logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Вагонҳои ангишт
Ба истгоҳ 420 тонна ангиштро дар 27 вагони ғунҷоишашон 15, 20 ва 25-тоннагӣ оварданд. Муайян кунед, ки аз ин вагонҳо чандтоаш 15, 20 ва 25-тоннагӣ буданд?
Масъули рубрика Комрон САФАР
Бо мо ҳамкорӣ намоед!   Телефон: 93-320-00-15
komron-safar95@mail.ru


АВВАЛ АНДЕША, БАЪД ГУФТОР
Аз миёни анбӯҳи одамон пирмарде бо писараш, ки тахмин 25 сол дошт, бо илоҷе дохили вагон шуданд. Ҷавон, ки назди тиреза ҷой гирифта буд, баробари ба ҳаракат даромадани поезд, даст ба берун кард, то боди нарми баҳориро эҳсос намояд. Чун суръати қатора бошиддат баланд шудан гирифт, ҷавон якбора аз ҳаяҷон дод зад:
- Падарҷон, мебинед чӣ хел дарахтон ба қафо мераванд?
Пирмард бо табассум гӯё ба фарзанд ҷавоб дода бошад, ки дигар чизе нагуфт. Вале ҷуфте, ки онҳоро ҳамроҳӣ мекард, ба рафтори ҷавон бо тааҷҷуб менигаристанд. «Наход дар ин синну сол мисли кӯдак рафтор кунанд»,- аз дил мегузаронданд, онҳо.
- Падарҷон, нигоҳ кунед, кӯлу абрҳо, ҳатто ҳайвонҳо баробари мо медаванд, - боз ҳам баландтар фарёд зад ҷавон, ки ҳамчунон мафтуни тамошо буд.
Тааҷҷуби зану шавҳар якбора зиёд шуд. Барои чӣ мӯйсафед ба нағмаҳои нозебу кӯдаконаи фарзандаш эрод намегирад. Ақаллан, сарзанишаш намекунад, ки оромтар шинад...
Ногоҳ, борон борид ва қатрае чанд ба дасти ҷавонмард хӯрд. Аз ин ҳиссиёт ӯ ба ваҷд омад, ки чашмонашро пӯшид ва бо тамоми овоз фарёд зад:
- Падарҷон, борон меборад, борон. Бинед, қатраҳо дастони маро тар мекунанд, бинед, чи ҳиссиёти нотакроре, падарҷон…
Ҷуфти ҳамроҳ, ки аз афташ дилашон ба мӯйсафед сӯхт, ба ӯ наздиктар шуда, суол карданд:
- Барои чӣ писаратонро ба ягон беморхона ё, ақаллан, назди табибе барои маслиҳат намебаред, падар?
 Пирмард, ки то ҳанӯз чашм аз «нағмаҳо»-и фарзанд намеканд, бо нигоҳи пурэҳсосе рӯ ба ҳамроҳонаш овард ва гуфт:
- Мо навакак аз беморхона баромадем. Баъди ҷарроҳии тӯлонӣ писарам, ки то имрӯз нобино буд, бори аввал дунёи рӯшанро мебинад… Ман аз номи ӯ аз шумо узр мепурсам.
Аз русӣ тарҷумаи Самади ҚУРБОНАЛӢ


РӮЗИ МАРДОН ДАР КУҶО ЧӢ ХЕЛ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД?
23 феврал ҳамчун Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар миёни собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо дар Россия ва Тоҷикистон таҷлил мешавад. Азбаски дар Россия ва кишвари мо мансуб ба мардон дигар ҷашне вуҷуд надорад, 23 февралро иди мардон – ҳомиёни Ватан медонанд. Вале, аҷиб ин аст, ки дар бисёре аз кишварҳои олам Рӯзи мардон расман таҷлил мегардад. Ба унвони мисол Рӯзи байналмилалии мардон 19 ноябр дар ИМА, Британиёи Кабир, Австралия, Ҳиндустон, Маҷористон, Ирландия, Малта, Тринидад ва Тобаго, Гана, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Сингапур ва Ямайка ҷашн гирифта мешавад.
Ҳамчунин, дар Канада, ИМА, Аргентина ва Фаронса Рӯзи падарро, ки аллакай бисёриҳо онро дӯст медоранд, якшанбеи сеюми моҳи июн таҷлил мекунанд.
Ин рӯз дар кишварҳои Британияи Кабир, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Куба, Туркия ва Ҷопон низ чун рӯзи муҳиму шоиста дониста шудааст, вале, ҷашнгирии он 3 март сурат мегирад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ЗАН –  МУҲОФИЗИ ВАТАН
Таври маълум, дар Испанияву Шведсия ва Амрикову Британиёи Кабир қисмҳои махсуси ҳарбие ташкил гардидаанд, ки аз занон иборатанд. Дар қисмҳои санитарии артиш бошад, занҳо қисмати асосиро ташкил медиҳанд.
Дар баробари ин, давлатҳое низ ҳастанд,  ки хизмат дар сафҳои артиш барои занон ҳатмист. Масалан, дар Исроил занҳо низ чун мардон ба хидмат даъват мешаванд, ба шарте ки муҷаррад бошанд. Хидмат барои онҳо 21 моҳ муқаррар гардидааст.
Соли 2003 дар Куриёи Шимолӣ қонуни аҷибе ба имзо расид, ки мутобиқи он муҳлати хизмат барои мардон 10 ва барои занон 7 сол муқаррар шудааст. Айни ҳол 10 дарсади хизматчиёни ҳарбии Куриёро занҳо ташкил медиҳанд. Дар Амрико ин нишондиҳанда ба 14,5 дарсад баробар аст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


АҲДИ ЭЙНШТЕЙН
Алберт Эйнштейн бо хонум Милево Марич соли 1896 дар Донишгоҳи политехникии Сюрих шинос шуданд, замоне ки ҳар ду дар як курс мехонданд. Дар ниҳояти кор, соли 1903 ақди никоҳ баста, соли 1912  аз ҳам ҷудо мешаванд.
Дар шартномае, ки пеш аз ҷудошавӣ  имзо намуданд, як банди аҷибе буд, ки дар асоси он Эйнштейн уҳдадор мешуд, то дар ҳолати барандаи Ҷоизаи Нобел шуданаш, маблағи муайяни онро ҳатман ба ҳамсари собиқаш диҳад. Аҷиб ин аст, ки баъди се сол Эйнштейн барандаи  Ҷоизаи Нобел мегардад ва ҳамон замон қисме аз маблағи ҷоизаро ба ҳамсари собиқаш Милево Марич дода,  талаботи шартномаи имзонамудаашро иҷро мекунад.
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


ШАВҚ  АГАР РАҲБАР ШАВАД...
Дар зиндагӣ бо инсонҳое вохӯрдан мумкин аст, ки ҳаргиз пеши рӯзгор бечоравор наменоланд, балки бо азму иродаи қавӣ дар ҷодаҳои ҳаёт гом мениҳанд. Яке аз чунин нафарон бонуи филиппинитабори амрикоӣ Ҷессика Кокс мебошад. Ӯ бе даст ба дунё омадаву аз уҳдаи ҳамаи корҳо ба осонӣ мебарояд: менависаду мошин меронад, раққоси моҳир асту пианинанавози бомаҳорат.
Ҳамчунин, Ҷессика дорандаи камарбанди сиёҳ аз рӯйи варзиши таэквон – до мебошад. Донишгоҳро бо ихтисоси равоншинос хатм намуда, курси 3 - солаи ҳавонавардиро ҳам, тамом кардааст. Ӯ аввалин нафарест, ки бе даст сомолётро идора мекунад.  Барои ин амалаш соли 2008 ба “Китоби рекордҳои Гиннес” шомил шуд.
Зиндагии Ҷессика як бори дигар собит месозад, ки шавқ агар раҳбар шавад, инсон метавонад аз уҳдаи ҳама кор барояд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


ДЕРМОНӢ ДАРДИ БЕДАВО
Ҳар яки мо боре ҳам бошад, дар расидан ба ҷое дер кардаем, ки «дард»-и бахайр аст. Зеро Ҷим Данбари 57-сола доимо дер карда, дар ин самт ҳатто рекордсмен шудааст.
Боре ӯ барои дидани филми дӯстдоштааш ба кинотеатр 20 дақиқа дер ҳозир шудааст. Ин дар ҳолест, ки 11 соат пеш аз намоиши филм аз хона баромада будааст.
Ӯ мегӯяд: «Ман ба ҷанозаи модарам ҳам сари вақт расида натавонистам».
Барои муолиҷаи ин «бемориаш» Данбар ба табибон низ борҳо муроҷиат намудааст. Дар беморхонаи «Ninewells» ба ӯ ташхиси «дермонии давомдор» гузоштанд. Аммо ба ин хулосаи табиби равоншинос розӣ нашуда, ба мутахассисони клиникаи «Harley Therapy Clinic» рӯ овард. Бемориашро инҷо «одат ё рӯҳафтодагии тӯлкашида»  ҳисобиданд. «Дар тиб чунин беморӣ  вуҷуд надорад. Ин бештар ба одат монанд аст», - гуфтанд ба ӯ. Қатъи назар аз баҳси табибон, Ҷим аз онҳо  миннатдор аст». 
«Дар бемасъулиятӣ худамро гунаҳкор меҳисобидам, аммо агар аз хона барвақт ҳам мебаромадам. Ман ва ҳамаи масъулон илоҷи пешгирӣ ва табобати ин дардро пайдо карда натавонистем», - мегӯяд Данбар.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


СИЁСАТМАДОРОНИ ДАРОЗУМР
ОНҲОЕ, КИ АЗ 90 СОЛ ЗИЁД УМР ДИДААНД
Ҳелмут Шмидт (Олмон) – 96 сол.
Исҳоқ Шамир (Исроил) – 96 сол.
Ҷорҷ Буши Калонӣ (ИМА) – 94 сол.
Роналд Рейган (ИМА) – 93 сол.
Ҷералд Форд (ИМА) – 93 сол.
Шимон Перес (Исроил) – 93 сол.
Дэн Сяопин (Чин) – 92 сол.
Пиночет (Чили) – 91 сол.
Ли Куан Ю (Сингапур) – 91 сол.

ДАРОЗУМРОНИ ДАР САФ
* Махатхир Муҳаммад – муаллифи муъҷизаи иқтисодии Малайзия – дар 93 - солагӣ сарвазир интихоб шуд.
* Елизаветаи II - 92 - сола. Ҳамсари ӯ шоҳзода Филипп –                      97- сола.
* Ясухиро Накасонэ – собиқ сарвазири Япония – 100 - сола.
* Ҷорҷ Наполитано - то ҳамин наздикиҳо президенти Италия – 93 - сола.
* Валери Жискар Д, Эстен – 92 - сола.
* Ҷими Картер – 94 - сола.
* Роберт Мугабе- собиқ президенти Зимбабве то соли 2018 – 94 - сола.
* Генри Киссинҷер – 95 - сола.
Таҳияи Умар АЛӢ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Бурди тифл - 500 ҳазор марка
Ширкати исроилӣ оид ба фурӯши лотереяҳо, дар байни якчанд зоишгоҳҳо ба таври ройгон лотерея тақсим кард.  Билоли ширмак, духтараки нав ба дунёи рӯшан омадаи хонадони бидавиҳои биёбони Негев, маблағе бурд кард, ки баъди ба асъори олмонӣ баргардондан 500 ҳазор маркаро ташкил дод. Ӯ шаҳрванди аз ҳама хурдсоли ин кишвар мебошад, ки аз лотерея бурд кардааст.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Аз Эйнштейн ғайриинтизор пурсиданд:
– Дар ҷанги сеюми ҷаҳон кадоме аз силоҳҳо нақши калидӣ хоҳад дошт?
– Намедонам, – гуфт олим. – Вале дар ҷанги чоруми ҷаҳон аслиҳаи асосӣ табари сангӣ мешавад.
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


ФУТБОЛ
ДАСТАҲОЕ, КИ БА АРТИШИ МИЛЛӢ МАНСУБАНД
Бештар аз даҳҳо дастаи футболи ҷаҳон марбут ба бошгоҳҳои артиш мебошанд. Биёед, бо баъзеи онҳо ошно  мешавем.
«Ал - Ҷаиш», Қатар
Бошгоҳи футболи «Ал – Ҷаиш» соли 2007 бар асоси Қувваҳои Мусаллаҳи Қатар таъсис дода шудааст.Аҷиб аст, ки клуби мазкур яке аз бошгоҳҳои ҷавонтарини дунё мебошад ва бо дастаи «Шалке» (Олмон) муносиботи дӯстона дорад.

«Гонвед», Венгрия
Вазорати мудофиаи Венгрия аз соли 1949 «Гонвед» - ро сарпарастӣ мекунад. Замоне, ки бошгоҳ аз артиш дур шуд, ғалабаҳояш низ аз даст рафт. Алҳол «Гонвед» дастаи мустаҳками Лигаи футболи Венгрия мебошад.
«Легия», Полша
Бошгоҳ чанд маротиб аз байн рафт ва боз барқарор шуд, вале ба таври комил номи «Легия» - ро соли 1957 гирифт. Албатта, бо иштироки артиш.

МОИК, Озарбойҷон
Бошгоҳи МОИК аз шаҳри Боку аз соли 1961 артишро намояндагӣ мекунад. Як муддати муайян президенти ин клуб Сафар Абиев – вазири вақти мудофиаи Ҷумҳурии Озарбойҷон буд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


СЕРХАРИДОРТАРИН  КИТОБҲОИ  ҚАРНИ  ХХ
«Ҷарии канори майдони ҷавдор»
Ин асар ба қалами нависандаи амрикоӣ Ҷером Сэлинҷер тааллуқ дошта, соли 1951 нашр гардидааст. Он яке аз китобҳои машҳуртарини Амрико ба ҳисоб меравад.
Асари мазкур солҳои 60 – уми асри гузашта, воқеан ҳам, байни хонандагони амрикоӣ шӯру ҳаяҷони бешуморро ба миён оварда буд. Вале Сэлинҷер яку якбора интишори асарҳояшро қатъ намуда, зиндагии алоҳидаи дур аз ҷомеаро ихтиёр кард.  Новобаста ба ин, асари  «Ҷарии канори майдони ҷавдор» шоҳкории адабиёти асри XX боқӣ монда, яке аз серхаридортарин китоби олам эътироф шуд. Дар ҳоли  ҳозир 65 миллион нусхаи он ба фурӯш рафтааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


СНАЙПЕР
Истилоҳи  «снайпер» нахустин маротиба дар қисмҳои ҳарбии Британиёи Кабир пайдо шудааст. Дар забони англисӣ парандаи хурди гунҷишкмонанди бекасро «snipe» мегӯянд. Он бо ранги хираи парҳояш метавонад дар ҳама ҷо аз назар пинҳон бимонад. Ҳаҷми хурдаш бошад, ба ӯ имкон медиҳад, ки дар сӯрохиҳои хурд низ ҷой гирад.
Ҳамчунон, бо чусту чолокии ба худаш хос масирҳои барои дигар парандаҳо мушкилро ба осонӣ мегузарад. Аз ин ҷост, ки сайд намудани он орзуи деринаи тамоми нишонзанҳо ва маҳорати баланди касбиашон ҳисоб мешуд. Бинобар ин, ба касе шикор намудани ин паранда бо аслиҳаи маъмулӣ даст диҳад, ӯро снайпер ном мебурданд.
Таҳияи Наврӯз ИСОЕВ, хонандаи МТМУ № 18, шаҳри Ҳисор


СЕ ТАНГА
Ҳакиме аз маҳале мегузашт. Мардеро дид, ки чоҳ меканад. Ба ӯ гуфт:
- Бо сидқу маҳорати зиёд чоҳ меканӣ! Пули зиёд медиҳанд?
- Се танга. Лекин, аз ин ба худам ҳамагӣ як танга мерасад.
Яктоашро барои додани қарз харҷ мекунаму дуюмашро қарз медиҳам.
- Пас чӣ зарурат аст, ки қарз биканию боз қарз диҳӣ? – пурсид ҳаким.
- Гап дар он аст, ки падарам маро тарбият карду пир шуд. Акнун ман вазифадорам, ки ӯро сарпарастӣ намояму қарзамро баргардонам. Ба писарам ҳам, ки ҳанӯз хурд аст ва ба тарбият ниёз дорад, як танга медиҳам. Бо умеди он, ки дар пирӣ қарзро баргардонад.
Аз русӣ тарҷумаи Хуршеди ҶОВИД


МОҲИИ САДКИЛОГРАММА
Чанд вақт пеш расонаҳои хабарӣ  иттилоъ дода буданд, ки марди лаҳистоние лаққамоҳии ҳаҷмаш рекордиро шикор намудааст. Моҳигир дар сомонаҳои иҷтимоӣ  сурати сайдашро ҳам ҷой намуда, аз 100 кило зиёд ва 260 сантиметр дарозӣ доштани моҳӣ хабар додааст.  
Ба андешаи моҳигири муваффақ оби гарми маркази барқу гармидиҳии дар наздикӣ воқеъбуда, ба инкишофи чунин моҳии калон шароити мусоид фароҳам овардааст.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


БОЗ ДАР БОРАИ БАЛАНДТАРИНҲО
«Шоми шанбе» дар бораи муҷассамаҳои баланди олам маълумот дода буд. Хоҳиши сершумори хонандагонро ба инобат гирифта, дар бораи онҳо маълумоти бештаре пешниҳод менамоем.

«Ватан - Модар даъват мекунад!» - ин муҷассамаи 85 - метра ба ҳар нафари замони шӯравӣ ошност. Иншооти мазкур ба муҷтамаи «Қаҳрамонони  Сталинград» дахл дошта, дар Қӯрғони Мамайи шаҳри Волгогради Россия қомат афрохтааст. Муҷассама замони сохта шуданаш дар ҷаҳон баландтарин ба шумор мерафт. Агар шамшери дар дасти модар буда, 33 метр бошад, пас танҳо қаду қомати зан бе шамшер ба 52 метр баробар аст.

 Лечжун Сасачжаи 116 метра - ин иншооти бузурги муҷассамавии Буддо дар музофоти Сикайни кишвари Мянма мебошад. Буддои дигарӣ, ки дар ҳолати хуфта 17 сол қабл аз он дар пойгоҳи 13,4 метра эҷод гардида буд, ба ин нишондод шомил нест.

Муҷассамаи Вашингтон бо баландии 169 метр дар шаҳри Вашингтон ҳамчун рамзи хотираи абадӣ ба ифтихори президенти нахустини ИМА Ҷорҷ Вашингтон бунёд шудааст. То бунёди манораи Эйфели Париж баландтарин муҷассамаи рӯйи замин ба шумор мерафт.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


КӮДАКОНИ САРВАТМАНДИ ОЛАМ
Валентина Палома Пино
Духтари яке аз чеҳраҳои намоёни олами синамо Салма Ҳайек ва миллиардер Франсуа Анри - Пино Валентинаи 12-сола, аллакай, шуҳрати ҷаҳонӣ дорад.
Бояд гуфт, ки сармояи падари ӯ, ки яке аз 100 сарватманди олам аст, 16, 2  миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дороии  Валентина бошад,  ба 12 миллион доллар мерасад.
Қобили зикр аст, ки Валентина ба  ҷуз аз сарват, дониши хуб ҳам дорад ва аз сесолагиаш бо 3 забон озодона ҳарф мезанад.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


ПАТРУЛИ МАХСУС
Дар Дания қисми махсусе вуҷуд дорад, ки барои муҳофизати соҳилҳои Гренландия пешбинӣ шудааст. Дар он баробари афсарону аскарон ҷонварони вафодор низ хизмат мекунанд. Патрули махсуси сагҳои хизматӣ дар ин ҷо як ниҳоди муқаррарист. Дар баъзе мавзеъҳои касногузари ин кишвар чанаҳоро танҳо вафодорон кашида мебаранд. Бинобар ин, ба отряди махсуси ҳарбии «Сириус» ҳамасола дар қатори наваскарон сагҳои ромшударо низ ба хизмат даъват менамоянд. Аз ҳамин ҷост, ки сагҳои зоти хаски дар ин ҷо хеле фаъоланд.
Кормандони Пентагон боз ҳам таҷрибаи аҷибтаре доранд. Онҳо барои манфиатҳои кишварашон занбӯрҳоро низ истифода мебаранд. Гап дар сари он аст, ки баъзе аз навъҳои маводи таркандаро на дастгоҳҳои муосир ва на сагон аз бӯяшон ёфта метавонанд. Дар ин маврид танҳо занбӯрҳо ба ёрии кормандони мақомоти дифоъ меоянд.
Таҳияи Саҳобиддин СУЛТОНЗОДА, донишҷӯи коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2019    №: 40    Мутолиа карданд: 434

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед