logo

Хабарҳо

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Бо қарори бюрои кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқоти имсолаи Чемпионати кишвар миёни дастаҳои Лигаи олӣ 6-уми апрел оғоз меёбад.

Ба иттилои ФФТ, дар мавсими нав дар Лигаи олӣ ҳашт даста – «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хатлон» (Бохтар), КМВА «Помир» (Душанбе), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Истаравшан» (Истаравшан)  ширкат меварзад.
Мусобиқоти имсола низ аз се давра иборат хоҳад буд. Ҳар як даста 21 бозӣ анҷом медиҳад. Лигаи футболи Тоҷикистон рӯзҳои наздиктарин тақвими бозиҳоро таҳия хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, чемпионати соли гузашта бо пирӯзии «Истиқлол» (Душанбе) анҷом ёфта буд.

СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН. «Истиқлол» ва «Хуҷанд» барои он мубориза мебаранд
Бо қарори бюрои кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон 29-уми март бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон – 2019  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Барои ба даст овардани он чемпиони Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» ва барандаи медалҳои нуқра тими «Хуҷанд» қувва хоҳанд озмуд.

«КӮКТОШ» МУРАББИАШРО ИВАЗ КАРД
Собиқ ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Раҳматулло Фузайлов сармураббии дастаи «Кӯктош» (Рӯдакӣ) таъйин гардид. Ӯ дар ин вазифа Алиҷон Турдиназаровро иваз кард. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Бояд гуфт, ки “Кӯктош” таҳти раҳбарии Алиҷон Турдиназаров соли гузашта дар Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ барандаи медалҳои биринҷӣ гардидааст. Алиҷон Турдиназаров аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2018 бо ҷоизаи “Беҳтарин мураббии сол” сарфароз гардида буд.
Раҳматулло Фузайлов пеш аз ин дар дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор ҳамчун мураббии калон ифои вазифа намуда, инчунин, ёвари сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) буд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 101

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед