаккури миллӣ сареҳан таъкид менамоянд:
«Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд. Аз ин рӯ, ҳифзи Озодию Истиқлолият ва манфиатҳои миллию давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад».
Бо назардошти аҳамияти муҳими мазмуну мундариҷаи китоби “Уфуқҳои истиқлол” раёсати Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф минбаъд дар самти дар ҳаёт татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат чунин тадбиҳоро роҳандозӣ намуданист:
- таҳия намудани дастури омӯзишӣ барои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос тавассути семинарҳои махсус;
- дар заминаи китоби “Уфуқҳои истиқлол” баргузор намудани конференсияи умумиҷумҳуриявӣ бо ҷалби ҳайати омӯзгорони соҳибтаҷриба ба муносибати 30 - солагии Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба роҳ мондани ташвиқу тарғиби асари мавриди назар тавассути васоити ахбори омма аз ҷониби донишмандон - мутахассисони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва зерсохторҳои он.
Хоналӣ ҚУРБОНЗОДА, ректори Донишкадаи
ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии
кормандони соҳаи маориф


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2019    №: 37    Мутолиа карданд: 242

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед