logo

сиёсат

ШИНОСОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА КАБУДИЗОРКУНӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

5 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои пойтахт бо рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи амалии нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо корҳои сохтмонӣ дар иншооти таъйиноти гуногуни пойтахт, тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, ҳифзи муҳити зист ва омодагӣ ба таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз шинос шуданд.

Тавре мушоҳида мегардад, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешрафти пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол - шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурӣ, сиёсӣ ва фарҳангии сарзамини аҷдодӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Натиҷаи ҳамин аст, ки солҳои охир мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таҳияи нақшаву чорабиниҳо, масъалаи ободонӣ ва таъмини шароити созгори зиндагӣ барои сокинони пойтахт аҳамияти хосса медиҳанд.
Аз рафти тадбирҳои созандагӣ дар ноҳияҳои пойтахт баръало мушоҳида мегардад, ки тавассути корҳои ободонӣ, таҳияи тарҳҳои муосир ҷиҳати сохтмони иншооти гуногун, аз қабили мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои хизматрасонии маишию маданӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва чароғону гулзор кардани кӯчаву хиёбонҳо имрӯзҳо шаҳри Душанбе ба як макони дилфиреб, шаҳри сулҳу ваҳдат, хонаи умеди тоҷикону тоҷикистониён мубаддал гардидааст. Боғҳои фарҳангию фароғатии бо тарҳи зебо сохташуда таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб кардаанд.
Солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон навъҳои гуногуну нодири дарахтони бисёрсолаи ороишию сояафкан ворид карда, дар шоҳроҳҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва марказҳои фарҳангию фароғатии пойтахт шинонда мешаванд. Гулу буттаҳо ва дарахтони ороишии воридшуда ба маҳалҳо ҳусни тоза мебахшанд ва ҳам барои саломатии инсон фоидаоваранд.
Дар оғози фасли зебои баҳор ба хотири истиқболи сазовори Наврӯзи байналмилалӣ ва вусъати корҳои ободонӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маъракаи ниҳолшинонии назди масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе иштирок карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит шинос шуда, дар ҳудуди масҷид якчанд дарахти заранг шинонданд.
Бо супориши Президенти мамлакат дар асоси нақшаи сохтмони масҷиди ҷомеъ дар ин ҷо дарахтони магнолия, магнолияи баргпарто, каталпа, заранг, коҷ, олуи ороишӣ ва тӯс шинонда шудаанд.
Зимни ҳар як боздид аз ин масҷид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми корҳои ободонию кабудизоркунии майдони назди он масъулони корҳои сохтмониро вазифадор мекунанд.
Саҳни ҳавлӣ, роҳраву дигар мавзеъҳои атрофи иншоот бо тарҳи хеле зебо оро дода мешаванд. Барои ин бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаву тарҳҳои муосир таҳия гардидаанд. Атрофи бино чароғон карда шуда, фаввораҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ ба муҳити ин ҷо бояд ҳусни тоза бахшанд.
Баъди шинондани ниҳолҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъати бештари корҳои ободонии ҳудуди масҷиди ҷомеъ ва даромадгоҳҳои иншоот ба мутахассисон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24 феврал Сарвари давлат бо иштирок дар маъракаи бунёди боғи нави интенсивӣ ва ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба мавсими корҳои баҳорӣ оғоз бахшиданд. Акнун шаҳрвандони мамлакат бояд бо истифода аз ҳар рӯзи мусоид баҳри истиқболи Наврӯз корҳои ободонӣ, созандагӣ ва ниҳолшинониро вусъат бахшанд.
Баъди шинондани ниҳол дар саҳни ҳавлии масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғи “Наврӯзгоҳ” - и пойтахт бо нашъунамои дарахтон ва корҳои ободонии ин мавзеъ шинос шуданд.
Боғи “Наврӯзгоҳ” дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст. Дарахтони зебою нодири боҳашамати ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳое, ки аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар ба ин ҷо оварда шинонда шудаанд, аз ороишоти асосии ин боғ ба шумор мераванд. Дар боғ дарахтони сарв, калина, туя, ёс, ҷалғӯза, пихта, каталпа, можевелник, татум, магнолияи ҳамешасабз, чинор, тӯси маҳаллӣ, шоҳбулут, заранги сурх, зирк, лигуструм, сарв, маҷнунбед ва гули садбарг шинонда шудаанд.
Боғи пур аз дарахтони зебо дар шафати “Наврӯзгоҳ”, ки макони асосии баргузории тантанаҳои идонаи “Наврӯз”, “Ваҳдат”, “Истиқлолият” ва дигар идҳои бузурги миллӣ аст, ҷойгир мебошад. Аз ин рӯ, Сарвари давлат ба коргарони боғ супориш доданд, ки ба масъалаи тозагии атроф, нигоҳубини дарахтон ва корҳои ободонӣ диққати махсус диҳанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.03.2019    №: 48    Мутолиа карданд: 328
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед