logo

фарҳанг

САДА ВА "ХИР - ПИ - ЧОР". РОБИТАИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ

Доир ба яке аз ҷашнҳои қадимтарини халқи тоҷик - Сада донишмандону олимон маълумоти арзишманд додаанд. Вале, он мавриди омӯзиши махсуси муҳаққиқон қарор нагирифта, то ҳанӯз бисёр паҳлуҳои норавшан дорад. Масалан, яке аз аввалин муҳаққиқони ҷашнҳои тақвимӣ А. Э. Негматӣ навиштааст, ки Сада ба ҷашнҳои мардумии сокинони Бадахшон «раҷ - бед» ва «ғамунд», ки ҳар ду маънои «қулбакашӣ» - ро доранд, монанд аст. Аммо, ин ҷашнҳо дар оғози маросими ҷуфтбарорӣ - фасли баҳор таҷлил мешаванду бо Сада ягон иртибот дошта наметавонанд. Сада бо яке аз марҳилаҳои Ҷашни Наврӯз дар Бадахшон, ки «Хир-пи-чор» ном дорад, алоқаманд аст.
Воқеан, нишонаҳои алоқамандии бевоситаи пайдоиши Сада бо парастиши Хуршед дар ҳисоби тақвимии “ҳисоб дар мард” – у “Офтоб дар мард” дар марҳилаҳои ҳаракати Офтобу марҳилаҳои ҷашнҳои наврӯзӣ дар Бадахшон то кунун дида мешаванд. Дар забонҳои помирӣ Хуршед бо унвони “хир” дар Шуғнон ва Рӯшон “хур” маҳфуз мондааст.  Ҷашни «Офтоб дар мард» бо номҳои «Хир-пи-чор» дар Шуғнон, «Хур-па-чор» дар Бартанг ва  Рӯшон, «Граваш» дар Язгулом маълум аст.   
Доир ба иртиботи Сада ва ҷашни “Офтоб дар мард” фолклоршинос Н. Шакармамадов чунин менависад: “Пайдост, ки дар мавриди ҷашн гирифтани “Офтоб дар мард” лавҳаҳои асотирии парастиши Офтоб ба назар мерасанд. Ҳатто дар деҳаҳои Рӯшони Поён он таомҳои маросимиро, ки дар шаби арафаи “чилаи хурд” мепухтанд, барои “меҳмонии Офтоб” мегуфтанд. Дар иртибот бо ин тафсирот, воҷиби таъкид ва ёдоварист, ки оини “Офтоб дар мард” ба яке аз ҷашнҳои мубораки аҷдодонамон - Ҷашни Сада равобити қавӣ дорад. Сада ин ҳамон ҷашнест, ки дар бархе аз маҳалҳои минтақаҳои кӯҳистон бо номи “Хир-пи-чор” - “Офтоб дар мард” то охири нимаи аввали садаи бист бо расму оинҳои қадимӣ чил рӯз баъди шаби Ялдо ва панҷоҳ рӯз пеш аз Ҷашни мубораки Наврӯз таҷлил мекарданд. Муҳаққиқи тоҷик Дилшод Раҳимов мулоҳизаҳои устурашиноси маъруф доктор Меҳрдоди Баҳорро роҷеъ ба сабаб ва мавриди ҷашнгирии Сада ба назар гирифта, навиштааст: “Сада пас аз чил рӯзи шаби Ялдо - оини дигари бостонии эрониён баргузор мегардад. Ин чил рӯз ба чилаи калони тақвими мардуми тоҷик, ки онро чилаи зимистон низ меноманд, айният дорад. Воқеан ҳам, устурашиноси забардасти эронӣ маънии “Сада ”- ро хеле дақиқ тавзеҳ додааст: “Сада аз решаи "sand" - и авестоӣ буда маънояш “зоҳир шудан” аст. Яъне, Хуршед пас аз чил рӯз зоҳир мешавад”.
Муҳаққиқи дигари тоҷик М. Ҳазратқулов низ ишора кардааст: “Рӯзи ба итмом расидани “чилаи бузург”- и зимистонро дар гузашта ба унвони Ҷашни Сада таҷлил мекарданд”. 
Гуфтаҳои боло ба он далолат мекунанд, ки Ҷашни Сада бо ҷашни қадимаи мардуми кӯҳистон “Хир-пи-чор” робитаи қавӣ дорад ва ҳатто гуфтан мумкин аст, ки Сада ва ”Хир-пи чор” як иданд. Барои боз ҳам тақвият додани фикрамон оинҳои ҷашни “Хир-пи чор”- ро дар Бадахшон   муфассалтар баррасӣ менамоем.
Хир – пи- чор. Бо даромадани чилаи зимистон (тибқи тақвими имрӯза 18 – 20 декабр) хунукии сахт, рӯзҳои кӯтоҳтарин ва шабҳои дарозтарин оғоз меёбанд. Ниёгони мо чунин меҳисобиданд, ки рӯзи кӯтоҳтарин рӯзи (тибқи тақвими имрӯза 22 декабр) таваллуди Хуршед аст ва дар  дарозтарин шаби он, ки шаби Ялдо (ялдо – маънояш таваллуд) меномиданд, то саҳар Офтобро ситоишу ниёиш мекарданд, гӯиё Офтоб дар ҳолати ҷон гирифтан аст. Сипас, бо дароз шудани рӯзҳо офтоб рӯз ба рӯз ҷон мегираду гармӣ бар хунукӣ ва дигар қувваҳои некӣ бар бадӣ ғолиб меоянд. Вақте чилаи зимистон тамом мешавад (тибқи тақвими имрӯза 30 – 31 январ), Офтоб қувват гирифта, даври дувуми Наврӯз оғоз меёбад. «Хир-пи-чор» аз калимаи шуғнонӣ ва «Хур-па-чор»  аз калимаи рӯшонӣ гирифта шуда, мардро бо ин забонҳо «чор» ё «чурик» меноманд ва аз ин рӯз ҳисоби худро аз нохуни пой оғоз мекунанд. Офтоб ба “андоми мард” аз нохуни пой сар карда, оҳиста – оҳиста гармӣ мебахшад. Бо ҳаракати он узвҳои болоии бадан тадриҷан гарм шуда, то абрӯ ба дараҷаи баланд – чилаи тобистон мерасад. Дар се даври ҳисоб се ҷашнро мегузаронанд. Бо расидани нури офтоб ба “мард” даври якуми Наврӯз оғоз меёбад, яъне “хир-пи-чор”. Даври дуюми Наврӯзро, вақте ки ҳисоб ба зонуи мард мерасад, таҷлил мекунанд ва онро “хир – пи - зӯн” меноманд. Ва даври сеюми Наврӯз, яъне худи Наврӯзро, ки Хидирайём меноманд, вақте ҳисоб ба зорд (дил) мерасад, ҷашн мегиранд.  
Иди «Хир-пи-чор» як шабонарӯз аз нисфирӯзи рӯзи охири чилаи зимистон то тулӯи офтоб дар рӯзи якуми чилаи хурди зимистон давом мекунад. Ҷашнгирии ин ид бо расму оин ва таъбирҳои гуногун сурат мегирад. Дар субҳи рӯзи «Хир-пи-чор» мардум таоми субҳонаро аз анвои ширӣ тайёр мекунанд. Расме ҷорист, ки он қабл аз  хӯрдани таоми субҳона, одатан, аввал писарбачае нонрезаҳоро ба шир тар карда, бо кумаки калонсолон рӯйи панҷ сутуни асосии хонаи аҷдодӣ гузошта, «Шогун баҳор муборак!» мегуфтанд. Давоми рӯз  мардум ба руфтани барфи рӯйи бомҳо шурӯъ мекунанд ва дар рӯзҳои офтобӣ бачаҳо ба бозиҳои гуногун мепардозанд. Баъди ба итмом расидани иди “Хир-пи-чор” барзаговҳоро ба шудгор омода месозанд. Асбобҳои киштукори заминро таъмиру омода мекунанд ва поруро аз оғил ба замин мекашонанд. Дар баъзе мавзеъҳои Вахону Ишкошим кадбонуи хона бо орди боқило ё ҷав (лашаок) бар ҳар ду тирчӯби хона, сутунҳо, чорхона ва деворҳои хона гарди орд мезанад. Дар ин ид, ҳамчунин, ба аёдати пиронсолон ва шахсони ниёзманд мераванд. Ба зиёфат ва хонагаштак фақат хешону ҳамсояҳои наздик даъват мешаванд ва то расидани муҳлати «пчирумч» (мамнӯъ будан аз даромадан ба хонаҳои ҳамдигар) зиёфат мехӯранд. Вақте ки ҳамсояҳо вориди хонаи касе мешаванд, аҳли хонаводаро бо омад - омади баҳор  «Шогун баҳор муборак!» гуфта, табрику муборакбод мекунанд. Кадбонуи хона дар ҷавоб «Ба рӯйи шумо муборак!» гуфта, изҳори  муборакбодӣ мекунад. Баъди тановули хӯрок дар ҳар хона фотеҳа мехонанд, то ин ки дар хонадон файзу баракат, оромию амонӣ, сиҳатию саломатӣ арзонӣ бошад. Бо фарорасии шом дар болои оташдон гиёҳи махсус дуд мекунанд. Мардум шукргузорӣ аз он мекунанд, ки сиҳату саломат монданд, давраи мушкилтарини чилаи зимистонро паси сар намуда, бо рӯҳи болидаю дили шод ба соли нав қадам мегузоранд.    
А. ШОҲИНБЕКОВ,
мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ
ва мардумшиносии ИИГ ба номи
академик Б. Искандаров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2019    №: 40    Мутолиа карданд: 579
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед