logo

туризм

МУЪҶИЗАҲОИ ДИЁРИ ХОВАЛИНГ

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими  бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади тараққӣ додани соҳа, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии кишвар ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ солҳои 2019 - 2021- ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.
Дар ҳамаи минтақаҳои кишвар маконҳои сайёҳӣ зиёданд. Аммо ноҳияи Ховалинг дар байни шаҳру ноҳияҳои кишвар аз ҷиҳати зебоӣ ва арзишҳои дигари сайёҳӣ камназир аст. Кайҳост, ки ёдгориҳои беназири фарҳангию таърихӣ ва манзараҳои нотакрори Ховалинг мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиву дохилӣ қарор гирифтаанд. Зиёратгоҳҳои таърихию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ, Хоҷа Айюби Ансорӣ, Авлиёи Зелолак, Саид Амир Шафеӣ, Неъмони Парвозӣ, Саид Амири Фиғонӣ, осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ дар дараи Мухтор, осорхонаи таърихӣ - кишваршиносӣ дар маркази ноҳия, боқимондаҳои шаҳри Мунк, мавзеъҳои биҳиштосою афсонавии Чилчанор, Ҳазрати Шоҳ, Чепи Вол, Қазған, Сурсақова, Санги Рама, Занбӯрак, Кӯлдара, Ёкунҷ, Хонақоҳи Севодара, Баландсар, Харгӯшон ва даҳҳо ёдгориҳои таърихию табиӣ ба ҳар бинанда як ҷаҳон таассурот мебахшанд.
Ховалинг, дарвоқеъ, нисбат ба аксари шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои фарох дорад. Ҳамин аст, ки давоми солҳои охир шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб кардааст. Дар фаслҳои баҳору тобистон рӯзе то 200 сайёҳ аз ҷойҳои таърихиву муъҷизабори ноҳия дидан мекунад.

СУЛТОН УВАЙСИ ҚАРАНӢ
Соли 2006 бо иқдом ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақбараи Султон Увайси Қаранӣ бо мақсади ҳифзу эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва ба ин васила тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ, худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва эҳтироми мероси миллии фарҳангӣ аз нав обод карда шуд. Мардуми кишвар мазори ҳазрати Султон Увайси Қараниро макони муқаддас мешуморанд. Марқади он 18 километр аз маркази ноҳия дар деҳаи Мазори Султон ҷойгир мебошад. Мақбараи аз нав эъморшуда дорои гумбази тиллоӣ, роҳравҳои зебо буда, ҳамзамон, дар ин мавзеи зебо меҳмонхона, ошхонаву ҷойҳои истироҳатӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ муҳайёанд. Гуногунии манзараҳо, чашмаҳои оби шифобахшу табиати дилангезу афзункори ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳон, хусусан зоиронро ба худ ҷалб менамояд. Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ яке аз бузургтарин симоҳои ҷаҳони ислом мебошад, ки чун авлиёи барҳак, парҳезгор ва орифи бузург дар байни мусулмонони олам шуҳрат дорад. Номи аслии бузургвор Увайс буда, Султон унвони ифтихориву баландмартабагии ӯ нисбат ба дигар шайхону авлиёҳои замонаш аст. Зиёда аз ҳазору чорсад сол мешавад, ки мазори  Султон Увайси Қаранӣ дар Ховалинг аст. Ҳар сол ҳазорҳо одамони ихлосманд ин макони муқаддасро зиёрат мекунанд.

ЧИЛЧАНОР
Чилчанор мисли ҷазираи сабзест миёни шаҳраки Ховалинг ва мавзеест басе дилкушо. Чилчанор тасвири чил сипоҳие аст, ки оби поку мусаффои чашмаро беш аз ҳазор сол посбон аст. Дар бораи ин дарахтони табиию таърихӣ дар байни мардум нақлу ривоятҳои зиёде мавҷуд мебошад. Аксари мардум чанорҳоро ҳазорсола меҳисобанд. Аз ҷумла нақл аст, ки дар замони ҳукмронии ҳокими Хатлон Мизробшоҳ 40 ҷавонаскари ӯ дар набарде шаҳид шудаанд. Пас барои поси хотири ин ҷавонмардон Чилчанор бунёд ёфтааст. Чилчанор муъҷиза аст. Чанд боре, ки чанорҳоро ҳисоб кунӣ, ё 39 ё 41 ё 42 адад мебарояд. Шоири асри XIX Бозори Ховалингӣ  навиштааст:
Ба зери Чилчанор гулҳо муаттар,
Равон аст чашмае чун ҳавзи Кавсар.
Асрҳои аср Чилчанори таърихиву табиии зеботабиат макони ба ҳам омадани аҳли фарҳанг, истироҳатгоҳ, маркази тарғибу ташвиқот ва хушиву хурсандӣ буд. Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидояту дастгирии Пешвои миллат Чилчанори машҳури Ховалинг ҳамчун як гӯшаи фараҳфизо боз бештар рӯ ба ободӣ ниҳод.
Сокинони меҳмоннавози Ховалинг сайёҳону зоиринро бо дасту дили кушод ва нону намак қабулу гусел мекунанд.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2019    №: 37    Мутолиа карданд: 1404
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед