logo

иқтисод

ИСФАРА. ФОРУМИ СОҲИБКОРОН ВА САРМОЯГУЗОРОН

Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар доираи  «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ», ки Президенти мамлакат  зимни ироаи Паёми навбатӣ эълом доштанд, ҳамчунин, вусъати бунёдкорӣ, рушди босуботи иқтисодӣ, равнақи  соҳаи сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии воқеии кишвар дар арсаи   ҷаҳонӣ бори нахуст таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди иқтисодӣ ва пешрафти ҷомеа»  форуми соҳибкорони шаҳр баргузор шуд.
Дар форум баробари соҳибкорони маҳаллӣ  зиёда аз 150 нафар ҳамватанони бурунмарзӣ – зодагони  Исфара, ки дар манотиқи гуногуни Россия фаъолияти соҳибкорӣ доранд, иштирок карданд. Қабл аз оғози форум бо  ширкати васеи сокинону меҳмонон дар майдони марказии шаҳр намоиши маҳсулоти корхонаҳои  саноатӣ, сохтмонӣ, коркард ва кишоварзию ҳунармандӣ доир гардид. 
- Ҳадафи асосии форуми мазкур  аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат  оид ба беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузории кишвар бармеояд.  Боварӣ ҳаст, ки баргузории ин ҳамоиш барои боз ҳам беҳтару ҷавобгӯй ба талаботи рӯз ба роҳ мондани фаъолияти сохибкорон, баланд бардоштани  савияи дониши ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии онҳо мусоидат мекунад, - иброз дошт Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Исфара.
Сиҷоуддин Саломзода изҳор дошт, ки  ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудани саноатикунонии васеи кишвар ба рушди соҳаи саноати шаҳр такони ҷиддӣ мебахшад. Исфара даҳсолаҳост, ки бо корхонаҳои азими кимиёӣ, коркарди маъдану маҳсулоти кишоварзӣ ва тавлиди  масолеҳи сохтмонӣ дар мамлакат чун шаҳри саноатӣ машҳур аст. Акнун шароит фароҳам меояд, ки  бо дастгирии бевоситаи соҳибкорони ватанӣ ва бурунмарзӣ дар ин самт бунёдкориҳои нав роҳандозӣ шаванд. Соли 2018 ҳаҷми истеҳсолу содироти семент, маҳсулоти корхонаи кимиё, меваи хушк нисбат ба солҳои қаблӣ 1,5 - 2 маротиба афзуда бошад ҳам, ин дар муқоиса бо имконияту захираҳо ҳанӯз кам аст.
Хол Ҳайдар, муовини аввали раиси вилояти Суғд, доиршавии чунин ҳамоишро самари фароҳамии фазои хуби соҳибкориву сармоягузорӣ дар кишвар арзёбӣ намуд.
- Таваҷҷуҳи зиёди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба тавлиди бештари маҳсулоти воридотивазкунанда беваҷҳ нест. Истеҳсоли  аксари ин маҳсулотро метавон дар дохили кишвар ба роҳ монд. Масалан, соли гузашта ба кишвар ба маблағи зиёда аз 10 миллион доллари амрикоӣ нӯшокиҳои гуногуни ташнагишикану спиртӣ ворид шудааст,  дар ҳоле ки Тоҷикистон макони беҳтарину гуворотарин  обҳои ширину мусаффост. Имрӯз то 95 дарсади маҳсулоти кимиёии шустушӯйии ниёзи мардум, аз қабили собун, шампун, хамираи дандоншӯйӣ  аз хориҷи кишвар ворид мегардад, ки қобили қабул нест, - гуфт муовини аввали раиси вилоят.
Хол Ҳайдар аз соҳибкорони бурунмарзии Исфара даъват ба амал овард, ки дар баробари иншооти хизматрасонию иҷтимоӣ барои бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, хусусан кимиёӣ, сармоягузорӣ кунанд. 
Шараф Шерализода, сарвари котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ,  доиршавии  форуми соҳибкорони Исфараро  тақозои рӯз дониста, изҳори умед кард, ки соҳибкорон  ҷиҳати рушди иқтисодӣ ва сарсабзию  ободии диёри худ саҳми муносиб мегузоранд.
- Саҳми Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2013 ба хотири боз ҳам беҳтар кардани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ таъсис ёфт, дар рушди соҳибкории истеҳсолии кишвар - тавлиди маҳсулоту  содироти он ба хориҷи кишвар хеле муассир мебошад. Мо омода ҳастем, ки лоиҳаҳои гуногунро дар самти бунёди коргоҳҳои замонавии ҷавобгӯй ба низоми бозоргонӣ маблағгузорӣ кунем, - гуфт Фирдавс Усмониён, раиси фонд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри тақвияти ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад. Бо мақсади ҷалби соҳибкорони бурунмарзӣ дар корҳои ободониву созандагӣ моҳи декабри соли 2018 раиси шаҳр ба Санкт - Петербург, Москва, Новосибрск ва шаҳрҳои дигари Федератсияи Россия сафар кард. Дар ҷараёни вохӯрӣ бо зиёда аз 400 соҳибкори зодаи Исфара ҷиҳати сохтмон ва таъмиру азнавсозии 40 иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мувофиқа ба даст омад.
- Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ изҳор доштанд,  баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мақсаду мароми аввалиндараҷаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мо - роҳбарони маҳалҳо мебошад. Саноатикунонӣ яке аз роҳҳои муҳими ба ин ҳадаф расидан аст, - таъкид кард Сиҷоуддин Саломзода.
Ҷовиди АШТӢ,
«Ҷумҳурият»

 

 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2019    №: 42    Мутолиа карданд: 429
05.12.2020


 СААД ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ИДМ, СҲШ, САҲА, НАТО ВА ИТТИҲОДИ АВРУПОРО ПЕШНИҲОД НАМУД

 ДАР ДУНЁ МОҲЕ 30 МИЛЛИОН ВОЯИ «СПУТНИК V» МЕБАРОРАНД

ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДИИ ЧИН ВА РОССИЯ БА ЗАРБАИ ПАНДЕМИЯ ТОБ ОВАРД

БАЛАНДТАРИН МАНОРАИ "АБУ-ДАБИ ПЛАЗА" - РО "ҚАЗОҚИСТОН" МЕНОМАНД

 ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед