logo

Хабарҳо

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

Бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳот дирӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таҳти унвони «Забони модарӣ-мероси фарҳангии соҳибзабонон»  конференсияи  илмию амалии ҷумҳуриявӣ  баргузор шуд.
Ҳамоиши илмиро раиси кумита Гавҳар Шарофзода ҳусни оғоз бахшида, зикр кард, ки хазинаи маънавии ҳар як миллат забони  ӯст. Эҳтиром ба забони модарӣ, фарҳанг ва тамаддуни хеш эҳтиром ба тамаддуни дигар миллатҳоро нишон дода, пайванди дӯстии онҳоро ба вуҷуд меорад.
Зикр шуд, ки забони мо таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад ва ин моро водор месозад, ки онро поку беолоиш нигоҳ дорем.
Зимни конференсия забоншиносон атрофи масъалаҳои марбут ба мушкилот ва рушду инкишофи забони тоҷикӣ ва забонҳои зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи Тоҷикистон, инчунин, аҳамияти онҳо дар такомули минбаъдаи забони давлатӣ маърӯза намуданд.
Донишмандон таъкид намуданд, ки раванди ҷаҳонишавӣ, ки дар баробари ҷанбаҳои мусбати худ оқибатҳои ҳузнангез ҳам ба бор дорад, ба забонҳои миллӣ бетаъсир намемонад. Дар шароити кунунӣ мо бояд аз ворид намудани ҳар гуна калимаву истилоҳоти бегона худдорӣ намуда, бо мақсади поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ амсилаи истилоҳҳои зарурӣ биофарем.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар баробари рушд ва вусъати бештар пайдо намудани доираи нуфузи забони давлатӣ, ҷиҳати инкишофи забон ва фарҳанги ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон тадбирҳои зиёд амалӣ менамояд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар бораи забон қабул шудаанд, ҳифзи забони давлатӣ ва дигар забонҳои ҳудуди ҷумҳуриро таъмин менамоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 270

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед