logo

Хабарҳо

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Ширкати «Чайна Машинари Индастри Констракшн Групп ИНК (СИНОКОНСТ)»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ният дорад, ки бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маҷмааи корхонаҳои нассоҷии «Сино Тоҷикистон Кӯлоб Текстайл Индастри Парк»-ро ба истифода диҳад.    
Ин матлаб зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва ҳайати соҳибкорони чинӣ таҳти роҳбарии менеҷер оид ба масъалаҳои тиҷоратии ширкати «Чайна Машинари Индастри Констракшн Групп ИНК» Ху Син мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр шуд, ки марҳилаи якум бо маблағгузории 130 миллион доллари ИМА ва марҳилаи дуюм бо маблағгузории 170 млн. доллар амалӣ мешавад. Дар Маҷмааи корхонаҳои нассоҷии «Сино Тоҷикистон Кӯлоб Текстайл Индастри Парк» 5500 ҷойи кор (3750 ҷойи кори мустақим) таъсис дода шуда, дар як сол, тахминан, 35 000 тонна нахи пахта коркард мешавад.
Боиси тазаккур аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии мамлакат тасмим гирифт, то Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ташкил карда шавад.
Айни замон дар мамлакат  минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» амал мекунанд. Фаъолияти онҳо собит намуд, ки МОИ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, боло бурдани иқтидори содиротии кишвар ва ташкили ҷойҳои нави корӣ фишанги муассир аст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 248

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед