logo

Хабарҳо

Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Дирӯз мулоқоти раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо роҳбарони ширкатҳои букмекирӣ баргузор шуд, ки дар он кормандони масъули дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони мақомоти ҳифзу ҳуқуқу тартибот, раёсатҳои андоз ва маориф иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба пешгирии воридшавии ноболиғон ба марказҳои букмекирӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»,  ба муқаррарот ва меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани фаъолияти чунин марказҳо ва амсоли инҳо матраҳ гаштанд.
Рустами Эмомалӣ аз ҷой доштани ҳолатҳои воридшавӣ ва ҷалби ғайриқонунии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба марказҳои букмекирӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, маориф ва ширкатҳои букмекирӣ ҷиҳати сари вақт бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Зикр шуд, ки воридшавии наврасону ҷавонон ба чунин марказҳо хилофи қонун буда, сари вақт пешгирӣ накардани ин омил дар раванди таҳсил, давомоти хонандагон ва мафкураи наврасону ҷавонон, ки дар ташаккули ҷомеаи солим нақши асосӣ доранд, таъсири манфӣ мерасонад.
Роҳбарони ноҳияҳои пойтахт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва масъулини соҳаҳои дахлдор муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо назорати фаъолияти идораҳои букмекириро пурзӯр намоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 206

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед