logo

иқтисод

САНОАТ. ЧАРО КОРХОНАҲО АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМЕМОНАНД?

Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ҷумҳурӣ соли сипаришуда 127 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмонд. Кори 41 корхона бо ивази ном ва фаъолият комилан тағйир ёфт. Заробиддин Файзуллозода, вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, сабаби аз кор мондани корхонаҳои саноатиро, пеш аз ҳама, ба норасоии маблағи гардон ва рақобатпазирии маҳсулоти тавлидотӣ вобаста медонад. Барои мисол, корхонаи хурди «Вализода», воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ бо сабаби молиявӣ ва бозоргир набудани маҳсулоти истеҳсолиаш - лента ва ё банд барои бастани кипи пахта фаъолияти худро қатъ намуд.
 Дар шаҳри Ваҳдат аз сабаби қисман фаъолият кардани корхонаҳои калони “Пакрӯд” ва “Тоҷ - Чайна” даромади буҷети шаҳр ҳамагӣ 94 дарсад иҷро гардид. Иззатулло Малангов, мудири бахши иқтисод ва савдои шаҳр, дар ин бора гуфт, ки корхонаи “Пакрӯд” соли 2016 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта, бо сабаби таъсири офатҳои табиии соли 2017 ва аз меъёр зиёд боридани барф босамар фаъолият накард. Корхона бояд дар як сол 500 кило тилло истеҳсол намояд. “Тоҷ - Чайна” бошад, бо сабаби рақобатпазир набудани маҳсулоти тавлидотиаш ҳанӯз дар бозор мавқеи худро наёфтааст. Дар соли аввали таъсисёбӣ - 2013 корхона бояд 600 ҳазор тонна семент истеҳсол мекард ва баъдан иқтидори истеҳсолиро ба 1 миллиону 200 ҳазор тонна мерасонд. Моҳи январи соли 2019 аз ҷониби “Тоҷ - Чайна” ҳамагӣ 5 ҳазору 960 тонна семент истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 50 дарсад кам мебошад. Корхонаҳои бозмонда бештар ба соҳаи  саноати сабук тааллуқ доранд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар ин самт соли гузашта 40 корхона кор накард. 31 корхонаи боқимонда ба саноати хӯрокворӣ ва 13 корхона ба саноати мошинсозӣ рост меояд.
Холназар Иброҳимов, профессори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, яке аз сабабҳои фаъолият накардани баъзе аз корхонаҳои соҳаи саноти сабукро чунин шарҳ дод: “Барои корхонаҳои коркарди аввалияи пахта, ки теъдоди онҳо тайи солҳои охир афзудааст, дастрас намудани ашёи хом - пахта аз хоҷагиҳои фермерию деҳқонӣ мушкил гардидааст”.
Воқеан, дар шароити иқлими мусоид дар ҷумҳурӣ соли гузашта аз ҳар як гектар замин ба ҳисоби миёна 6,2 - сентнерӣ кам пахта истеҳсол шуд. Ба замми ин, қисми бештари ашёи хоми ватанӣ ба хориҷи мамлакат бе коркард содирот гардид.
Дар ҷумҳурӣ айни замон 2097 корхонаи истеҳсолӣ сабти ном шудааст. Соли гузашта 127 корхона фаъолият накарда бошад ҳам, тасаллобахш ҳамин аст, ки нисбат ба соли пешӣ шумораи корхонаҳои бозистода 53 адад кам гардид.
Асоси пешрафти корхонаҳо, албатта, рақобат карда тавонистани онҳо дар бозори саноатӣ мебошад. Нархро ҳам бозор муайян мекунад ва кадом корхонае, ки сармоя дорад, бо арзиши муайян ашёи хом мехарад. Корхонаи истеҳсолии “Олим текстайлз” соли 2011 бунёд шуда, бо сабаби  мушкили молиявӣ натавонист кор кунад, аз моҳи феврали соли ҷорӣ бошад, фаъолияти худро бо истеҳсоли калобаи ришта дубора оғоз намуд. Ширкати “Тетис Петролиюм” низ аз қабили онҳост, ки барои истихроҷи нафт дар вилояти Хатлон иҷозатнома дошт, вале натавонист барои анҷоми корҳои иктишофӣ сармояи кофӣ ба даст орад. Ба ин хотир, ширкат бо фурӯши саҳмияҳои худ аз бозори саноати кӯҳӣ берун шуд.
Заробиддин Файзуллозода сармоягузории  Чинро ба иқтисоди  Тоҷикистон мусбат арзёбӣ намуд. Дар бозори саноат, воқеан ҳам, бештар корхонаҳои муштарак муваффақанд. Масалан, ҶММ “Водии Заррин ИА”ва корхонаи коркарди пахта дар ноҳияи  Хуросон. Натиҷаи фаъолияти ин ва дигар корхонаҳои тавлидотист, ки дар се соли охир ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 дарсад афзоиш ёфт. Ҷалби сармояи хориҷӣ, албатта, ба ҳама кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла кишвари мо, зарур аст. Аммо баробари ин, дигар бахшҳои дахлдори соҳаи саноат, хусусан донишгоҳу донишкадаҳои мутааллиқ ба саноати миллӣ, соҳаҳои кишоварзӣ ва  бонкдориро зарур аст, ки корро беҳтар ба роҳ монанд.
- Имрӯз вақти он расидааст, ки дар ҷумҳурӣ дар ҳар як соҳаи саноат ассотсиатсияҳо таъсис дода шаванд ва онҳо тавонанд теъдоди зиёди корхонаҳои соҳавиро муттаҳид намуда, додугирифти ашёи хом, норасоии масъалаҳои молиявӣ ва корхонаҳои марбутаро бо таҷҳизоти муосир ва қисмҳои эҳтиётӣ таъмин намоянд. Омода кардани кадрҳои баландихтисос, пурзӯр намудани алоқаи байни илм ва истеҳсолот, донишгоҳ ва донишкадаҳое, ки барои самтҳои муайяни истеҳсолот мутахассис тайёр мекунанд, бо таҷҳизоти озмоишӣ ва технологӣ таъмин намудани онҳо вазифаҳои муҳими рӯзанд, - гуфт Холназар Иброҳимов. Баҳодур Каримов, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, иқтисодчӣ, дар ин бора иброз дошт, ки омили асосии таъсиррасон ба фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ – фоизи баланди қарзи бонкӣ ба ҳисоб меравад. Хуб мебуд, агар бонкҳо ба соҳибкорони истеҳсолӣ қарзҳои дарозмуддат ва давоми як-ду соли аввал имтиёзҳо диҳанд. Ташкил намудани бонки тиҷоратии давлатӣ низ барои маблағгузории соҳаи саноат ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ хеле муҳим аст. Андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби ҳамаи сохторҳои дахлдор, хусусан Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаест аввалиндараҷа ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии мамлакат ба хотири гул - гулшукуфии кишвари азиз.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2019    №: 44    Мутолиа карданд: 479
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед