logo

энергетика

Роғун - имтиҳонгоҳи номус ва ҳамбастагии миллӣ

Тоҷикистон дорои захираҳои саршори нафту газ нест ва мӯҳтоҷ ба вуруди ин моддаҳои ҳаётӣ аз хориҷа мебошад. Аз дигар сӯ агарчӣ ҳудуди 60 дарсади захоири обии минтақаро дорост, фақат аз 5 дарсади он баҳра бармедорад ва аз ин лиҳоз тирамоҳу зимистони ҳар сол бо камбуди нерӯи барқ (1,8- 2 миллиард кВт-соат) рӯбарӯст ва аксари корхонаҳо ҳам аз бебарқӣ, аз бенерӯӣ аз фаъолият бозмондаанд. Рӯиҳамрафта ҷумҳурӣ ба 8-9 миллиард кВт нерӯи барқ ниёз дорад. Давлат бо назардошти ин чолишҳои бӯҳронзо ва манбаъҳои азими энергияи обӣ истиқлоли энергетикиро калидитарин унсури истиқлоли миллӣ баршумурда, чанд сол аст, ки дар ин росто гомҳои устуворе бармедорад.
1 декабри соли 2009 Ӯзбекистон аз шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Миёна ғайричашмдошт хориҷ шуд, ки ба он 83 нерӯгоҳи барқии обии панҷ кишвари минтақа шомил буду бо ҳам мубодилаи барқ доштанд, захираи обанборҳоро танзим мекарданд , вале бо ин амал ин силсилаи воҳид аз ҳам гусаст ва пора-пора шуд. Ҷумҳурии мазкур бо кашидани хати интиқоли барқи «Ғузор-Сурхон» изҳор дошт, ки дигар ба барқи Тоҷикистон эҳтиёҷ надорад ва худро худ хуб таъмин мекунад. Қаблан  барқ ба вилояти Сурхондарё аз ҷумҳурии мо ворид мешуд. Таҳлилгарон инро як иқдоми сиёсӣ ангоштанд, ки Тошканд бо тасмими ногаҳониаш хоҳон буд бӯҳрони энергетикии Тоҷикистонро вориди марҳилаи тозае кунад ва ноамнию бесуботӣ эҷод намояд.
Аммо чанд рӯз қабл аз он – 29 ноябр хати интиқоли барқи баландшиддати 500-киловолтаи «Ҷануб-Шимол», ки  386 километр дарозӣ ва 281 миллион доллар арзиш дошта, дар муддати ҳафт сол хароҷоташ пӯшониш мешавад ва се хати интиқоли барқи 220-киловолта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва шабакаи ягонаи энергетикии Тоҷикистон ташкил ёфт, ки дар амри иттисолу иттиҳоди қудсии ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ баъди роҳандозии нақби «Истиқлол» як падидаи таърихии бузург маҳсуб мешавад.
Бунёди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», 50 нерӯгоҳи хурд ва хати интиқоли барқи 220-киловолтаи «Лолазор-Хатлон» ҳам нақше дар  амри дастёбӣ ба истиқлоли энергетикӣ доранд. Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» дорои иқтидори 670 мегаватт буда, дар қаламрави ИДМ калонтарин тарҳи муштараки гидроэнергетикӣ аст. Аммо сармояи Русия дар ин иншоот беш аз 75 дарсадро ташкил медиҳад.
Биноан Сардори давлати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки Роғун - мӯҳташамтарин нерӯгоҳи барқи обии Осиёи Марказиро, ки тибқи лоиҳа баландии сарбандаш 335 метр буда, 6 агрегаташ дар маҷмӯъ 13,1 миллиард кВт -соат барқ тавлид мекунад, бо такя ба заковату нерӯву сармояи худӣ бунёд намояд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сардори давлат, дар суханронии хеш дар маросими ба истифода додани хати баландшиддати интиқоли барқ дар вилояти Суғд сохтмони нерӯгоҳи Роғунро ҷабҳаи созанда эълон карда, аз тамоми мардуми кишвар, аз ҳар фарди бонангу номус ва ватандӯст барои пуштбонӣ аз ин иқдом даъват ба амал овард.
Ин ибтикори ҷасурона ва меҳанпарварона баъзе аз маҳфилҳои сиёсиву иқтисодии дохиливу хориҷиро ба ҳайрат гузошт: оё имкон дорад Тоҷикистони имрӯза ақаллан даври якуми нерӯгоҳи Роғунро, ки 780 миллион доллар арзиш дорад, бо нерӯву сармояи худ созад? Ин даста ба далели гирифтории беш аз ними аҳолии ҷумҳурӣ дар фақри иқтисодиву маънавӣ сохтусози ин нерӯгоҳро дар муддати муқаррар дур аз ақлу мантиқ ва ҳатто хаёлпарастии маҳз медонанд.
Аммо иродаи сиёсии аксари қотеи миллати тоҷик чунин аст: мо Роғунро месозем! Солҳои сиюму панҷоҳуми асри гузашта мо ба умеди зиндагии беҳтар бо шиками гурусна аз тариқи ҳашар бо белу зоғнӯл роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ ва Душанбе-Хуҷандро сохтем ва каналҳои калони Фарғонаву Ҳисорро кандем ва водии Вахшро зарнисор кардем. Имрӯз мо дар як пояи баландтаре аз рушди иқтисодию маънавии худ қарор дорем. Худои Ҳаким имрӯз моро ба як имтиҳони азиму хатир мувоҷеҳ кардааст: мо ногузирем, ки нерӯгоҳи тақдирсозу наҷотбахши Роғунро барафрозем!
Воқеан бунёди нерӯгоҳи Роғун имрӯз ба масъалаи ҳаёту мамоти миллати тоҷик табдил ёфтааст. Роғун алтернатив надорад. Ё мо Роғунро месозему озоду сарфароз сарнавишти худро куллан ба дасти худ мегирем ва ё сарзеру сарнагун бозичаи дасти дигарон хоҳем буд!
Сергей Шматко, вазири энергетикаи Федератсияи Русия, раиси бахши русиягии Комиссияи байниҳукуматии оиди ҳамкории миёни ду кишвар, ки 20 октябри соли 2009 ба Душанбе ташриф овард, изҳор дошт: «Мо аз талоши Тоҷикистон, ки сарфи назар аз бӯҳрони иқтисодию молии ҷаҳонӣ дар танҳоӣ мехоҳад Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро, ки ғӯли энергетикист, бунёд кунад, ба ҳаяҷон омадаем».
Бетардид дар ин маврид чакомаи машҳури Аллома Иқболи Лоҳурӣ - он бузург сарояндаи истиқлолу озодии мусалмонони олам ба ёд меояд:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Асрҳо мо барои дигарон мекиштем ва юғи асорат ба гардан доштем, вале ҳаждаҳ сол аст, ки ҷидду ҷаҳд дорем тақдири худро ба дасти худ бинависем ва аз рӯшаноии озодиву истиқлол - бебаҳотарину бебадалтарин неъмати заминӣ файзёб шавем. Аз як имтиҳони бисёр сангин- ҷанги бародаркушии панҷсола берун омадему бо басиҷи нерӯҳои миллӣ дар сарзамини ниёгони хеш аз нав парчами сулҳу салоҳ, сафову нур, оромиву ромишро барафрохтем, Тоҷикистон якпорча боқӣ монд ва миллати мо ба бақои таърихии худ идома дод. Инак боз имтиҳони душвори дигар: Роғунро бояд созем ва ба истиқлоли энергетикӣ даст ёбем! Набояд ба дигарон умед баст, ба худ боистӣ бовар кард, ба қудрату даҳои худ бовар кард, ба ояндаи рӯшани Меҳани азизи худ бовар кард.
Роғун барҳақ имтиҳонгоҳи номус ва ҳамбастагии миллист. Дар ҷанги шаҳрвандӣ дарёфтем, ки набояд дигар дастхуши қудратҳои хориҷӣ бошем, ки хосторанд аз тоҷик номеву нишоне намонад ва кинаву адоватро канор гузошта аз сидқ дасти ҳамдигарро фишурдем. Инак Роғун низ   корзори шарафу ваҳдату ифтихори миллист. Роғун бузургмайдони миллатсозист. Агар мо аз ин марзи  номус бо сари баланд берун оем, ҳамраъйиву ҳамдилии мо, бешак,  вориди марҳилаи ҷадиде хоҳад шуд. Ҳақиқати бечунучаро ин аст, ки ҳамбастагӣ зомини бақои ҳар миллат мебошад. Ҳар миллате ки маҳрум аз ҳамбастагист, дучори гусастагист ва ночор тӯъмаи қавмҳои ҳамбастаи бартар хоҳад шуд.
Корогоҳон бунёди нерӯгоҳи Роғунро, ки сарнавиштсозтарин падидаи иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон дар нимаи аввали даҳаи дуюми асри бисту якум ба шумор меояд, яқинан рамзу намоди миллӣ ангоштаанд. Пас ормони миллӣ чист?  Ормони миллӣ як мафҳуми муҷарраду мавҳум нест. Ормони миллӣ таҳаққуқи воқеии истиқлол ва озодии миллист. Ҳар иқдоми амалие, ки моро ба истиқлоли ҳақиқӣ наздиктар месозад ва ҳар кори шоистае, ки ба гузоштани як хишти мустаҳкам дар кохи озодии ростин меанҷомад, ҳалқаест дар силсилаи ормони миллӣ.
Алъон истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мо навпост ва пойдор нест, мо вобастаи як идда кишварҳои хориҷӣ ҳастем ва кам-кам бояд вобастагиҳоро ба ворастагиҳо табдил диҳем. Ин рисолати миллии хеле сангин аст, вале имконпазир.
Тавре ки зикр шуд, барои корандозии ду агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун 780 миллион доллар даркор аст. Ин сармояи ҳангуфтро аз куҷо метавон пайдо кард?
Давлат аз буҷети соли 2010 барои Роғун 650 миллион сомонӣ (тақрибан 148 миллион доллар) ҷудо карда, ки 22 дарсад аз сармоягузории соли 2009 зиёд аст. Бар илова тибқи муҳосибаи мақомоти расмӣ, дар ҷумҳурӣ 2 миллиону 147 ҳазор нафар соҳиби коранд ва ҳар моҳ маош дарёфт мекунанд. Ҳисоби миёнаи моҳонаи онон 80 доллар аст ва агар як моҳонаи тамоми намояндагони ин гурӯҳ ба суратҳисоби Роғун ворез шавад, 171 миллиону 760 ҳазор доллар ҳосил мешавад.
Вале, мутаассифона,  беш аз 50 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар ҳоли нодорӣ ба сар мебаранд ва табъан қудрати молие надоранд, ки дар сохтмон саҳм бигиранд. Дар ин ҳол сармояи боқимондаро дар куҷоҳо метавон ҷустуҷӯ кард?
Як сарчашмаи азими дороии ҷумҳурӣ қишри миллиондорон мебошад. Тибқи иттилооти ғайрирасмӣ, шумори онҳо аз  ҳазор гузашта ва амволи манқулу ғайриманқулашон аз чанд миллион то марзи як миллиард доллар расида ва дар маҷмӯъ дар ихтиёри худ даҳҳо миллиард доллар доранд ва бо он  чандин  Роғунро метавон сохт.
Ононе ки рӯзашон сирфан ба маошашон бастагӣ дорад, имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ омодаанд довталабона як моҳонаи худро ба суратҳисоби Роғун интиқол диҳанд. Аммо айб аст, ки соҳибони сармояҳои ҳангуфт дар ин айёми бӯҳронии Ватани азизи хеш фақат бо пардохти як маош ва хариди чанд саҳмия дар як сол иктифо варзанд. Рӯихати миллиондорон ва миқдори сармояи тахминии эшон бояд дар ихтиёри идораҳои марбута бошад. Бо ин даста давлат дар ин замина бояд гуфтугӯ анҷом диҳад ва агар зарур бошад,  барои ҳар кадоме аз онҳо мувофиқи сарваташ саҳми ҳатмӣ барои ҳар сол то анҷоми комили иншоот муайян кунад.
Аз ин иқдомоти ноилоҷ бисёр давлатҳо дар ошуфтатарин даврони мавҷудияти хеш истифода кардаанд. Чун Франклин Рузвелт миёнаи солҳои сиюми асри қаблӣ ба арикаи қудрати сиёсии ИМА нишаст, ин кишвар бо рукуди иқтисодии камназир дасту панҷа нарм мекард ва онро дар таърих «депрессияи азим» унвон намудаанд. Рузвелт ба қасди фоиқ омадан ба бӯҳрони фарсоишӣ ва наҷоти Амрикову амрикоиён ночор андози афзояндаро дар кишвар ҷорӣ кард, ки тибқи он ҳар кӣ сармояи бештар дорад, андози бештар мешуморад ва ин сиёсати иқтисодии ғайримунтазира мӯҷиби норизоятии олигархияи молӣ ва ҳатто коршикании онҳо гардид, аммо давлат иҷборан сиёсаташро ниҳодина сохт ва бад-ин лиҳоз ИМА ором-ором ба абарқудрати иқтисодию сиёсии ҷаҳон табдил ёфт ва то соли 2007 дучори касод нагашт. Аз сиёсати ҳаммонанди ин Владимир Путин ҳам дар солҳои оғозини раёсати ҷумҳуриаш истифода кард.
Дигар сарчашмаи файёзе, ки аз он метавон сармояи калон ба даст овард, муҳоҷирони кории тоҷикистонианд, ки дар Русия ва сойири кишварҳои узви ИДМ зиндагиву кори доимӣ ва ё муваққатӣ доранд. Тибқи омори расмӣ, теъдоди онон батахмин 600 ҳазор мебошад, аммо манбаъҳои мустақили дохилӣ ва хориҷӣ ин шуморро то ба 1,5 миллион медонанд. Соли 2008 ҳудуди 2 миллиарду  ҳафтсад миллион доллари муҳоҷирон ба ҷумҳурӣ сарозер шуд, соли 2009 ба иллати бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ин рақам  сӣ дарсад коҳиш ёфт.  Ба ҳисоби миёна агар як миллион нафар муҳоҷир соле сад доларӣ (хориҷ аз андози бонкӣ) ба суратҳисоби Роғун интиқол диҳад, ҳар сол 100 миллион доллар сарозер хоҳад шуд. Дар басиҷи муҳоҷирони корӣ ба ин амри хайр бояд сафоратҳои ҷумҳурӣ дар кишварҳои узви ИДМ ва ҷамъиятҳои тоҷикистониён нақши фаъол дошта бошанд.
Ба ақидаи мо, манфиати миллӣ дар марҳилаи ҳассосе аз таърих тақозо мекунад, ки сохтусози бинои бисёре аз идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои  давлатӣ то бунёди комили Роғун муваққатан мутаваққиф шавад ва сармояи ҳосиларо метавон сарфи нерӯгоҳ кард.
Аз ҷазби маъқули сармояи хориҷӣ низ мешавад ба кор гирифт. Аз ҷумла як мақоми расмии Русия изҳор дошт, ки ин кишвар асло аз мушорикат дар бунёди нерӯгоҳи Роғун ҷавоби рад надодааст ва дар ҷустуҷӯи роҳкорҳои ширкат дар сохтусози он мебошад.
Сиёсати давлат дар иртибот ба бунёди нерӯгоҳи Роғун бо иттако ба сармояи миллӣ комилан солиму созанда аст. Мо ин сиёсати истиқлолхоҳӣ ва  сарфарозиҷӯиро дар сохтусози нерӯгоҳҳои Зарафшон, Шӯроб, Даштиҷум ва корхонаҳои калон сармашқи фаъолияти худ бояд  қарор диҳем.
Роғун имрӯз барҳақ майдони миллатофаринист. Агар мо муттаҳид шавем, мисли кӯҳи Помир ҳамеша бешикаст ва мисли рӯдхонаи Ому ҳамеша хурӯшон хоҳем буд. Худо бо мост, мо,  бешак, Роғунро месозем!

Фотеҳи АБДУЛЛОҲ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 680

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед