logo

иқтисод

ХАТЛОН. НИГАРОНӢ АЗ ВАЗЪИ ИСТЕҲСОЛОТИ САНОАТӢ

Дар ҷаласаи назди раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳисоботи якмоҳаи (январи соли ҷорӣ) муовинони соҳавии раиси вилоят, раисон ва роҳбарони дастгоҳҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони корхонаву муассисаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр шуд, ки нақшаи андоз бо назардошти андози иҷтимоӣ дар моҳи январ 100,7 дарсад иҷро ва ба буҷет 109,7 миллион  сомонӣ маблағ ворид карда шуд. 90 дарсад ё 105,3 миллион сомонӣ маблағи буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст. Дар моҳи аввали сол бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодӣ 106, 5 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 12,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар вилоят музди миёнаи меҳнат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4 дарсад афзуда, ба 912,2 сомонӣ баробар шудааст. Гардиши савдо  ба 417,6 миллион сомонӣ расида, афзоиш 21,6 дарсадро ташкил дод.
Гардиши савдои хориҷӣ ба 26,8 миллион доллари амрикоӣ  баробар шуда, аз он содирот 10,9 миллион ва воридоти молу маҳсулот 15,9 миллион долларро ташкил медиҳад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 155,5 миллион сомонӣ расид, ки  назар ба ҳамин давраи соли гузашта 8,9 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ба маблағи 584,3 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли орд 9,5, нон ва маҳсулоти нонӣ 33, равғани рустанӣ 17,1, риштаи пахтагӣ 32,4, семент 9,6, хишти бинокорӣ 28 дарсад, маҳсулоти дӯзандагӣ 2,1, ҳасиб 2,4, мусалласи ангур 8,6, макаронӣ 14,7 ва гач 59 баробар афзуд. Тайи як моҳ 5 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ (бо фарогирии 44 ҷои кор) ба фаъолият пардохт.
Раиси вилоят бо нигаронӣ таъкид намуд, ки дар моҳи  аввали саноатикунонии кишвар дар миқёси вилоят ҳамагӣ 8 тонна макарон ва 8 тонна шир истеҳсол шудааст ва ин вазъ ислоҳи ҷиддиро тақозо менамояд. Аз аҳли толор даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии кишвар аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода баранд. Ҳамчунин,  барои корҷӯён ҳамагӣ 44 ҷои корӣ  муҳайё гардидааст, ки ин нокифоя аст.
Қурбон Ҳакимзода зимни ҷамъбасти ҷаласа барои рафъи мушкилоти ҷойдошта  супоришҳои қатъӣ дода, масъулонро вазифадор намуд, ки баҳри таҷлили шоистаи ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳаматарафа бинанд.    
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2019    №: 40    Мутолиа карданд: 334
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед